Сабабҳои барқарор кардани иртибот – қисмати аввал

84

Сабабҳои барқарор кардани иртибот – қисмати аввал

Бархе аз сабабҳои муассир дар барқарории иртибот ва ҳифзу идома додани он бо дигарон, ба хусус бо аъзои хонавода инҳо ҳастанд:

1) Таваҷҷӯҳ ба хусусиятҳои шахсиятӣ ва ниёзҳои равониву иҷтимоъӣ

Аввалин қадам дар иртибот барқарор кардан, диққат кардан ба хусусиятҳо ва ниёзҳои отифӣ ва равонии ҳамаи ҳамсӯҳбатон ва мухотабон, ба хусус аъзои хонавода, наздикону хешовандон, бузургтарҳо ва кӯчактарҳо, кӯдакон ва навҷавонон аст. Дар барқарор кардан ва нигаҳ доштани як иртиботи қавӣ, ҳамешагӣ ва созанда, асоситарин сабаб ҳамин шинохтҳо зистӣ, зеҳнӣ, отифӣ, иҷтимоъӣ, хостаҳо, ангезаҳо, ниёзҳои равони ва … мебошад.

Бояд диққат кард, хусусиятҳое ки инсонҳо доранд чунин аст:

Ҳамаи инсонҳо аз дарун, муҳаббатро қабул мекунанд ва аз қаҳр кардан дурӣ мекунанд.

Ҳамаи инсонҳо ташвиқро қабул мекунанд ва аз танбеҳ мегурезанд.

Ҳамаи инсонҳо мехоҳанд, аз корашон дигарон розӣ шаванд ва аз интиқод мегурезанд.

Ҳамаи инсонҳо эҳтиромро дӯст доранд ва аз таҳқиру паст шудан дурӣ мекунанд.

Ҳамаи инсонҳо дӯстдори муҳаббат ҳастанд.

Ахлоқи некӯ дар хонавода

Ҳамаи инсонҳо оромишу амниятро мехоҳанд.

Ҳамаи инсонҳо мехоҳанд дар ҷойи бо сафову самимият зиндагӣ кунанд.

Ҳамаи инсонҳо мехоҳанд муваффақ бошанд ва аз шикасту нокомиву натавонистан мегурезанд.

Ҳамаи инсонҳо дӯст доранд бо рафтор ва гуфтори худ ибрози вуҷуд кунанд (бигӯянд ман ҳам ҳастам).

Ҳамаи инсонҳо дӯст доранд ба истиқлоли фикрии онҳо арзиш ниҳода шавад.

Ҳамаи инсонҳо дӯст доранд ба шахсият ва хусусиятҳои онҳо таваҷҷуҳ карда шавад.

Ҳамаи инсонҳо дӯст доранд бо онҳо самимона, мутавозеъона, шафиқона ва ҳакимона сӯҳбат шавад.

Ҳамаи инсонҳо аз рафторҳои мутакаббирона, ҳокимона ва танбеҳу тарсонидан мегурезанд.

Ҳамаи инсонҳо дӯст доранд, аввалин дидори онҳо ҳамроҳ бо баёни хусусиятҳои хуб ва тавонманидиҳои боарзиши онҳо бошад.

Ба иборати дигар, вақте мехоҳем бо касе иртибот барқарор куним, бо як чеҳраи мулоим ва сухани хуб ва таърифи он шахс иртиботро оғоз кунем. Барои тарбияту ҳидоят ҳам, ба хусус барои кӯдакону навҷавонон, ҳаргиз бо феъл, нигоҳи бад ва рафтори хасмона ворид нашавем ва онҳоро паст назанем.

Дар байни инсонҳо, аз ҳама ҳам кӯдакон ва навҷавонон ба иртиботи самимӣ ва дӯстона ва рафторҳои хуби бузургон ниёз доранд.

Одамҳо ҳархел ҳам бошанд, ба сухани бо муҳаббат ва эҳтиромона ниёз доранд. Забони эҳтирому муҳаббат, аз доруҳои хуб ва бо таъсир аст барои дармони рафторҳои бад ва носолим.

Ҳунари бахшиш пурсидан

2) Таваҷҷӯҳ ба паёмҳо ки дар иртиботи бо дигарон ба онҳо интиқол меёбад.

Иртиботи инсон бо дигарон ба ҳар наҳве ки бошад ба таври мустақим ва ғайри мустақим, бо сухан гуфтан ё бо навиштан ва ишора, огоҳана ё ноогоҳона, дорои як паём аз инсон ба дигарон аст. Ин паём мумкин аст дар заминаҳои гуногун аз ҷумла дар рушду отифаву эҳсосот, шинохтҳои зеҳнӣ, фаҳмонидани ахлоқҳои иҷтмоъӣ бошад. Барои ҳамин дар иртиботи бо дигарон диққат шавад, ки чи паёме аз мо ба дигарон мерасад. Паёми мо бояд муносиби син, ҳуш, ақл, хостаҳо ва дӯстдоштаҳои равонии дигарон бошад.

Хонаводаи намуна

Сабабҳои барқарор кардани иртибот – қисмати дуввум

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.