Худованд зебост ва зебоиро дӯст дорад!

109

Дар сираи Паёмбари Акрам(с) омадааст, ки ҳар гоҳ эшон қасди хуруҷ аз манзил ё пазируфтани касеро дошт, мӯи сари худро шона мезад, сару вазъи худро мураттаб мекард, хешро меорост ва барои он ки тасвири худро бибинад, дар зарфи обе менигарист.

Инсон фитратан ҷӯёи покизагӣ, зебоӣ, тамизӣ ва оростагист ва аз жӯлидагӣ, палидӣ ва зиштӣ нафрат дорад.

Аз он ҷо ки дини муқаддаси ислом мунтабиқ бар фитрати инсонист, ба пайравонаш дастур медиҳад то ҳамвора мазоҳири зиштӣ ва палидӣ ва бӯйҳои баду нафратангезро аз худ ва муҳити зиндагии хеш дур созанд ва худро, бавижа ҳангоми бархӯрд бо дигарон, зинат кунанд ва бо зоҳире ороста ва зебо дар маърази диди ҳамнавъони худ зоҳир шаванд. Аз назари Қуръони Карим, истеъдоди дарки зебоӣ, аз ҷумлаи неъматҳои Худованд дар руҳи одамист ва вуҷуди мавҷудоти зебо дар ҷаҳон, посухе ба ин хостаи фитрӣ буда ва неъмате аз неъматҳои гаронбаҳои Офаридгори Ҳаким аст.[1]

Қуръони Карим дар ояти 31 сураи Аъроф, (Эй фарзандони Одам! Зинат ва ороиши худро дар ҳар масҷиде баргиред), инсонҳоро ба оростагӣ ва баргирифтани зинатҳои худ ҳангоми рафтан ба масоҷид даъват мекунад, сипас дар ояти баъд, як ҳукми куллие баён карда ва назари касонеро, ки ба ғалат оростагӣ ва зинатро бо дин ва таолими осмонӣ муғоир мепиндоранд, мардуд мешуморад:

“(Эй Расул!) Бигӯ, чӣ касе зинати Худоро, ки барои бандагони худ берун оварда ва низ рӯзиҳои покизаро ҳаром кардааст? Бигӯ: ин (зинат ва рӯзиҳои покиза) барои касонест, ки имон овардаанд…” (Сураи Аъроф, ояти 32).

Дар Сунани Абӯдовуд аст, ки Паёмбари Акрам(с) фармудааст: “Шумо назди бародарони худ меоед, пас, лавозими худро ислоҳ намоед ва зебо бипӯшед, то байни мардум чун холе пайдо шавед…”[2]

Дар сираи Паёмбари Акрам(с) низ омадааст, ки ҳаргоҳ эшон қасди хуруҷ аз манзил ё пазируфтани касеро дошт, мӯйи сари худро шона мезад, сару вазъи худро мураттаб мекард, хешро меорост ва барои он ки тасвири худро бибинад, дар зарфи обе менигарист. Вақте иллати ин умурро пурсиданд, фармуд:

“Худованди Мутаол дӯст дорад ҳангоме ки бандааш ба сӯи бародаронаш меравад, худро барои дидори онон омода кунад ва биёрояд”.[3]

Ҳазинае, ки он ҳазрат (с) барои таҳияи атру хушбӯӣ масраф мекард, аз ҳазинаи хӯрокаш бештар буд ва дар шаби торик қабл аз он ки бо чашм дида шавад, аз бӯи хуше, ки аз ӯ дар фазо пароканда буд, шинохта мешуд.[4]

Дар ривоят аст, ки Расули Худо(с) аз ҳар кӯю барзане, ки убур мекард, то муддате бӯи хуши фазои он ҷо муъаттар мемонд; ба гунае ки мардум мефаҳмиданд, ки Расули Худо(с) аз он маҳал убур кардааст.[5]

Дар омӯзаҳои пешвоёни ислом, дар хусуси оростагии зоҳир, тавсияҳои фаровоне матраҳ шуда, ки ин мухтасарро гунҷоиши ҳамаи онҳо нест. Аз он ҷумла аст тавсия ба пӯшидани либоси покиза ва ороста, шона задан ва муроқибат аз мӯйи сар ва риш, тамиз нигаҳ доштани бадан ва зудудани мӯйҳои зоиди он, кӯтоҳ кардани нохун ва мӯйи лаб ва парҳез аз ончи ки мӯҷиби нафрат ва кароҳати дигарон мешавад, аз қабили бӯйи бади даҳон, ки ношӣ аз мисвок назадан ва хилол накардани дандонҳост.[6]

Натиҷа он ки ислом, рӯи асли оростагии зоҳир (ҳамчун оростагии ботин) таъкид кардааст. Бинобар ин, бояд таваҷҷӯҳ дошт, ки агар мусалмоне бо вазъи ошуфта ва зоҳире зишту парешон дар ҷомеъа зоҳир шавад, вуҷуди ӯ яке аз васоили таблиғ алайҳи ислом хоҳад буд. Ворастагӣ аз қайди зоҳир (ки дар ислом ва хусусан назди асҳоби тариқат ба он таъкид мешавад), ҳаргиз ба ин маъно нест, ки шахс худро аз ҳар гуна ороиши зоҳирӣ маҳрум кунад ва бад-ин васила дар назари дигарон хору бе миқдор ҷилва намояд.

Пайнавиштҳо:

1-Руҷӯъ кунед: сураи Наҳл, оятҳои 5-6, сураи Ҳаҷ, ояти 5, сураи Каҳф, ояти 7, сураи Соффот, ояти 6, сураи Фуссилат, ояти 12, сураи Мулк, ояти 5, сураи Ҳиҷр, ояти 16, сураи Қоф, ояти 6.

2-Сунани Абӯдовуд, 4/101 (Аш-шомила).

3-Хулосату сияри Сайид-ул-башар, 1/85 (Аш-шомила).

4-Ҳамон манбаъ.

5-Ҳамон манбаъ.

6-Ҳилят-ул-муттақин, бобҳои 5-ум, 6-ум ва 7-ум.

ХОНАВОДАИ НАМУНА

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.