Баъзе аз далелҳои издивоҷи номуваффақ

114

Баъзе аз далелҳои издивоҷи номуваффақ

Гурехтан аз танҳоӣ

Эҳсоси танҳоии зиёд, бисёр содатар аз ончи, ки фикрашро кунед, метавонад ҳар фардеро дар маърази интихоби иштибоҳ қарор диҳад. Ҳар вақт шахсе дар танҳоии зиёди худ ғӯтавар шавад, эҳсоси ноумедиву таассуф беқарораш карда ва ӯро бар ҳар кор водор мекунад. Фақат кофӣ аст саре ба маҷаллот ва рӯзнома бизанед ва ҳодисаҳои онро варақ бизанед бешак бо мавориди бисёре бархурд хоҳед кард, ки чигуна афроде ба хотири гурехтан аз танҳои дар доми шаётин гирифтор шудаанд. Қиссаи такрори бештари ин афроди ҷавон танҳоӣ аст, ки ба хотири талаби гурез аз танҳоӣ ва наҷот аз ғам ва ғусса, дил ба бегонае супурда ва то ҳалокат пеш рафтааст. Дар аввалин қадам, ҳаракат кунед худро аз дом танҳои наҷот диҳед. Агар фикр мекунед издивоҷ роҳе барои ҳалли ин масъала аст, комилан дар иштибоҳед! Ба ҷойи андеша ба издивоҷ, беҳтар аст бо дӯстон ва ошноёнатон рафту омад кунед, дар дарсҳои ҳунарӣ ва варзиши номнависӣ кунед, худро ҳадафманд созед ва барои ояндаатон барномарезӣ кунед в… бешак баъд аз ин, ки аз танҳоиятон кам кардед, метавонед барои зиндагиатон тасмимоти беҳтаре бигиред, ки дар ин марҳала шояд издивоҷ беҳтарин гузина бошад.

Аҳамияти истиқлоли иқтисодӣ дар издивоҷ

Каме ҷудоӣ лозим аст

Бархе аз одамҳо тасаввур мекунанд ҳар чӣ бештар дар канори ҳамсари худ бошанд, робитаи беҳтар ва ошиқона тар хоҳанд дошт; Аммо ин тавр нест, афроде, ки фақат дар канори ҳам ҳастанд, замоне барои расидагӣ кардан ба фаъолитҳои шахсии худ нахоҳанд дошт ва дар натиҷа робитаи онҳо аз ҳам мепошад. Ҳамеша каме ҷудоӣ, барои доштани робитаи беҳтар ва ошиқонатар лозим аст.

Аввал сарвату зебоӣ хостан

Аввалин хусусияти ҳамсаратон, ки шуморо ба тарафи худ кашид чӣ буд? Лабханди гармаш? Зебоии чашмонаш? Ва ё шояд ҳам ҳисоби банкиаш?! Ҳеҷ эроде надорад ошиқи зебоии касе шавед, ки қасди издивоҷ бо ӯро доред ё шароит ва тавони пулии ҳамсаратон ба унвони касе, ки қарор аст як зиндагиро бичархонад бароятон муҳимм бошад. Аммо занон ва мардоне, ки фақат ба шароити зоҳири (пулу зебоии) тарафи муқобилашон нигоҳ мекунанд ё шароити пулии ӯро ба ҳар хусусияти дигаре тарҷеҳ медиҳанд, оянда зиндагии муштараки худро дар маърази шикаст қарор медиҳанд.

Тибқи ёфтаҳои илмӣ, мардоне, ки ба зоҳир беш аз ҳар чизи дигаре аҳамият медиҳанд, нисбат ба мардоне, ки дигар хусусиёт барояшон муҳиммтар аст, як ва ним баробар бештар дар маъраз талоқ ҳастанд. Заноне ҳам, ки дар интихоб ҳамсар, аввал ба сарват нигоҳ мекунанд нисбат ба занон дигар, 1.6 баробар бештар дар маъраз ҷудо шудан ҳастанд.

8 тавсия барои оромиши офтобсӯхтагӣ

Матраҳ накардани мушкилот ва бартараф накардани нофаҳмиҳо

Бисёре аз мо тасаввур мекунем барои доштани робитаи беҳтар, набояд мушкилоти худро ба ҳамсарамон бигӯем. Ин як иштибоҳи бузург аст ва мӯҷиби аз ҳам пошидани робита хоҳад шуд. Ба таври мисол гоҳе вақтҳо бархе бонувон тасаввур мекунанд шавҳарашон таваҷҷуҳи кофӣ ба онҳо намекунад, дар ин гуна вақтҳо беҳтар аст ҳар чӣ зудтар ин мушкилро бо ҳамсаратон дар миён бигузоред ва ба ӯ бигӯед, ки чунин ҳиссе доред. Матраҳ кардани ин мушкилот бисёр беҳтар аз сухан нагуфтан аст. Яке аз натиҷаҳои матраҳ накардани ин мушкилот, ба вуҷуд омадани шак ва тардид ва гумони бад аст ва ин бадтарин иттифоқи мумкин дар як зиндагии муштарак метавонад бошад.

Доштан бемори ҷисми

Илова бар сабабҳое, ки гуфта шуд, беморӣ низ чизе аст, ки вайронкунандаи ояндаи зиндагии муштарак аст. Ҳамаи мо касал мешавем, иддае ҳам сахттар аз дигарон гирифтори бемори мешаванд. Мутаассифона бемориҳои сахти ҷисмӣ, нақши муҳимме дар вазъияти зиндагии заношуӣ доранд. Мутолиае, ки рӯйи беш аз 2700 издивоҷ анҷом шуд нишон дод ин ҳақиқати талх дар мавриди занон бисёр ҷиддӣ ва таъсиргзоз аст. …

Фиминизм чист?

Дар издивоҷҳое, ки зан, гирифтори бемории сахт мешавад заминаи талоқ бештар мешавад. Бар асос иттилооти ба даст омада, мисол зан шавҳардор, ки гирифтори мушкилоти қалбӣ мешавад, 6 дарсад бештар мумкин аст дар зиндагӣ заношуии худ бо шикаст рӯбарӯ шавад. Аммо мард зандор, ки гирифтори бемории хеле сахт мешавад, тибқи ёфтаҳо, эҳтимоли шикасти зиндагии муштаракаш таҳти таъсири ин беморӣ қарор намегирад.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.