Издивоҷ

114

Яке аз суннатҳои некуи башарие, ки аз дер боз миёни инсонҳо роиҷу маъмул буда “издивоҷ” аст. Шояд ҳеч падидае ба андозаи ин суннат ҳаётбахш, мавриди таваҷҷуҳ набудааст, зеро ҳам муҳтавояш ба таври комил бо фитрати инсон ҳамоҳанг аст ва ҳам сабаби рушд ва тарбияти саҳеҳи қувои табии инсон, ирзои ғароиз ва таъмини ниёзҳои асили ӯ мешвад.

Ғаризаи ҷинсӣ яке аз ғаризаҳои пур қудрати башар аст, ки агар барои маҳор ва идораи ба мавқеъ иқдом нашвад ва аз роҳи саҳеҳ таъдил нагардад, зимоми ихтиёри одамиро ба даст хоҳад гирифт ва чун туфони саркаш, ӯро ба мунҷалоби фасод ва табоҳи хоҳад кашонд.

Адёни илоҳӣ ҳамвора ба мардум супориш кардаанд, ки ин ниёзҳоро аз роҳи табии ва машруъ бар тараф кунанду аз ифроту тафрит бипарҳезанд. Дини ислом низ бар асоси таваҷҷуҳе, ки ба ниёзҳои фитрии инсон дорад, барои ашбоъи саҳеҳ онҳо муқаррароти муносибе вазъ карда ва роҳҳои усулиро дар ин замина нишон додааст. Издивоҷ аз назари ислом, танҳо роҳи таъдили ғаризаи ҷинси аст, ки истифодаи саҳеҳ  аз он такомули инсонро дар пай дорад.

Дар ин дарс аввал ба баёни аҳамияти издивоҷ аз дидгоҳи Қуръони карим ва ривоятҳо ишора мекунем, сипас ба баҳс дар бораи накуҳиши муҷарад зистан хоҳем пардохт.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.