Мудирияти иқтисодии хонавода

97

Сарпарастии мард дар иқтисод, ба чӣ маъност?

Аз дидгоҳи ислом, сарпарастии иқтисодии хонавода бар ӯҳдаи мард аст. Ба ин маъно, ки зану фарзандон, аёли мард ҳастанд ва аёли мард ба касоне гуфта мешавад, ки харҷи хонавода ва нафақаи онҳо бар ӯҳдаи ӯст.

Худованд дар ояти Нисо, ояти 34, мефармояд: “Мардон српараст ва нигаҳбони занон ҳастанд; ба сабаби бартариҳое, ки Худованд барои баъзе, нисбат ба баъзеи дигар, қарор додааст ва ба ҷиҳати инфоқҳое, ки аз амволашон (барои занон) мекунанд”.

Дар ин оят, таъбири “ба ҷиҳати инфоқҳое, ки аз амволашон (барои занон) мекунанд”, ба мудирияти иқтисодии хонавода тавассути мардон ишора шудааст.

Дар мудирияти иқтисодии хонавода, мардон муваззафанд барои таъмини маскану хона, харҷи зиндагӣ, маош, рафоҳу осоиши ҳамсару фарзандонашон талош кунанд ва барномарезӣ кунанд, ба тавре ки на исроф бошад ва на кӯтоҳӣ кунанд.

Дар ривоёти исломӣ, ба занон тавсия мешавад, бо қаноат зиндагӣ кунанд ва каму костии зиндагиро таҳаммул намоянд ва зиндагиро ба коми худ ва шаҳварашон талх накунанд. Дар ҳамин ҳол, ба мардон тавсия мешавад, ки барои рафоҳу осоиши хонавода ва вусъати ризқу рӯзии онҳо талош кунанд.

Дар матлаби баъдӣ, ба сарфаслҳои муҳимми мудирияти иқтисодии хонавода ишора хоҳем намуд…

Идома дорад…

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.