Ёди Худо – калиди пирӯзӣ – II

90

Бахши дуюм

Сабаби растагорӣ

Инсон фақат бо ёди Худо ва анҷом додани аъмоли нек, аз ҷумла ибодатҳо ва дурӣ аз сифатҳо ва корҳои бад, метавонад ба саодат ва растагорӣ бирасад. Ба иборати дигар, тазкия ва ибодату бандагӣ бе ёди Худо имкон надорад. Худованд мефармояд: ”Ба дурусти ки растагорӣ ёфт, онки нафси худро аз гуноҳ пок кард ва номи парвардигорашро зикр кард ва намоз гузорид” ва дар сураи Ҷумъа ҳам ба ин ишора дорад: ”Ва Худоро бисёр ёд кунед, бошад ки растагор шавед”.

***   ***   ***

Ҷалби назар ва муҳаббати илоҳӣ

Зикр ва ёди Худо сабаби нузул ва фуруд омадани неъмат ва раҳмати Худованд ва назару диққати хосси Ӯ ба инсон мегардад. Албатта ин ба ин маъно нест ки, то инсон ёди Худо накунад, Худо неъмат намедиҳад ва кӯмак намекунад, балки ҳамеша лутфу неъмати Худо барои инсонҳо ҷорӣ буда ва ҳаст . Он раҳмату неъмати хоссе, ки барои зикр кунанда нозил мешавад, ғайр аз он неъмат ва раҳматест, ки дигарон истифода мекунанд ва ин махсуси зикр кунандагон мебошад, лизо дар онҷо ки ёд намудани Худо бандаашро ҳамон лутфу раҳмати хосси ӯст ба бандааш ва ғайр аз ин чизе наметавонад бошад. Худованд мефармояд: ”Пас маро ёд кунед, то шуморо ёд кунам”.

***   ***   ***

Оромиши дилҳо

Яке дигар аз фоидаҳои муҳимми ёди Худо, аз байн рафтани нигаронӣ, тарс ва ғамҳост ва оромишу осуда ёфтани қалбу дил мебошад. Ғафлат ва пайравӣ аз ҳавоҳои нафсонӣ ва орзуҳои дароз ва даст наёфтанӣ, дил бастан ба моддиёт ва зарқу барқи дунё ва дурӣ аз маънавиёт, зулму ғорати золимону зӯргӯён ва кирдори бади инсонҳои худхоҳ ба андозае дунёро ноором ва зиндагиро душвор намудааст, ки дилу қалби инсонҳо ғамгин ва ваҳшатзадаву ноором гаштааст, ки дар натиҷа ноумедӣ аз зиндагӣ ва афзоиши худкуширо дар ҷомеаи имрӯзӣ шоҳидем. Дармони ин нигаронӣ ва ноамнӣ фақату фақат бо ёди Худо имконпазир аст. Худованд мевфармояд: ”Огоҳ бошед, танҳо бо ёди Худо дилҳо оромиш меёбад”.

Идома дорад…

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.