Адолатварзӣ байни фарзандон!

79

Рафтори одилона бо фарзандон бисёр пур аҳаммият аст. Дар сурати риоят накардани ин амр миёни фарзандон, анвои кинаҳо ва уқдаҳо дар онон нисбат ба якдигар ба вуҷуд меояд. Бо зиёд будани теъдоди фарзандон, вазифаи падару модар дар бораи ин масъала ҳассостар ва сангинтар аст.

Падару модар бояд рафтори одилонае бо кӯдакон дошта бошанд ва дар нақши як қозии одил ва оқил бо онҳо бархурд кунанд. Ҳеҷ кадомро бар дигарӣ тарҷеҳ надиҳанд ва дар рафтору гуфтор, дар муҳаббату хашм, танбиҳу ташвиқ, баробар амал кунанд.

Шахсе назди Паёмбари Акрам( салаллоҳу алайҳи ва олиҳ) омаду гуфт: Падару модаре дорам, ки бо онҳо робитаи хубе дорам, вале онҳо маро бо ҳарф ва тарзи бархурдашон меозоранд. Посухи ононро намедиҳам, вале мехоҳам онҳоро тарк кунам ва муддате наздашон наравам. Ҳазрат фармуд: Дар ин сурат Худованд туро раҳо хоҳад кард. Мард арз кард: Пас чӣ кунам? Ҳазрат фармуд: Ба касе, ки туро маҳрум сохт, бибахшоӣ. Бо касе, ки бо ту қатъи робита кард, пайванд барқарор кун. Аз касе, ки ба ту ситам кард, даргузар. Агар чунин кунӣ, Худованд пуштибони ту хоҳад буд.

Яке аз мабоҳиси муҳими тарбиятӣ , адолатварзии падару модар дар изҳори муҳаббат ба фарзандон ва дар ихтиёр қарор додани имконоти моддӣ ба онҳост. Ин масъала аз ду нигоҳ, қобили баҳс ва баррасӣ аст: Фиқҳи ҳуқуқӣ ва тарбиятӣ.

Ончи дар инҷо мавриди назар аст, адолатварзӣ нисбат ба фарзандон аз нигоҳи дувум аст.

Адолатварзӣ нисбат ба фарзандон, метавонад осори тарбиятии муҳиммеро ба ин шарҳ ба думбол дошта бошад:

  1. Фарзандон низ мутақобилан ба падару модар лутф ва некӣ мекунанд ва ҳуқуқи ононро риоят хоҳанд кард.
  2. Онон низ нисбат ба фарзандони худ, аз марзи адолат таҷовуз нахоҳанд кард.
  3. Адолатварзӣ миёни фарзандон, монеъ аз ҳасодат ва кинаварзии онон нисбат ба ҳам хоҳад шуд.
  4. Муҳиммтар ин, ки кӯдак, аз оғози зиндагӣ бо рӯҳи адолатварзӣ парвариш хоҳад ёфт ва рафтори одилонаи хонавода, заминаро барои таъмини адолати иҷтимоӣ фароҳам хоҳад сохт.

Баръакс, беадолатӣ ва рафтори табъизомез(яъне якеро бар дигар боло донистани но ба ҷо) нисбат ба фарзандон, натанҳо падару модарро аз муҳаббати онон маҳрум мекунад; балки ояндаи фарзандонро низ бо хатар рӯ ба рӯ менамояд. Аз ин рӯ, донишмандони таълим ва тарбият дар асри ҳозир, риояти адолат дар бархурд бо фарзандонро барои парвариши инсонҳои шоиста, зарур медонанд; аммо дини Ислом аз чаҳордаҳ қарн пеш бар ин амр таъкид намудааст ва Паёмбари Худо ба мусулмонон тавсия мефармуд, ки натанҳо дар вогузории имконоти моддӣ , балки дар бӯсидани фарзандон низ адолатро риоят кунанд.

Бадеҳӣ аст, ки рафтори одилона, ба маънои бархурди баробарӣ ва яксон нест. Чӣ басо риояти адолат талаб менамояд, ки падар барои баъзе аз фарзандони худ, ба далели истеъдоди бештар ва ё камтар, ё ба далели беморӣ ва ё ҷиҳатҳои дигар, ҳазинаи бештареро ба ӯҳда гирад. Ин, ба маънои беадолатӣ нест. Албатта дар ин гуна мавридҳо низ бояд дигар фарзандонро нисбат ба иқдоми худ, тавҷеҳ намоянд.

Ҳамчунин, дар сурате, ки падар эҳсос кард риояти ҳаққи яке аз фарзандон, паёмадҳои манфӣ ва хатарнокеро ба думбол хоҳад дошт, аз он сарфиназар намояд, чунон ки имом Содиқ алайҳиссалом мефармояд:

 وَاللّه ِ إنِّی لاَصانِعُ بَعضَ وُلدِی واُجلِسُهُ عَلى فَخِذِی واُكثِرُ لَهُ المَحَبَّةَ، واُكثِرُ لَهُ الشُّكرَ، وإنَّ الحَقَّ لِغَیرِهِ مِن وُلدِی، ولكِن مُحافَظَةً عَلَیهِ مِنهُ ومِن غَیرِهِ ؛ لِئَلاّ یَصنَعوا بِهِ ما فَعَلَ بِیوسُفَ إخوَتُهُ ؛

 Падарам фармуд: “Ба худо савганд, ман нисбат ба яке аз фарзандонам тазоҳур мекунам ва ӯро бар зонуям менишонам ва бисёр ба ӯ муҳаббат мекунам ва бисёр аз ӯ ташаккур мекунам. Ҳар чанд ҳақ бо фарзанди дигари ман аст; локин ба хотири ҳифозат кардани вай аз ӯ ва дигарон, чунин мекунам то кореро, ки бародарони Юсуф бо ӯ карданд, инҳо бо вай накунанд.

Ҳамон тавр, ки дар ин ҳадис омадааст, имом Боқир алайҳиссалом барои пешгирӣ аз ҳасодати баъзе аз фарзандони худ ва табаоти баъди он, натанҳо нисбат ба фарзанде, ки бояд беш аз дигарон мавриди муҳаббати ӯ қарор гирад, изҳори муҳаббат намекунад, балки фарзанди дигареро, ки дар маҳали бемории ҳасодат аст, мавриди лутф ва муҳаббат қарор медиҳад, то ба ин васила, фарзанди бартарро аз хатари ҳасодати бародар, ҳифз намояд ва ин, дарси тарбияти муҳимме аст барои мураббиён, ба хусус падарону модарон.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.