8 гом барои алоқаманд кардани кӯдакон ба китоб хондан

142

Бешак яке аз лаззатбахштарин равишҳои алоқаманд кардани кӯдкон, ҳамроҳи падару модарашон барои хондани китоб аст. Ин кор ҳам боиси афзоиши тавоноӣ, гуфторӣ ва навиштории кӯдак хоҳад шуд ва ҳам доираи луғатҳои кӯдакро илова ва ҳис кунҷковии вайро бедор карда ва сабаби ташвиқ ба мутолеаи китобҳои гуногун хоҳад шуд.

Чигуна кӯдаки ду солаи худро ба китоб ва китобхондан дар солҳои оянда алоқаманд кунем?

 Чанд роҳнамоӣ барои китобхон шудани кӯдакон:

  1. Намунаи хубе барои кӯдактон бошед

Барои ин кор китобхонаи хурде дар манзил таҳия кунед ва онро пур аз китобҳои  ҳар хела кунед. Зинаҳои поинтарро барои кӯдакон дар назар бигиред. Ҳаргиз кӯдакатонро маҷбӯр ба китоб хондан накунед, зеро кӯдакон ба осонӣ аз падару модари худ таъсир мепазиранд кофӣ аст худатон китобро бигиред ва чанд соат китоб бихонед.

  1. Кӯдакатонро бо китобхонаҳо ва китобфурӯшиҳо ошно кунед

Аз онҷо, ки китобхонаҳо ва китобфурӯшиҳо китобҳои гуногун ва васваса кунандае доранд ба ҳамин далел барои бачаҳо ҷаззоб ҳастанд ва диққати онҳоро ҷалб мекунанд ва бо такрори рафту омад ба ин маконҳо қатъан кӯдакон ҳам ба китоб ва китобхонӣ алоқаманд хоҳанд шуд.

3. Бо ҳам китоб бихонед

Бешак яке аз лаззатбахштарин равишҳои алоқаманд кардани кудкон, ҳамроҳи падару модарашон барои хондани китоб аст. Ин кор ҳам боиси афзоиши тавоноӣ, гуфторӣ ва навиштории кӯдак хоҳад шуд ва ҳам доираи луғатҳои кӯдакро илова ва ҳиси кунҷковии вайро бедор карда ва сабаби ташвиқ ба мутолиаи китобҳои гуногун хоҳад шуд.

Дар канори дигар ҳадяҳое, ки барои кӯдакон дар муносибатҳои гуногун таҳия мекунед китобро низ дар он ҷой даҳед ва аз он ҳамчун  ҳадяе арзишманд ёд кунед

  1. Китоби муносиб интихоб кунед

Дар оғоз китобҳоеро интихоб кунед, ки суратҳои возеҳ, содда ва рангӣ дошта бошад, ки кӯдак ҳар рӯз дар дунё дар мавриди худ мебинад. Беҳтар аст ҳар сафҳа, як ё ду тасвири беҷузъиёти печида дошта бошад. Бо бузургтар шудани кӯдакон китобҳои гуногуне барояш таҳия кунед. Китобҳои бо тасвирҳои гуногун ва ҷузъиёти бештар, китобҳои дар андоза ва шаклҳои гуногун, аммо бояд диққат кунем, ки чӣ китобе ва бо чӣ матне барои кӯдакамон таҳия мекунем. Китоберо интихоб кунед, ки муносиб бо син ва ҷинс ва рӯҳиёти кӯдакон бошад. Тавсия мешавад то ҳар ҳафта ҳамроҳ бо кӯдакатон барои таҳияи китоб ба боғи китоб ва ё дигар китобфурӯшиҳои сатҳи шаҳр биравед ва саъй кунед салиқаи кӯдак низ дар таҳияи китоб амалӣ шавад.

  1. Бо садои баланд китоб бихонед

Замоне ки бо садои баланд барои кӯдакон китоб мехонед сабаб мешавад, то диққати кӯдак ба китоб бештар шуда ва дарки матлаби беҳтаре дошта бошад.

  1. 6. Китоб туҳфа диҳед

Дар канори дигар ҳадяҳое, ки барои кӯдакон дар муносибатҳои гуногун омода мекунед китобро низ ҷой диҳед ва аз он ҳамчун ҳадяи арзишманд ёд кунед.

  1. Китобе таҳия кунед, ки филмаш ҳам вуҷуд дошта бошад

Дар аввал китобро барои кӯдакатон бихонед ва сипас ба тамошои филм бинишинед. Баъд аз тамошои филм нуктаҳоеро, ки дар китоб хонда будед вале дар филм набударо пайдо карда ва бо ҳам такрор кунед ин кор сабаби афзоиш диққат ва таваҷҷӯҳи кӯдак мешавад.

  1. Савол тарҳ кунед

Чанд то аз китобҳои ихтисоси гурӯҳи сини кӯдакатонро мутолиа кунед ва аз онҳо саволҳое тарҳ кунед ва баъд аз ӯ бипурсед ва барои роҳнимоӣ ҷиҳати пайдо кардани посухи китобҳои мавриди назаратонро ҳамчун манбаъ дар ихтиёраш қарор диҳед.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.