Шӯхии зиёд ва нобаҷо бо ҳамсар

99

Чанд моҳ аст, ки издивоҷ кардаем. Эҳсос мекунам ҳамсарам бо шӯхиҳое, ки мекунад эҳтироми байнамонро аз байн мебарад. Чанд бор ба ӯ тазаккур додаам, ки ҳадди ақал дар ҳузури дигарон шӯхи накунад, вале ҷиддӣ намегирад. Лутфан роҳнамои кунед, ки читавр бо ӯ рафтор кунам?

Агар ҳамсартон дӯст дорад бо шумо шӯхӣ кунад, аммо шумо майл надоред ин иттифоқ дар ҷамъ биафтад, метавонед дар як давра ё замони муайян масалан баъд аз шӯхи кардан бо шумо аз ҳарф задан парҳез кунед ва сукут ихтиёр кунед.

Яке аз беҳтарин чизҳое, ки шумо барои идора кардани хусусиёти нороҳаткунандаи ҳамсаратон ҳангоми ба чашм дидани онҳо метавонед анҷом диҳед сабр кардан ва мунтазир мондан аст. Ин равиш гоҳе вақтҳо бисёр муассир аст зеро дар баъзе мавридҳо чизе, ки сабаби ранҷиш ва озори мо мешавад танҳо барои як замони маҳдуд ва кӯтоҳ бар мо таъсиргузор хоҳад буд.

Сарчашмаи ин рафторҳо аксаран ба ҳаяҷонзада ва асабӣ будани мо ва ё одат кардани беш аз ҳад ба ҷанбае хос аст. Бисёре аз афрод бо гузашти замон мефаҳманд, ки танҳо бо додани як шонс ва фурсат дубора ба ин хусусиятҳои ғайри ҷаззоб метавонанд худро бо ин хусусиятҳо татбиқ диҳанд. Ба унвони мисол, агар ҳамсаратон дӯст дорад бо шумо шӯхӣ кунад, аммо шумо майл надоред ин иттифоқ дар ҷамъ биафтад, метавонед дар як давра ё замони муаян масалан баъд аз шӯхи кардан бо шумо аз ҳарф задан парҳез кунед ва сукут ихтиёр кунед. Ин замон ба шумо ин фурсатро медиҳад, ки бубинед оё тарафи муқобил аз одаташ даст мекашад ва мефаҳмад, ки воқеан ин масъала барои шумо нороҳаткунандааст? Аммо агар ин рафтор идома пайдо кард чӣ? Дар ин ҳолат лозим аст қабл аз ҳар чиз бо ҳамсаратон сӯҳбат кунед.

Ҳарф задан бо ӯ дар бораи ҳар мавзӯе, ки дар назари шумо аст аҳамияти басазои дорад зеро метавонад аз ғалабаи эҳсос ва ё ноумедии шадид ва ё ошокор шудани асабоният ва ҳолати инфиҷоргуна дар шумо пешгирӣ кунад. Пас ба ҷойи инки ҳама чизро дар даруни худ нигоҳ доред бо ҳамсаратон сӯҳбат кунед, то ӯ низ бидонад чӣ чизе сабаби ошкор шудани мушкил дар зиндагии муштаракатон шудааст. Дар ин сурат мавзӯи мадди назарро ба таври ғайри воқеӣ ва иғроқомез бузург нахоҳад шуд.

Агар ҳанӯз эҳсоси дармондагӣ доред ва ҳеҷ коре аз дастатон барнамеояд ва саъй мекунед бо одати нохушоянди аз ҳамсаратон канор биёед дар ин сурат метавонед қадре чошнии корро бештар кунед. Албатта манзурамон шурӯъи як низоъ ва даргирии тамомаёр бо ӯ нест балки кофӣ аст ба унвони мисол аз қаҳрҳои кӯтоҳ муддати чандсоата истифода кунед ва албатта ба ҳамсартон бифаҳмонед, ки сабаби ин рафторатон чист?

Возеҳ аст, ки анҷоми ин кор барои шумо содда нахоҳад буд, аммо гоҳе ин кор лозим аст. Ончи лозим аст ба хотир дошта бошед ин аст, ки бояд эҳсос кунед ниёзманди оромиш ва сабурии бештар бо ҳамсаратон ва якдигарфаҳмии биштар бо ӯ ҳастед. Шумо мӯҳтоҷи ин сабр ва матонат ҳастед зеро дар бисёре аз маворид шумо асарҳои мусбати мадди назаратонро дар кӯтоҳмуддат нахоҳед дид. Гоҳе вақтҳо чандин моҳ тӯл мекашд, то пайғоми шумо оҳиста – оҳиста аз тарафи ҳамсаратон дарёфт шавад ва муваффақ шавед ӯро аз анҷоми одати нохушояндаш баргардонед.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.