Бо ин шароит метавонед барои кӯдаконатон телефон бихаред

33

Дар ҳоли ҳозир алоқаи кӯдакон ба ҳузур дар фазои маҷозӣ, нигарониҳоеро эҷод кардааст, ки танҳо роҳи ҳалли он назорати усулӣ бар фаъолияти онҳо ва ироаи саргармиҳои ҷойгузин аст.

Бо тавсиаи интернет дар ҷаҳон, синни истифода аз он бисёр поин омадааст. Бар асоси гузоришҳо аз ҳар се корбари интернет дар ҷаҳон, як нафар кӯдак аст; кӯдаконе, ки имрӯз бозичаҳояшон ба арусак ва мошин маҳдуд намешавад. Телефон, таблет ва кампютер барои кӯдакони имрӯзӣ ба қадре ҷаззоб аст, ки бо суръат ҳайратоварии кор бо ин василаҳоро ёд мегиранд.

Аксари кӯдакон майли зиёде ба бозиҳои кампютерӣ ва онлайн доранд. Дар дунёи ҳозира, наметавонем кӯдаконро ба кучаҳо бифиристем, то бо ҳам синну солонашон ҳамчун қадим дучархасаворӣ ва ҳафтсангбозӣ кунанд ва наметавонем онҳоро маҷбур ба мондан дар хона кунем пас падару модар бояд дар айни эҳтиром ба салиқаҳои кӯдакон, бар фаъолияти фарзанди худ назорат дошта бошанд.

Нақши падару модар дар мизони алоқамандии кӯдакон ба фазои маҷозӣ

Мутассифона имрӯз бетаваҷҷуҳӣ  ба масъулияти фарзандпарварӣ дар байни падару модар ба шиддат дида мешавад.  Онҳо бо саргармкардани фарзандонашон бо телефон, ба корҳои шахсии худ мепардозанд ва ба масоили тарбиятии кӯдак камтар таваҷҷӯҳ мекунанд.  Дар ҳоле ки падару модар муҳимтарин улгу барои кӯдакон ҳастанд ва сабки зиндагии падару модар нақши зиёдеро дар саломати ҷисмӣ ва равонии кӯдак дорад. Падару модаре, ки вақтҳои фароғатии худро дар фазои маҷозӣ мегузаронад, нохудогоҳ ин боварро ба кӯдак талқин мекунад, ки ӯ ҳам метавонад бо телефон саргарм шавад.

Равоншиноси кӯдак ва навҷавон мегуяд, гуфтугӯ накардани падару модар бо кӯдакон ва ҳамчунин такфарзандиро яке аз илаттаҳои рӯи овардани кӯдакон ба фазои маҷозӣ медонад ва дар ин бора мегӯяд: “Коҳиши иртиботи каломӣ дар хонаводаҳои кам ҷамъият сабаби ҳокимияти дунёи маҷозӣ ва расонаҳо шудааст. Кӯдаке, ки аз танҳои ранҷ мебарад, барои фирор аз сукути ҳоким дар хона ба дунболи ҷойгузнӣ барои вақтҳои фарроғатии худ аст.  Дар натиҷа ба телевизион, ҳаяҷони козиби бозиҳои кампуютерӣ ва шабакаҳои маҷозӣ рӯ меоварад”.

Ин коршиноси кӯдак ва наҷавон мегӯяд: “Мутаасифона падару модар телефони ҳамроҳро барои фазндашон таҳя мекунанд, аммо тарзи истифода аз онро омӯзиш намедҳанд. Агар онҳо бар фаъолиятҳои кӯдак дар фазои маҷозӣ назорат дошта бошанд ва соати муаянро барои истфода аз телефон барои ӯ таъйин кунанд, мушкиле эҷод намешавад”.

Муддат замони истифода аз телфон барои кӯдакон дар рӯз чӣ қадар аст?

Тибқи таҳқиқоти окадемиии омрикоӣ кӯдакон набояд қабл аз 18 моҳагӣ дар дидӣ расона аъам аз радио, телевизион, рӯзнома ва интернет ва… қарор гиранд. Ҳамчунин кӯдакони ду то панҷ сол, набояд рӯзона беш аз як соат аз телфон истифода кунанд.

Муҳаққиқон эълон кардаанд, ки агар кӯдаке бештар аз ду соат дар рӯзро сарфи телефони худ ё тамошои телевизон кунад, дар ҳолати хатар ва осеби мағзӣ қарор мегирад ҳамчунин ҳисобот нишон медиҳад, ки кӯдаконе, ки аксари вақти худро сарфи дивойсӣ электроникӣ ё тамошои телевизон мекунанд, амалкарди шинохти ҳудуан 5 % заифтаре нисбат ба дигар кӯдакони 8 то 11 сола доранд.

Тарзи назорат бар фаъолияти кӯдакон дар фазои маҷозӣ

Дар ҳоли ҳозир кӯдакон ба ҳузур дар фазои маҷозӣ, нигарониҳоеро барои падару модар эҷод кардааст, ки танҳо роҳи ҳали он назорати усулӣ бар фаъолияти онҳо ва ироаи саргармиҳои ҷойгузин аст.

Ин равоншиноси кӯдак, ишора мекунад: “Падару модар бояд улгуи муносибе барои фарзандон бошанд, замоне ки падару модар дар баробари кӯдак аз филтершикан истифода мекунанд. Ӯ эҳсос мекунад чизи ҷазобе аст; диққат кунед ҳисси бедорӣ ва шунидорӣ дар ёдгирии кӯдакон бисёр муҳим аст ва онҳо аз ин тариқ ба суръат ҳама чизро ёд мегранд, лизо падару модар бояд худашон аз фазои поки интернет баҳраманд шаван то кӯдаконашон ҳам аз онҳо ёд бигиранд«.

Чигуна метавон кӯдаконро аз интернети пок баҳраманд  кард?

 Манзур аз интернети пок, истифодаи солим ва дуруст аз интернет аст; ба сурате, ки дар он хабаре аз фесбук, Ютуб, шабакаҳои иҷтимоӣ, твиттер ва муҳтавиёти носолим нест.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.