Оё зан хизматкори шавҳар аст?

177

Оё зан хизматкори шавҳар аст?

Зан баъди шавҳар кардан хизматкори шавҳар намешавад, балки баъди шавҳар зери ҳимояти моддӣ ва маънавии шавҳари худаш медарояд. Вақте, ки зан зери ҳимояти шавҳараш дохил мешавад, ҳам зан нисбат ба шавҳар вазифа дорад, ва чун шавҳар ҳам ҳимояту сарпарастии занро қабул кардааст, нисбат ба зан вазифаҳое дорад. Бо ҳамин вазифаҳо ҷомеъаи солим, хонаводаи солим ташкил мешавад.

Бинобар, ин зану мард нисбат ҳамдигар вазифа доранд, на инки фақат зан вазифа дошта бошаду мард ҳар кор хоҳад анҷом диҳад. Яъне мард нисбат ба муомилаи бо зан озод нест, наметавонад ҳар зулму ситамро барои занаш раво дорад.

Ҳаққи зан ва шавҳар – бароварда кардани ниёзи отифии зан

Ин қонунҳои зиндагӣ аст, ки зану шавҳар бо ихтиёри худ ин қонунро қабул карда, зиндагии муштаракро ташкил медиҳанд. Зиндагии муштарак ҳам бе қабули масъулият ва вазифаи ду тарафа ташкил намешавад. Мисол мард бояд хона, пӯшок, хӯроки занро барояш муҳайё кунад, ва зан ҳам бояд хостаи мардро қабул карда аз хона бе иҷозати шавҳар берун наравад.

 

Сомонаи интернетии “Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.