Дӯст бидоред, то наҷот пайдо кунед!

108

Оини Ислом барои ҳидоят ва нишон додани роҳи саҳеҳи зиндагӣ ба мо инсонҳо омадааст ва дастуроти он бар рўи муҳаббату отифаи инсонӣ гузошта шудааст.

Дўст доштан ва ошиқ будан инсонро ба тарафи маъшуқ майл медиҳад ва барои вуруд ба дили маъшуқ, бояд ошиқ худро ба ранги маъшуқи худ дароварад, вагарна наметавонад ба дили ў роҳ пайдо кунад. Дар Қуръон ва аҳодиси набавӣ ба ҷумалоте бармехўрем, ки мўъмининро ба дўст доштани Паёмбар ва хонадони покаш фаро мехонад:

«Эй расули мо, ба уммат бигў, ман аз шумо ҳеҷ  подоше барои рисолатам намехоҳам, ҷуз дўст доштани наздиконам». (Сураи муборакаи Аъроф, ояти 7).

Ва низ дар ривоёти фаровон ба ин маъно бармехўрем, ки Расули Худо духтари гиромии хешро ба ҳадде дўст медоштанд, ки бо вуруди ҳазрати  Фотима ба назди эшон аз ҷой бармехостанд ва ба истиқболи эшон қадам мегузоштанд ва ўро бар ҷои худ менишонданд. Ва борҳо фармуданд: «Фотима пораи тани ман аст, ҳар кӣ ўро шод гардонад, маро шод гардонидааст. Фотима азизтарини мардум назди ман аст».

Ҳамчунин аз Оиша(р)  ривоят шудааст: «Ҳеҷ кас аз занон назди Расули Худо, маҳбубтар аз ҳазрати Фотима набуд». Ва низ аз Расули Худо ривоят шудааст, ки фармуд: «Фотима шохае аз ман аст, ҳар кӣ ўро озор диҳад, маро озор медиҳад ва ҳар кӣ ўро шод гардонад, маро шод мегардонад. Ҳамоно, ҳақ таоло ғазаб мекунад барои ғазаби Фотима ва хушнуд мегардад аз хушнудии Фотима».

Расули Худо(с) ҳар амалеро, ки анҷом медоданд, барои пайравонашон, дорои паёме мебошад ва паёми он ҳазрат аз ин гуна аҳодис, ки теъдодашон ҳам зиёд аст. Чӣ мебошад? Зиндагонии инсонҳои худоӣ барои мо намуна ва мисдоқи амалии он сирае аст, ки Қуръон онро хостааст. Ва мо бо дўст доштани Расули Худо(с) ва фарзандони ў, рафтору кирдори худро мисли эшон месозем ва дар роҳи худёбӣ ва камол қадамҳои устувор мебардорем. Ҳамин дўст доштан аст, ки боис мешавад, мо худамонро ба ахлоқи неки он бонуи бузургвор биороем. Вагарна аз ин дўст доштани мо ба фазли он бузургворон чизе изофа намешавад. Дар ояи 47 сураи Сабаъ мехонем:

«Эй Расули мо, бигў ҳар аҷру подоше, ки аз шумо хостаам барои худи шумост».  То инҷо ба ин натиҷа мерасем, ки ҳар чӣ Паёмбар аз мо хостаанд, дар асоси ваҳйи илоҳӣ буда ва нафъу фоидаи он низ фақат барои саодати худамон аст.

Худованд аз мо хостааст, то ба василаи амал намудан ба дастуроти Паёмбар, ки аз ҷумлаи онҳо дўстӣ ва маваддат дар ҳаққи хонадоне, ки дар Қуръон  ҳамчун мазҳари покӣ, исмат ва таҳорат муаррифӣ шудаанд аз онҳо итоат намоем ва худро ба ахлоқи некўи онҳо биороем ва аз ин роҳ ба қурби илоҳӣ, ки камоли воқеии инсоният аст, бирасем. Қуръон ин матлабро ба таври возеҳ баён намудааст: «Эй Расули мо бигў ман аз шумо музди рисолат намехоҳам, аҷри ман ҳамин бас, ки  ҳар кӣ бихоҳад, аз паи ман роҳи Худои худ пеш гирад” (сураи муборакаи Фурқон ояти 25) ва ба саодати абадӣ ноил шавад ва ба гуфтаи Мавлавӣ:

«Фоидаи он боз бар ту оидаст…»

(Акрамхон Зиёдуллоев)

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.