Оростагӣ ва покизагӣ

140

Оростагӣ ва покизагӣ барои Расули Худо(с) чӣ қадар аҳамият дошт?

Оё Паёмбар(с) дар зиндагиашон ороставу зебо буданд ва либосҳои зебо мепӯшиданд?

Расулуллоҳ(с) умматашонро ба оростагӣ ва зебоӣ ва либосҳои поку мураттаб супориш мекарданд?

Муртазо Мутаҳҳарӣ дар мавриди оростагӣ ва покизагӣ мегӯяд: “Гароиши инсон ба зебоӣ ва ҷамол яке аз хостаҳои фитрии башар ва эҳсоси лаззат аз зебоӣ ва таносубҳо ва покизагиҳо, бо сиришти инсон омехта аст”.

Паёмбари Худо(с) бисёр ороста буданд ва зоҳири ҷаззобу зебое доштанд ва ҳамеша мардумро ба оростагӣ ва зебоӣ ташвиқ мекарданд.

Боре касе аз Расули Акрам(с) суол кард, ки: Оё пӯшидани либоси зинатӣ ва зебо нишонаи такаббур аст?

Паёмбар фармуданд: Худованд зебост ва зебоиро дӯст медорад…

Инчунин дар ҷавоби фарде, ки пурсид: Ман аз либоси шуставу тамиз, мӯи сари мураттабу рӯғанзада, кафши нав ва… хеле хушам меояд. Оё инҳо нишонаи такаббур ва худхоҳист? – ҳамон посухро доданд.

Паёмбар аз жӯлидагӣ ва чиркӣ будан мутанаффир буданд ва афроди жӯлидаро инсонҳои бад муаррифӣ мекарданд ва мефармуданд: Парвардигор жӯлидаву чиркинро душман медорад!

Ҳамчунин ба покизагиву озодагии ҳамсаронашон супориш мекарданд ва ҳатто ҳангоми сафар, имконоти лозим барои оростагӣ ва мураттаб будан, монанди қайчӣ, мисвок, наху сӯзан ва монанди онро ҳамроҳ мебурданд.

Ҳазрати Муҳаммад(с) ҳангоми ҳузур дар миёни асҳоб, худро меоростанд ва либос ва пӯшиши муносибро муроот мекарданд ва бо зоҳири ҷаззоб дар назди онҳо ҳозир мешуданд.

Нақл мекунанд, ки рӯзе Паёмбар мехостанд аз хона хориҷ шаванд, Уммулмӯъминин Оиша диданд, ки он ҳазрат рӯи зарфи оби мавҷуд дар утоқ, ба акси худ нигоҳ мекунанд ва худро ороста мекунанд.

Уммулмӯъминин Оиша гуфтанд: Падару модарам фидоят, Шумо паёмбар ҳастед ва беҳтарини офаридагон, пас чаро чунин мекунед?

Расулуллоҳ фармуданд: Худованд аз бандааш инро дӯст медорад, ки ҳар гоҳ назди бародарони диниаш меравад, худро ороста созад.

Дар ривояте ворид шудааст, ки ҳар гоҳ касе дар хидмати Паёмбар ҳозир буд, он ҳазрат либос ва зинати худро аз тан хориҷ намесохт ва либосҳои зебои худро мепӯшид.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.