Хонаводаи солим чӣ гуна хонаводае аст?

89

Истифодаи аз вожаҳои хубу коромад барои тавсифи хонаводаҳое, ки ба назар, сарпараст ва аъзои онҳо вазоиф ва масъулиятҳои худро анҷом медиҳанд, наметавонад ба маънои солим будани он хонавода бошад. Вақте мегӯем хонаводаи хуб ва корое ағлаб манзур ин аст, ки мо ҳамеша барои хобидан сақфе рӯи сар ва хӯроке барои хӯрдан доштаем, мактаб рафтаем ё меравем ва дар фурсатҳои хоссе дар канори падару модари худ будаем. Бидуни шак, вуҷуди чунин шароите дар хонавода зарурӣ аст, аммо барои як хонаводаи солим ин шароит кофӣ нест.

Хонаводаи ниёзҳое фаротар аз маскану хона, хӯрок, таҳсил ва ҳатто амнияти ҷисмӣ ва ҷинсии аъзои худро бароварда месозад. Аъзои хонавода бахусус кӯдакон ба навозиш, дар оғӯш гирифтан, шунида шудан ва мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифтанниёз доранд. Мо эҳсосҳое дорем, ки лозим аст ба онҳо имкон дода шавад то ошкор шуда ва пазируфт а шаванд, чизҳоеро аз даст дода ва медиҳем, ки ниёз дорем барои онҳо сӯгворӣ кунем, мо ба садоқат ниёз дорем то битавонем худи ҳақиқиамонро ошкор кунем ва халлоқона зиндагии маънавӣ дошта бошем. Хонаводаи солим ба ҳамаи аъзои худ имкон медиҳад, ниёзашонро бароварда кунанд.

Ҳидоят ва ҳимояти ҳамсар

Хонаводаи носолим чӣ гуна хонавадае аст?

Хонаводаи носолим он хонаводае нест, ки ошкоро ғайритабиӣ, бад ва нокоромад бошад, балки баръакс хонаводаи носолим бештар табиӣ ва хуб ба назар мерасанд. Ин хонаводаҳо дар зоҳир худро хуб ҷилва медиҳанд. Онҳо барои тазоҳур, дурӯғу фиребгшариро, ки аз он ба унвони “зарангӣ” ёд мекунанд, бештар аз садоқат, арзиш қоил мешаванд. Баддаҳнӣ, пархошгарӣ, танбеҳ ва сарзаниш дар ин хонаводаҳо одӣ аст. Онҳо ба доштан ва ба даст овардан ва ба таври куллӣ ба ҷазб ва тасоҳуби беқайду шарти ҳар он чӣ дар дунёи берун аз худи фард аст, бештар аз будан ва ҳамоне, ки дар воқеъ ҳастанд, аҳамият медиҳанд.

Фарзандон ва аъзои чунин хонаводаҳо ба лиҳози ҷисмӣ ба шакли калонсолоне дармеоянд, ки фақат нақши одами салонро бозӣ мекунанд, бидуни ин ки аз дарун рушд карда ва бузург шуда бошанд. Бинобар ин онҳо “кӯдакони бузургсол” номида мешаванд. Яъне касоне, ки аз дарун эҳсоси халаъ ва пучӣ мекунанд ва ба сахтӣ дар талошанд ин халаъро ба тариқи носолим пур кунанд.

Маъмулан дар хонаводаҳои носолим, ки волидайн ва сарпарасти хонавода, худ кӯдакони бузургсоли хонаводаҳои носолим ҳастанд, қавонини тақрибан пинҳон ва ба сурати ногуфтае ба иҷро дармеояд, ки бештар дар хидмати бароварда кардани ниёзҳои ирзонашудаи волидайн аст то фарзандони онҳо.

Хонаводаҳои масъаладолр масоили худро инкор мекунанд ва ба ҳамин хотир, масоил ва мушкилоти онҳо ҳаргиз ҳал намешавад.

Бинобар ин вожаҳои табиӣ ва хуб, ки аз рӯи одат истифода мешаванд, наметавонанд баёнгари саломати хонавода бошанд. Аз ин рӯ, муносиб аст, барои тавсифи хонаводаҳо аз водаҳои солим ё носолим истифода кунем.

