Ба ин 3 далел телефонатро ба баччаатон надиҳед

68

Мутаассифона баъзе аз падару модар барои ин ки баччаашонро аз сари худ боз кунанд ва ӯро сокит нигаҳ доранд, телефонро ба дасти ӯ медиҳанд, то бо он саргарм шавад. Аммо оё дӯст доред фарзандатонро ба қимати аз даст додани саломатиаш саргарм кунед?

Телефон, таблет, телевизион, кампютер аз ҷумала абзоре ҳастанд, ки зиндагии ҳаррӯзаро дар чанбараи худ қарор додаанд. Мо чӣ бихоҳем ва чӣ нахоҳем техналогия бо гомҳои баланд дар ҳоли гузар аст ва ҳеҷ кадоми аз мо низ наметавонем аз он фирор кунем. Аммо бузургтарин мушкил, нигаронӣ аз ҳол ва рӯзи баччаҳое аст, ки ин рӯз ғарқи дар техналогия шудаанд. Ин масъала ҳамеша ҷанҷол барангез будааст.

Гуруҳе бар ин бовар ҳастанд, ки бояд бо замона пеш рафт ва дарҳоро ба рӯи техналогияҳои ҷадид боз кард. Аммо гурӯҳи дигар мехоҳанд баччаҳояшон ҳадди ақал то даҳ ё давоздаҳсолагӣ аз ҳайюлои техналогия дар амон бимонанд.

Шумо ҷузъи кадом дастаи падару модар ҳастед? Оё нигарони таъсироти ин абзори рӯи саломатии фарзандонатон ҳастед ва ё ин ки савори бар ин мавҷи техналогия шудаед ва пеш меравед?

Мутаасифона баъза аз падару модар барои ин ки битавонанд баччаҳоро аз сари худ боз кунанд ва онҳро сокит нигаҳ доранд, ин абзор ва ба хусус телфони ҳамроҳро ба дасти онҳо медиҳанд. Аммо бояд бидонанд кори бесару садо ба саломатии баччаҳо осиб мезанад.

Дар ин матлаб се далели хуб меоварем то қонеъ шавед, ки телефони ҳамроҳро аз дасти баччаҳо бигиред.

  1. Мушкили фарбеҳии баччаҳо шухӣ нест

Натоиҷи пажӯҳишҳои зиёде нишон медиҳад, ки истифода аз телефони ҳамроҳ сабаби ба вуҷуд омадани фарбеҳӣ дар баъза аз бузургсолон ва ба хусус баччаҳо мешавад.

Ин рӯзҳо телефонҳои ҳамроҳ, ҳатто то сари суфра ва мизи ғазо низ омадааст. Хеле аз баччаҳо сари мизи ғазо низ бо телфони ҳамроҳ машғул ҳастанд ва дар ҳини ғазохурданд бо он бозӣ мекунанд. Ин кор сабаби осеби ҷидди ба рафторҳо ва одатҳои ғазоӣ мешавад, ба хотири ин ки онҳо вақти кофӣ барои ҷавидани ғазоӣ намегузоранд ва ҳеҷ тамаркузе рӯи рафтор худ надоранд.

Ин мушкилро ба бетаҳарукӣ ва якҷо нишастани онҳо ва бозӣ бо телфон илова кунед. Хоҳед дид, ки истифодаи зёд аз телфони ҳамроҳ ба таносуби андом ва вазини муътадили бачччаҳо раҳм намекунад.

Бояд бидонед, ки тибқи омроҳои ҷаҳонӣ 30% кӯдаконе, ки зиёд бо тлефони ҳамроҳ бозӣ мекунанд дучори фарбеҳӣ ҳастанд. Диққат дошта бошед, ки агар баччаҳо ба истифодаи зиёд аз телефони ҳамроҳ одат кунанд, ба сахтӣ метавонед онҳоро ба зиндагии оддии ҳаррӯза баргардонед.

