Ҷойгоҳи қалб ва ақл дар интихоби ҳамсар

97

Аз асоситарин масоили издивоҷ дар бахши интихоб ҳамсар, маҷолиси хостгорӣ ва одоби он аст. Агар ҷавонони азиз дар чигунагӣ ва одоби хостгорӣ диққати лозимро надошта бошанд, чӣ басо ба далели адами риояти як масъалаи бисёр кӯчак муваффақ ба интихоби муносиби худ нашаванд ва бо вуҷуди инки фарди мавриди назар худро ёфтаанд ва тамомии шароити як ҳамсари идаолро дар он муҷассам дидаанд, ба далели равиши ғайр мутаораф, он фардро аз даст бидиҳанд. Ва чӣ басо ба акси мавриди зикршуда, фарди номуносиб ва ношоист, ки худро фарди муносиб ҷилва диҳад, дар пеши духтар ва ё писари ҷавон хуб дониста шавад ва издивоҷи номуносибе сурат гирад ва ба думболи он, мушкилоти мутааддид на танҳо барои он ду, ки барои хонавода ва ҳатто фомили тарафайн ба вуҷуд ояд. Аз ин рӯ, ба мабоҳиси ин бахш таваҷҷуҳи дақиқе дошта бошед то бо амал намудан ба ин одоб, ба матлуби худ даст ёбед.

Ҷойгоҳи қалб ва ақл дар интихоб

Аввалин масъалаи муҳим дар одоби хостгорӣ ин аст, ки бидонем дар интихоби ҳамсар, интихобгари аслӣ дар вуҷуди мо кист? Яъне мушаххас шавад, ки оё «қалб» инсон тасмим мегирад ё «ақл»? Агар ҷойгоҳи ақл ва қалб дар тасмимгирӣ дар интихоби ҳамсар табйин шавад, одоби он ба роҳатӣ мушаххас хоҳад шуд. Ба таносуби посух ба ин савол, одоби мутафовите дар баробари мо ҷилва менамояд.

Умуман посух медиҳанд ақл тасмимгиранда аст ва ағлаби мо чунин иддаое дорем, ки бояд ақл тасмим бигирад; аммо дар амал тасмимгиранда қалб аст

Яъне дар мақоми иддао умуман бар ақл таъкид меварзанд вале дар амал, тобеи ҳукми қалби худ ҳастанд ва байни ин воқеият ва он ҳақиқат тафовут дида мешавад.

Назари мо ба акси дидгоҳ ва иддаои умум, таъкид ба такя намудан ба ҳукми қалб аст. Зеро дар ҳақиқат тасмимгирандаи воқеӣ дар масъалаи издивоҷ қалб аст. Чунонки бар рӯи кортҳои издивоҷ низ тасвири ду қалби санавбаре, ки ба ҳам пайванд хӯрдаанд дида мешавад. Ҳеҷгоҳ ба рӯй кортҳои даъвати арӯсӣ, шоҳид набудаем, ки ду мағзро ба ҳам бичаспонанд ва бинависанд пайвандатон муборак! зеро издивоҷ пайванди қалбҳо аст на мағзҳо. Бинобарин қалбҳо бояд бо ҳам синхият дошта бошанд. Аз ин рӯ, бо сароҳат ва бепарда хитоби мо ба ҷавонон ин аст, ки бояд бубинед дилатон чӣ мегӯяд. Бидуни ҳеҷ тардиде ҳамсареро интихоб кунед, ки дили шумо онро бармегузинад.

Раёсат ва фармондеҳии издивоҷ бо дил аст. Аммо як асли мудиритиро набояд аз назар дур кунем ва он инки мудироне муваффақ ҳастанд, ки дар канори худ, коршиносони огоҳро ба кор бигуморанд. Яъне мудирони муваффақ қабл аз иқдом ба ҳар коре ва фармое ва изҳори назаре бояд ба коршиносони худ фурсат бидиҳанд то онон назари коршиносии худро эълом доранд ва коршиносон бидуни инки нигарони назари мудир бошанд ва аз назари мудир иттилоъ дошта бошанд, бо хаёли осуда коршиносии худро анҷом диҳанд, натоиҷи онро ба мудир ироа диҳанд ва маҳосин, маоиб, кайфият ва камияти проекти мавриди назарро гузориш диҳанд. Сипас мудир бо огоҳӣ аз тамоми нукот муассир дар мавзӯъ, тасмим бигирад, ки проект анҷом шавад ё дастур ба таваққуфи он диҳад.

Дар масъалаи издивоҷ ҳам қабл аз ҳаргуна тасмим ва гузорише, қалб бояд аз коршиноси вижаи худ – яъне ақл – кори коршиносӣ талаб кунад, зеро Худованд ақлро ба унвони коршиноси олирутба дар вуҷуди инсон ниҳода аст.

Дар фароянди издивоҷ ибтидо ақл бояд бо хаёли осуда ва бидуни ҳеҷ ошуфтагии хотир фурсати изҳори назар пайдо кунад. Ақл бояд фориғ аз нигаронии дил ва шавқе, ки дар дил эҷод шуда ё нафрате, ки дар дил ба вуҷуд омадааст, шурӯъ ба шиносоии нуқоти заъф ва қуввати фарди мавриди назар намояд ва дар ин амр бояд назароти коршиносони дигар монанди падар ва модар, мушовирони амин ва муаррифҳои мутмаинро ҷамъбандӣ кунад. Пас аз онки ақли гузоришҳо ва иттилооти худро омода сохт, қалб вориди майдон мешавад ва бо таваҷҷуҳ ба назароти коршиносонаи ақл, дар ниҳоят эъломи назар мекунад, ки ӯро пазируфта аст ё на.

Агар бо таваҷҷуҳ ба авсофи фарди мавриди назар ва огоҳибахшеҳои ақл, он фард ба дил нанишаст, посух равшан аст ва набояд он издивоҷ сурат гирад. Аммо нуктаи асосӣ дар инҷост, ки дил бояд ҳарфи охирро бизанад, на ҳарфи аввалро. Мудироне, ки ҳарфи охирро мезананд муваффақанд; на инки аз аввал як ҳарфро бизананд ва то охир бар он пофишорӣ дошта бошанд.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.