Розӣ будани яъне чи?

97

Розӣ будани яъне чи?

Одамҳо дар вақти интихоби ҳамсари худашон мехоҳанд, ки ҳамсареро интихоб кунанд ки аз назари фарҳангӣ, динӣ, боигарӣ ва …  монанди худашон бошад. Ин монанд будан, мисли ҳам будан сабаб мешавад, ки зану шавҳар маҷзуби ҳамдигар шаванд ва пайванди заношуияшон қавитар шавад. Аммо бояд ба ин нукта таваҷҷӯҳ дода шавад, ки фақат монанди ҳамдигар будан сабаб намешавад, ки зану шавҳар аз ҳамдигар, аз робитаашон розӣ бошанд. Хеле аз зану шавҳарҳо ҳастанд, ки аз назари дин, синну сол, дониш монанди ҳам ҳастанд, аммо аз ҳамдигар, аз робитаашон норозӣ мебошанд.

Мардон ошиқи кадом зан мешаванд?

Барои ҳамин рози будан аз робита ва наздикии заношӯӣ, муҳимтар аз ҳамаи чизҳои дигар аст, ҳатто аз кор, дӯстон, фарзандон ва … муҳимтар аст.

Хушнудӣ ва ризояти зан ва шавҳар вақте ба вуҷуд меояд, ки зану шавҳар ба хостаҳояшон расанд. Агар зану шавҳар ҳамаи хостаҳои (ҳалоли) ҳамдигарро бароварда созанд, хушнудӣ ва ризоят ва лаззат ба даст меояд. Барои ҳамин ҳар қадар, ки хостаҳо бароварда шавад, розӣ будану хушҳол будан зиёд мешавад.

Хостаҳо ва ниёзҳо ҳам дар ҳамаи зану шавҳар якхел нест. Баъзеҳо хостаи муҳиммашон робитаи ҷинсӣ, баъзеи дигар хотаашон сӯҳбатҳои муҳаббатомез ва ошиқона, ва дигар хостаҳо, ки дар ҳамаи одамҳо ҳархел мебошад.

Сомонаи интернетии “Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.