Ҳадиси тарбият

Хонаводаи солим чӣ вижагиҳое дорад?

1 – Аъзои хонаводаи солим аз панҷ навъ озодӣ барҳраманд ҳастанд:

а) Озодии дидан, шунидан ва тасаввур кардани ончӣ ҳоло инҷост, ончӣ қаблан буда ва баъдан хоҳад буд.

б) Озодии андешидан ба ончӣ шахс меандешад, н аончӣ бояд биандешад.

в) Озодии эҳсос кардани ончӣ шахс эҳсос мекунад, на ончӣ бояд эҳсос кунад.

г) Озодии хостан ва интихоб кардани ончӣ шахс мехоҳад, на ончӣ бояд бихоҳад.

д) Озодии тасаввур кардани худшукуфоӣ ва на ифои нақши инъитоф ва риояти домани эҳтиёт.

2 – Ибрози самимият:

Издивоҷ ба унвони муҳимтарин бахши хонавода бояд дар ҷиҳати смимӣ шудан бошад. Ин фароянд мароҳили зерро тай мекунад: дӯст доштан (ишқ варзидан), ҳаллу фасли ихтилофҳо, мусолиҳа, бартар дидани маъшуқ ва самимият.

Самимият яъне аъзои хонавода битавонанд бидуни тарсу воҳима, иштибоҳот ва асрори худро барои ҳам матраҳ кунанд ва касе аз иштибоҳот ва асрори онҳо сӯистифода накунад.

3 – Музокира дар бораи тафовутҳо:

Музокира дар мавриди тафоутҳо вазифаи муҳимме дар фароянди эҷорди самимият аст. Барои музокира бар сари тафавутҳо бояд майл ба ҳамкорӣ вуҷуд дошта бошад то ҳаллу фасли мунсифонаи масоли имконпазир бошад.

4 – Иртиботи рӯшану созгор:

Иртиботи рӯшан ва созгор дар самимият нақши асосӣ дорад. Барқарории иртиботи рӯшан мусталзими огоҳ будан аз худ ва аз дигарӣ ва низ эҳтиром гузооштан ба якдигар аст.

5 – Эътимод кардан:

Эътимод бар асари садоқат эҷод мешавад. Ошкор сохтани саҳеҳи эҳсосот, отифа, афкор ва майл муҳимтар аз мувофиқат аст.

6 – Мунҳасир ба фард будан ва дорои шахсият будани аъзои хонавода:

Дар хонаводаҳои солим тафовутҳо ташвиқ мешаванд. Мунҳасир ба фард будан ва такрор нашудани ҳар як аз афроди хонавода, аз ҷумлаи нахустин арзишҳои ҳоким бар хонаводаҳои солим аст.

7 – Инъитофпазирӣ:

Дар хонаводаҳои солим, аъзои хонавода бо ҳам канор меоянд, гоҳе авқот ба хотири ҳамдигар, азхудгузаштагӣ нишон медҳианд. Дар ин гуна хонаводаҳо нақшҳо боз ва инъитофпазир ҳастанд. Афрод метавонанд бидуни хиҷолат ва шармсорӣ ба майли хотири худ рафтор мекунанд.

8 – Бароварда шудани ниёзҳо:

Хушбахт касоне ҳастанд, ки ниёзҳояшон бароварда мешавад. Хонаводаи солим ба ҳамаи аъзои худ имкон медиҳад,Ю ниёзашонро бароварда кунанд.

9 – Посухгӯӣ:

Хонаводаи солим посухгӯст. Масоили фардӣ ва хонаводагиро таъйид мекунад ва ба иттифоқ барои ҳалли онҳо мекӯшад.

10 – Қонунҳо боз ва инъитофпазиранд:

Қонунмандӣ дар хонаводаҳои солим ба имкони бурузи иштибоҳ таваҷҷӯҳ даорд. Метавон бар сари қавонин ва боварҳо музокира кард ва дар сурати лузум, ба тасҳеҳи онҳо пардохт.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.