Сабабҳои барқарор кардани иртибот – қисмати дуввум

110

Сабабҳои барқарор кардани иртибот – қисмати дуввум

3. Интихоби шароити муносиб

Интихоби шароит ва вақти муносиб барои барқарор кардани робитаи ором, бисёр муҳим аст. Агар бихоҳед бо каси дигар робитаи муассир барқарор кунед, бояд он кас хотирҷамъ ва ором бошад, хастагиҳои ҷисмӣ надошта бошад, хоҳони робита бо шумо бошад, озодона таёр бошад барои як робитаи солим ва самимӣ.

Барои ҳамин, интихоби замон, макон, вақти муносиб дар робита аҳамияти зиёд дорад. Дар шароите, ки мухотаби шумо хавотир, тарс, эҳсоси ноамнӣ дошта бошад, ё дар шароити гуруснагиву ташнагӣ бошад, ё парешонҳолу бе ҳавсала бошад, шумо наметавонед як робита хубу муассир дошта бошед.

Вақтҳои таътилӣ, идҳо, сафарҳо, диду боздид ва … вақтҳои муносиб барои як робитаи солим ва муассир аст.

Сабабҳои барқарор кардани иртибот – қисмати аввал

4. Таваҷҷӯҳ ба равиши барқарор кардани робита ва паём

Равиши хубу муносиб дар барқарор кардани робита ва ҳифзи робитаи зебо ва хушоянд бо дигарон, аз аслитарин сабабҳои робита барқарор кардан ва давом додани он аст.

Таваҷҷӯҳ ба нотавониҳо, ниёзҳои отифӣ, ҳадафу ангезаҳои равонӣ ва муомилаи ҳакимона ва самимона бо дигарон ва эҳтироми онон, муассиртарин равиш барои оғози робита барқарор кардан аст.

Ҳамчунин бо нома ва ёддошти зебо, ки одам бо беҳтарин сухан эҳтиром шавад, ё ҳадяи муносиб дода шавад, таърифу такрим дар пеши дигарон, метавонад аз беҳтарин равиши робитаи муҳаббатомез ва паёмро расондан бошад.

Сифатҳои мардони шоиста

5. Таваҷҷӯҳ ба улгуҳо ва равишҳои бузургон ва одамҳои боахлоқ

Бояд таваҷҷӯҳ дошта бошем, ки дидани равиши бузургон барои кӯдакон, навҷавонон ва ҷавонон, аҳамияти зиёд дорад. Ҳар кас ки мехоҳад дигаронро хуб кунад, бояд аввал худро хуб кунад ва ба ахлоқҳои писандида ороста бошад.

Касе ки барои хуб кардани дигарон ҳаракат мекунад, дигарон ӯро дар шароити сахт имтиҳон мекунанд, ки оё инки мехоҳад дигаронро хуб кунад, худаш хуб ҳаст ё не, оё барои корҳояш ростгӯ ва боихлос ҳаст ё не. Агар бубинанд, ки ин шахс боихлос ва ростгӯ ҳаст, дигарон дустдоштааш мешаванд ва ба суханҳояш гӯш мекунанд.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.