Бар табл шодона бикӯб!

58

 Бар табли шодона бикӯб! Инсонҳо метавонанд ба чанд иттифоқи содда шодтар бошанд.

Меҳрубон буданро тамрин кунед

Меҳрубон будан, чӣ нисбат ба дӯстон ва ошноёнатон ва чӣ нисбат ба ғарибаҳо, боис мешавад, ки ҷуйборе аз эҳсосоти мусбат дар даруни шумо ҷорӣ шавад, илова бар инки эҳсос мекунед ризояти Худоро ба даст овардаед, эҳсос мекунед, ки бахшанда ва тавоно ҳастед. Ҳамчунин меҳрубонӣ сабаби рафтори беҳтар ва дӯстонатари дигарон бо шумо мешавад ва ба интртиб равобити беҳтаре бо дигарон барқарор кардаед.

Маззаи зиндагиро бичашед

Аз лаҳзаҳои ширин ва зудгузари зиндагии худ ғофил набошед; аз нӯшидани як чой доғ дар сармои замистон лаззат бубаред. Ба обдор будан ва ширинии як тут сурх ҳангоми хӯрдани он таваҷҷуҳ кунед. Гоҳе ҳангоми бориши борон, ба зери борон биравед ва бигузоред, ки эҳсосатон ҳаво зебо бихӯрад ва…, шумо бояд аз ҳамаи неъматҳое, ки Худо дар ихтиёратон қарор дода бештар истифода кунед!

Қадрдон бошед

Аз ҳамаи касоне, ки нисбат ба онҳо эҳсоси дайн мекунед, ҳамаи касоне, ки барои шумо заҳмат кашидаанд ва хидмате ба шумо кардаанд, ташаккур ва қадрдонӣ кунед. Нисбат ба Худованд ба хотири ҳамаи неъматҳое, ки ба шумо додааст шукргузор бошед.

Барои хонавода ва дӯстонатон вақт ва энержӣ сарф кунед

Яке аз муҳимтарин авомили таъсиргузор дар эҳсоси ризояти шумо дар зиндагӣ ва дар натиҷа шодии бештар, кайфияти равобит миёнфардии шумост, пас барои барқарории равобити хуб бо дигарон ва беш аз ҳама хонаводатон, лозим аст, ки вақт ва энержии худро сарф кунед.

Аз баданатон муроқибат кунед

Ба андозаи кофӣ бихобед. Ба таври муназзам варзиш кунед. Саъй кунед режими ғизоии саҳеҳ ва комил дошта бошед. Ба зоҳири худ расидагӣ кунед ва ҳамеша лабханд ба лаб дошта бошед!

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.