Тафоҳуми ҳамсарон ва масъалаи дараҷаи таҳсилӣ

На гоме ҷилавтар, на гоме ақибтар,ҳ амсарам дар канори ман бош ва бо ман гом бардор. Ингуна тай кардан масир бароямон осонтар аст.

87

Ду нафарро тасаввур кунед, ки дастонашон дар дасти ҳам ва дар ҳоли роҳ рафтан ҳастанд, то вақте по ба пойи ҳам пеш мераванд, мушкиле рух намедиҳад ва метавонанд ба масири худ идома диҳанд, аммо вақте яке аз онҳо ба суръати роҳ рафтани худ меафзояд ва он дигар ҳануз ба суръати қабл роҳ меравад, ё ба замин мехӯранд ва ё бояд дастони якдигарро раҳо кунанд. Издивоҷ як ҳамроҳии ҳамешагӣ аст. Мегӯянд зан ва шавҳар бояд на гоме ҷилавтар ва на гоме ақибтар, балки дар канори ҳам бошанд. Ин ҳамроҳӣ ва ҳамқадамӣ аз лаҳзаи аввал то охирин нафас иҷрои он лозим аст.

Яке аз масоиле, ки метавонад ба эҷоди тафоҳум ва созгорӣ байни завҷайн кумак кунад, ҳамшаън дар таҳсил аст. Яъне духтар ва писаре, ки мехоҳанд бо якдигар издивоҷ кунанд, ҳамхонии таҳсилӣ дошта бошанд ва бо таваҷҷуҳ ба фарҳанг, агар қарор аст яке аз онҳо дар соҳаи болотари таҳсилӣ бошад, беҳтар аст писар мадраки болотаре дошта бошад, аммо гоҳе дар замони интихоб ба ин нукта таваҷҷуҳ намекунем ва яке аз завҷайн чанд мақтаи таҳсилии болотар аст. Гоҳе ҳам ду нафар дар як мақтаъ ҳастанд ва баъд аз издивоҷ яке тасмим мегирад идомаи таҳсил диҳад ва дигарӣ на! Дар ҳар ҳол натиҷа фарқе намекунад: мо як хона дорем, як зан, як мард ва ду мадраки таҳсилӣ, ки бо ҳам ҳамхонӣ надорад. Ҳоло чӣ бояд кард?

Иртиботи маънодор ё бемаънии фаъҳм ва савод

Ҳамин аввали кор, таклифамонро бо як чиз равшан кунем беҳтар аст: оё савод, фаҳм меоварад? Инки бигӯем ҳар чӣ инсон босаводтар бошад бофаҳмтар аст, иштибоҳ хоҳад буд, магар фарде, ки ҳар чӣ илм меомӯзад, тафаккур карданро низ бештар тамрин кунад. Масъалаи фисоғурес ба худии худ ба фаