Мардони зиндагӣ вайронкун “1”

54

Барои доштани як издивоҷи муваффақ милокҳои бисёр муҳимро бояд дар назар гирифт, ки шояд камтар касе ба онҳо таваҷҷуҳ мекунад ва баъд аз гузашти замон мутаваҷҷеҳи иштибоҳ дар интихоби худ мешавад. Усулан занон ба сӯҳбатҳо ва гуфтаҳои мардон такя мекунанд ва ба роҳатӣ эътимоди худро нишон медиҳанд ин дар ҳоле аст, ки мардон рафтори занонро милоки эътимод ба онҳо қарор медиҳанд ин асл собит мекунад, ки занон роҳаттар метавонанд мавриди фиреб қарор гиранд, аммо ба дур аз тамоми инҳо бояд қабл аз издивоҷ диққати боло дар шинохти ҳамсари оянда ба кор гирифта шавад ва танҳо бо такя ба як даста калимот ва таърифҳо ояндаи худро хароб накунед.

Интихоби шарики зиндагӣ шӯхӣ нест , издивоҷ бо фарди нодуруст метавонад зиндагии шуморо хароб кунад. Қарор гузоштан бо писарони бад ва писарони бемасъулият қабл аз издивоҷ шояд муҳим набошад, аммо издивоҷ бо онҳо бадтарин иштибоҳе аст, ки метавонед анҷом диҳед.

Издивоҷ бо фарди муносиб зарурӣ аст, ва чун мо воқеан ба шумо аҳамият медиҳем, дар ин бахш тасмим гирифтем анвои мардонеро, ки ҳаргиз набояд бо онҳо издивоҷ кардро муаррифӣ кунем. Аҳамият намедиҳем, ки ӯро чиқадар дӯсташ доред, чиқадар хушлибос аст ё чиқадар пулдор аст, бо ӯ издивоҷ накунед.

Мардони дурӯғгӯ

Оё ӯ дар мавриди чизҳои кӯчак дурӯғ мегӯяд? Инҳо чизҳои кӯчаке аст, ки бо гузашти замон бузург мешаванд. Агар шумо наметавонед ҳар чизеро, ки мегӯяд бовар кунед, пас бо ӯ издивоҷ накунед.

Мардони хасис

Ин мард либоси хуб ва мошини хубе дорад аммо ҳар бор, ки шумо дӯстон бо ҳам берун меравед, ӯ иддао мекунад, ки кифи пули худро фаромӯш карда ва аз шумо мехоҳад, ки пулашро пардохт кунед. Ӯ ҳамчунин ба таври мудовим аз шумо кам-кам пул қарз мегирад ва қавл медиҳад, ки бозгардонад.

Харҷ ва ҳазина бахши ҷудоинопазири зиндагӣ аст албатта то ҳадде, ки мунҷар ба велхрҷӣ нашавад ва исрофро ба ҳамроҳ надошта бошад. Мардони хасис бо ҳазинаҳои зарурӣ ҳам мухолифат мекунанд ва бо эҷоди тангноҳои мушкилот зиндагиро ташдид мекунанд.

Пуркории беш аз ҳад, марде, ки ҳамаи зиндагиаш кораш аст

Ин писари бузург, сахткӯш ва муваффақ аст, аммо кори ӯ доиман аз шумо муҳимтар аст , ҳамеша дар ҳоли сафар аст ва қарорҳоятонро лағв мекунад. Ҳар замоне, ки аз ӯ мехоҳед, ки бо волидайни шумо мулоқот кунад, ба наҳве анҷом намедиҳад. Агар бо ӯ издивоҷ кунед, аз назари молӣ ба шумо кумак мекунад, аммо аз бисёре ҷиҳатҳо норозӣ хоҳед буд.

Писари вобаста ба падар ва модар

Ин мард шигифтангез аст , ӯ медонад, ки чигуна аз як зан муроқибат кунад ва ба дурустӣ иртибот барқарор кунад. Танҳо мушкил ин аст, ки рисмони пурранги вобастае бо модараш дорад ва ба таври мудовим ҳама чизҳоро ба модараш мегӯяд. Агар бо ӯ издивоҷ кунед, бо модари ӯ низ дар издивоҷи шумо нақши асосӣ дорад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.