Касбу кор ва рӯзии ҳалол

104

Касби рӯзии ҳалол

Дар матлаби гузашта гуфтем, ки аз дидгоҳи ислом, сарпарастии иқтисодии хонавода бар ӯҳдаи мард аст. Ба ин маъно, ки зану фарзандон, аёли мард ҳастанд ва аёли мард ба касоне гуфта мешавад, ки харҷи хонавода ва нафақаи онҳо бар ӯҳдаи ӯст…

Дар ин навишта саъй мекунем, ба нукоти резтари ин мавзӯъ ишора намоем ва муҳимтарини ин нукот – касби рӯзии ҳалол аст.

Нахуст ин ки тамоми ҳиммати мардон, бояд ин бошад, ки касбу корашон аз роҳи ҳалол бошад ва нони ҳалол сари суфраи хонавода гузоранд.

Дар ривояте аз Имом Содиқ(р) нақл шудааст: “Вақте мард тангдаст бошад ва кор кунад то рӯзии худ ва хонаводаашро ба даст оварад ва ба дунболи ҳаром наравад, чунин марде, монанди муҷоҳидест, ки дар роҳи Худо ҷиҳод мекунад”. (Ал-кофӣ, ҷ.5, саҳ.88).

Танбалӣ ва бекорию беорӣ осори манфии фаровоне дар хонавода ва иҷтимоъ падид меоварад. Марди танбал ва коҳил наметавонад харҷи худ ва хонаводаашро таъмин кунад. Дар натиҷа, хонавода рӯз барӯз фақиртар мешавад. Баръакс, вақте ки мард пурталош ва шодоб барои таъмини маош ва рӯзии ҳалол бо таваккул ба Худои Мутаол, камари ҳиммат баста, иқтисоди хонаводаро тақвият мекунад, илова бар равнақи иқтисодӣ, сабаби иззату сарфарозии хонавода шуда ва бунёни хонавода маҳкамтар мешавад.

Расули Худо(с) мефармоянд: “Ибодат ҳафтод ҷузъ аст ва беҳтарин ҷузъи он, касби ҳалол аст”. (Биҳорул-анвор, ҷ.100, саҳ.9).

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.