  1. Баччаҳо дар ҳолати амвоҷи хатарноканд

Бидонед ва огоҳ бошед, ки телефонҳои ҳамроҳ дорои амвоҷи хатарноке ҳастанд, ки саратонзо аст. муҳақиқони донишгоҳи Беркуллӣ ба ин натиҷа расидаанд, ки амвоҷи телфонҳои ҳамрҳо барои баччаҳо ду барбари хатаркотар аст. Мағзи навзодон ва кӯдакони кам сину сол амвоҷи бештареро ҷазб мекунад. Девораҳои устухони мағзи кӯдакон нозуктар ва ҳассостар аз бузургтарҳост. Ба ҳамин далел низ осеби бештаре мебинанд.

Дар натиҷа тавсия мекунем то ҳадди имкон баччаҳоро аз телефони ҳамроҳ дур кунед. Замоне ки бо онҳо машғули бозӣ ҳастед, телефони ҳамроҳ надошта бошед.

Барои дур кардани худ ва фарзандонатон аз осеби мавҷҳо, ба тавсияҳои зер амал кунед:

– Шабҳо ва ҳангоми хоб телефони ҳамроҳро зери болшит ё рӯи мизи потахтӣ қарор надиҳед. Беҳтарин кор ин аст, ки шабҳо телефони ҳамроҳатонро хомӯш кунед.

-То ҳадди имкон телефони ҳамроҳатонро дохили ҷебатон қарор надиҳед.

– Агар наметавонед дар баробари исрори фарзандонатон барои истифода аз таблет ё телефони ҳамроҳ ва ғайр муқовимат кунед, барои онҳо соати хоссе мушахас карда ва маҳдудият эҷод кунед. Беҳтар аст онҳоро ба бозиҳои дигар ташвиқ кунед. Барои ин кор лозим аст, ки худатон чаннд соат аз техлналогия берун биёед ва соатеро танҳо барои бозӣ ва истироҳат бо баччаҳо ихтисос диҳед.

  1. Телефони ҳаром одатовар аст

Хеле аз мо тасавур мекунем, ки одат фақат бо масрафи моводи мухаддир эҷод мешавад. Аммо одат карданд ба ҳар абзор ё василае низ метавонад сабаби ба вуҷуд омадани одат ба он шавад.

Диққат дошта бошед, ки баччаҳо усули зиндагии иҷтимоъиро аз ҳамон сини поин ёд мегиранд. Ба ҳамин далел муҳим аст, ки онҳо ба доштани равобити иҷтимоӣ ба дур аз муколамот дар войбер ва нармафзорҳои дигар ташвиқ кунед.

Диққат дошта бошед, ки агар баччаҳо ба истифодаи зиёд аз телефони ҳамроҳ одат кунанд, ба сахтӣ метавонед онҳоро ба зиндагии одии ҳаррӯза баргадонед.

Ба хотири ин ки баччаҳо хеле зуд ба тамос бо дӯстонашон дар дунёи маҷозӣ, бозӣ бо телефони ҳамроҳ, нигоҳ кардан ба филмҳо ё мултфилмҳо дар телефони ҳамроҳ ва ҷусту ҷӯ кардан ва гаштан дар интернет одат мекунанд ва тамоми ин маворид ба саломатии ҷисмӣ ва рӯҳи онҳо осеб мезанад.

Илова бар ин бояд бидонед, ки истифода аз телефони ҳамроҳ дар хоби баччаҳо низ халале эҷод мекунад. Натоиҷи пажӯҳише, ки дар соли 2012 донишгоҳи Бустун анҷом шудааст нишон медиҳад 75% донишомӯзони 9 то 10 сол, ки аз телефони ҳармоҳ истифода мекунанд ба дурустӣ ба мизони кофӣ намехобанд.

Ҳавосатон бошад, ки чанд соат қабал аз хоби баччаҳо, ҳаттман телефони ҳамроҳро аз дасти онҳо бигиред. Ба таври куллӣ бояд гуфт: То ҳадди имкон баччаҳоро аз телефони ҳамроҳ дур карда ва онҳоро ба таҳаруки баданӣ бештар ташвиқ кунед.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.