Вазифаҳои мардон дар зиндагии бо ҳамсар – қисмати аввал

58

Бахшиш пурсиданро айб надонед!

Агар ҳар зани шавҳардорро савол кунед, ки дар вақти ҷанг кардан бо шавҳаратон чи чиз шуморо бештар озор медиҳад, бисёри онҳо ҷавоб медиҳанд, ки аз ҳама мардаки ман иштибоҳу хатогии худашро қабул намекунад. Ин як ҳақиқат аст, ки бештари мардон, намехоҳанд бахшиш пурсанд ва хатогии худро қабул кунанд. Агар бахшиш пурсидани дӯстона ва бо дили рост бошад, ҷангу ҷанҷолҳо зудтар ҳал мешавад. Мо бояд қабул кунем ки дар ҳар ҷангу низоъ, ҳар ду тараф айбдор ҳастанд, ки бояд ҳар ду тараф ба андозаи хатогии худ бахшиш пурсидану узрхоҳиро дошта бошанд.

Аз гуфтани калимаҳои “мутаассиф шудам”, “бубахшед”, “ин хатогиро тарк мекунам” ва ….. натарсед ва онро бо роҳатӣ ва дар ҷойи худаш бигӯйед.

Панҷ вазифаи зану шавҳар – қисмати севвум

Ҳамсаратонро бо дигарон муқоиса накунед!

Яке аз чизҳое, ки занҳо хело аз он бадашон меояд, муқоиса шуданашон бо занҳои дигар аст. Инро бидонед, ки муқоиса кардан заҳри нобудкунандаи робитаҳо аст ва дар вақте, ки ду тараф фелу ғазаб мекунанд, сар мекунанд ба муқоиса кардан. Ҳатто агар касе бо дили рост, бе фелу ғазаб зани худро бо дигар зан муқоиса кунад, боз ҳам ҳам занон ин муқоиса шудан бо зани дигарро дӯст надоранд ва ҳамин ҳам зиндагиро вайрон мекунад.

Ҷавон ва интиқодпазирӣ

Вақте, ки шумо мехоҳед занатонро бо дигарӣ муқоиса кунед, ба ин фикр кунед ки оё худатон дӯст дорид, ки занатон шуморо бо як марди дигар муқоиса кунад? Маълум аст, ки дӯст надоред! Барои ҳамин ин корро тарк кунед.

 

Хонаводаи намуна

Вазифаҳои мардон дар зиндагии бо ҳамсар – қисмати дуввум

Вазифаҳои мардон дар зиндагии бо ҳамсар – қисмати севвум

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.