Паёмбари Акрам(с) ва одоби муошират – 4

56

Одоби муоширати Набии мукаррами ислом, ҳазрати Муҳаммади Мустафо(с)

Имом Ғаззолӣ(рҳ) мегӯяд: Аз суннатҳои Пайғамбар(с) ин аст, ки меҳмонро дар ҳангоми рафтан, то наздикии дари хона ҳамроҳӣ мекарданд.

Яке аз ёрони Имом Содиқ(р) мегӯяд: Зиёд пеш меомад, ки Имом Содиқ(р) аз мо бо нони равғанӣ ва ҳалвою хурмо меҳмондорӣ мекарданд ва сипас нону зайтун ба мо мехӯронданд. Ба он ҳазрат гуфтем: Беҳтар аст, боэҳтиёт рафтор кунед, то миёнаравӣ риоят шавад! Имом фармуданд: Мо бо ҳисобу тадбири Худованд рафтор мекунем, вақте ки Худованд ба мо кушоиш диҳад, мо низ дар зиндагӣ кушоиш медиҳем ва ҳар вақт танг гирад, мо низ камтар истифода мекунем.

Имом Содиқ(р) ба ёронашон мефармоянд: Касе бар шумо изҳори дӯстӣ кунад, бо гуфтани айбҳояш, ба ӯ таъна назанед ва хислати бадашро, ки гирифтори он аст, ба рӯяш наоред, зеро ин на аз ахлоқи Пайғамбар(с) аст ва на аз ахлоқи авлиё.

Пайғамбари Акрам(с)мефармоянд: Агар маро барои хӯрдани почаи гӯсфанде ҳам даъват кунанд, мепазирам ва агар онро ба ман ҳадя диҳанд қабул мекунам.

Муаммар ибни Халлод мегӯяд: Яке аз ғуломони Имом Ризо(р) ба номи Саъд аз дунё рафт, ҳазрат ба ман фармуданд: Марди бофазилату амонатро бар ман муаррифӣ кун, гуфтам: Ман барои шумо муаррифӣ кунам? Имом(р) гуфтанд: Расули Худо(с) бо асҳобашон маслиҳат мекарданд ва бар ончи тасмим мегирифтанд, амал мекарданд.

Имом Ҳасани Аскарӣ(р) мефармоянд: Ба падари бузургворам гуфтам: Ҳангоме ки яҳуд ва мушрикон бо Расули Худо(с) душманиву лаҷоҷат мекарданд, оё он ҳазрат бо онҳо мунозираву гуфтугӯ мекарданд? Гуфтанд: Бале, ин кор борҳову борҳо рӯй додааст.

Пайғамбари Акрам(с) мефармоянд: Аввалин чизе, ки Худованд маро аз он наҳй кард, ҷангу даргирӣ бо мардум буд.

Ҳазрати Алӣ(р) мугӯянд: Вақте аз Расули Худо(с) касе чизе мехост, агар мехостанд, онро анҷом диҳанд мегуфтанд: Хуб. Ва агар намехостанд, онро анҷом диҳанд, чизе намегуфтанд. Ҳаргиз Пайғамбари Акрам(с) дар бораи чизе на нагуфтанд.

Ҳазрати Ҷобир ибни Абдуллоҳ(р) мегӯянд: Ҳар вақт Расули Худо(с) берун мерафтанд, асҳобашон пешопеши он ҳазрат роҳ мерафтанд ва пушти сари он ҳазратро барои фариштагон холӣ мегузоштанд.

Боз Ҷобир ибни Абдуллоҳ(р) дар ҳадисе, ки баъзе аз одоби ҷангии Расули Худоро оварда мегӯянд: Он ҳазрат(с) дар ҷангҳо аз ҳама охир ҳаракат мекарданд ва агар шахси нотавоне аз роҳ рафтан истода буд, бо нармию оромӣ бар пушташон савор мекарданд ва барои муҷоҳидон дуо мекарданд.

Ривоят шудааст, ки Расули Худо(с) ба матои дунё, ки дар назари дигарон хуб ва фиребанда буд, нигоҳ намекарданд.

Боз ривоят шудааст, ки Расули Худо(с) вақте аз чизе нороҳату ғамгин мешуданд, ба намозу ибодати Худованд паноҳ мебурданд.

Ривоят шудааст, ки Расули Худо(с) бо ахлоқи хубашон бо мардум муошират мекарданд, вале дилашон аз онҳо ҷудо буд. Зоҳирашон бо халқи Худо буд, вале дарунашон бо Худованди Мутаол буд.

Ҳамчунин ривоят шудааст, ки Расули Худо(с) танҳоӣ ва халват бо Худовандро дӯст медоштанд.

Ҳазрати Умми Салама(р) мегӯянд: Расули Худо(с) дар охирҳои умрашон ҳамеша, дар ҳоли хестану нишастан ва рафтану омадан мегуфтанд: Худованд поку муназзаҳ аст, аз Ӯ дархости бахшиш ва тавба дорам. Чун аз иллати он пурсидем гуфтанд: Аз сӯи Худованди Мутаол фармон дорам, сипас сураи Насрро мехонданд, ки дар он дастур ба тасбеҳ гуфтан ва талаби бахшиш кардан ба он ҳазрат(с) дода шудааст.

Расули Акрам(с) мефармоянд: Парвардигорам маро ба ҳафт чиз дастур додааст: Маро суфориш кардааст, ки дар тамоми корҳои пинҳону ошкорам, ихлос дошта бошам ва аз касе, ки бар ман ситам кунад, даргузарам ва ба ҳар ки маро аз чизе маҳрум сохтааст, бахшиш кунам ва бо ҳар ки бо ман қатъи робита кардааст, робита барқарор кунам ва сукутам барои фикр кардан ва нигоҳам барои панду ибрат бошад.

Пайғамбари Акрам(с) дар дуояшон мегуфтанд: Худоё! Маро мискину туҳидаст, зинда бидор ва мискину туҳидаст бимирон ва дар зумраи мискинон ва туҳидастон маҳшур кун….

Ҳазрати Абдуллоҳ ибни Авфо(р) мегӯяд: Ҳар вақт касе закоте назди Расули Худо(с) меовард, он ҳазрат қавму қабилаи ӯро дуо мекарданду мегуфтанд: Худовандо, бар оли эшон дуруд фирист.

Дар ривоят омадааст, ки Расули Худо(с) фоли некро дӯст медоштанд ва аз фоли бад хушашон намеомад.

Тазаккур: Манзур аз фол дар ин ҳадис пешгӯӣ нест, яъне ба маънои хушбин будан дар корҳост.

Ҳазрати Алӣ(р) мефармоянд: Ҳар вақт касе назди Расули Акрам(с) сухани дурӯғе мегуфт, он ҳазрат лабханд мезаданду мегуфтанд: Ӯ як ҳарфе гуфт.

Ривоят аст, ки чун асҳоби Пайғамбар(с) наздашон меомаданд, ба ҷои салом мегуфтанд: Субҳ ба хайр, шаб бахайр. Ин салому таҳияти мардуми замони ҷоҳилият буд, сипас Худованд ин оятро фиристод: “Ва Ҳангоме ки назди ту меоянд, туро ба чизе таҳияту салом гӯянд, ки Худованд туро ба он таҳияту салом нагуфтааст“. (Сураи Муҷодила, ояти, 8).

Онгоҳ Расули Акрам(с) ба асҳоб фармуданд: Худованд беҳтар аз инро, ки салому таҳияти биҳиштиён аст, ба мо арзонӣ додааст ва он “ассалому алайкум” аст.

Ҳар вақт яке аз мусалмонон ба Пайғамбар(с) салом мекарду мегуфт: Саломун алайк! Дар ҷавоб Пайғамбар(с) мефармуданд: Ва алайкас салом ва раҳматуллоҳ. Ва чун касе мегуфт: Ассалому алайка ва раҳматуллоҳ. Пайғамбар(с) мегуфтанд: Ва алайкас салом ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ. Он ҳазрат(с) бо ин кор дар ҷавоби саломи саломкунандагон меафзуданд.

Ҳазрати Алӣ(р) мефармоянд: Ҳар вақт хабари таваллуд шудани духтареро ба Расули Акрам(с) медоданд, он ҳазрат мегуфтанд: Шохаи гул аст ва рӯзияш бар Худост.

Пайғамбари Акрам(с) мефармоянд: Ман вазифа дорам, ки закотро аз ағниё бигирам ва ба ниёзмандон бирасонам.

Имом Содиқ(рҳ) мефармоянд: Расули Акрам(с) закоти деҳотиёнро миёни деҳотиён ва закоти шаҳриёнро байни шаҳриён тақсим мекарданд.

Расули Худо(с) мефармоянд: Ман тарбиятшудаи Худо ҳастам, Алӣ тарбиятшудаи ман аст, Парвардигорам маро ба бахшишу некӣ дастур додааст ва аз бухлу ҷафо кардан наҳй намудааст.

Расули Акрам(с) мефармоянд: Ҳар кас аз мо чизе бихоҳад, агар дошта бошем аз ӯ дареғ намекунем.

Ҳазрати Алӣ(р) мефармоянд: Пайғамбари Акрам(с) ҳар вақт ҷизеро фаромӯш мекарданд, пешонияшонро миёни кафи дастҳояшон мегузоштанду мегуфтанд: Худовандо! Сипосу ситоиш махсуси туст, эй ба ёдоварандаи ҳар чиз ва анҷомдиҳандаи он, ончиро фаромӯш кардаам, ба ёдам биёр.

Пайғамбари Акрам(с) мефармоянд: Худованди Таборак ва Таоло шаш хислатро барои ман хуб надонист ва ман низ онҳоро барои ҷонишинонам ва пайравонашон хуб намедонам: Бозӣ кардан бо аъзои бадан ё либос дар ҳангоми намоз, бадзабонӣ дар ҳоли рӯзадорӣ, миннат кардан пас аз садақа додан, дар ҳоли ҷанобат ба масҷид рафтан, бо чашми бад ба хонаи мардум назар кардан ва хандидан дар гӯристон.

Имом Содиқ(р) мефармоянд: Чаҳор чиз аз ахлоқи пайғамбарон аст: Некӣ, бахшиш, сабр дар сахтиҳо ва адои ҳаққи бародари мӯъмин.

Ҳазрати Алӣ(р) мефармоянд: Бисёр вақтҳо Пайғамбари Акрам(с) нигини ангуштарашонро бар кафи даст мегузоштанду тамошо мекарданд.

Поёни матлаб

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.