Ҳушдорҳои марг

205

Деҳотии ҷавоне дар холе, ки досашро бар шона андохта буд, дар роҳи бозгашт аз зиротгоҳ, маргро мушоҳида кард. Бо тарс ва ваҳшат аз ӯ пурсид: Чӣ мехоҳӣ? Ман ҳануз ҷавонам, чаро бидуни ин ки аз пеш маро бо хаббар созӣ ба дунболи ман омадӣ? Марг гуфт: Осуда бош. Ин ту нестӣ, ки ман ба хотираш омадаам, балки ҳамсояи риш сафеди туст. Ман бе хабар ба суроғи ту нахоҳам омад.

Пас он мард бо хаёли осуда ба хонааш боз гашт. Ҳамон шаб ба ҷашне рафт. Дар онҷо бо духтари ҷавони зебое ошно шуд. Духтар мавриди писанди қарор гирифт. Бо ҳам издвоҷ карданд ва соҳиби фарзандоне шуданд. Фарзандонашон бузург шуданд. Солҳо гузашт.

Шабе дар ҳоле ки аз зироатгоҳ мегузашт, ду бора маргро дид. Бо сархӯшӣ ба ӯ солом кард боз фикр мекард, ки ҳатман барои яке аз ҳамсояҳо омадааст на барои ӯ.

Вале марг ин бор ба суроғи ӯ омада буд. Мард гуфт: Аз ман чӣ мехоҳӣ? Даст бардор! Хуб медонӣ, ки ман дар ҳоли анҷоми вазифа ҳастам дар зимн ту ба ман қавл додӣ, ки бидуни хабари қаблӣ ба суроғи ман наёӣ!

Марг гуфт: Чӣ тавр метавонӣ ин ҳарфро бизанӣ? Ман на як бор балки садҳо бор ба ту хабар додам он ҳангом худатро дар оина нигоҳ мекардӣ ва муҳоятро медидӣ, ки кам-кам сафед ва пинаҳои суртат бештар ва амиқтар мешаванд. Он вақте дар зироатгоҳ роҳ мерафтӣ ва нафс-нафас мезадӣ ва мафсалҳоят дард мегирифт. Чӣ тавр метавонӣ бигӯӣ аз қабл ба ту хабар надодаам! Пас ӯро дар оғӯш гирифт ва бо худ бурд.

Мардуми кишвар Эстония зарбулмасале доранд, ки мегӯяд: Марг дар пеши чашми пирамард аст ва пушти сари ҷавон. Оё ҳамаи мо ба ҳақиқати марг эътироф надорем ва ин ки дер ё зуд моро ба худ хоҳад бурд? Бо ин вуҷуд чаро ҳар вақт биёяд мегӯем нобаҳангом буд? Ёдамон наравад, ки марг наздиктарин чиз ба мост ва рӯи шонаҳои мо нашистааст.

 

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.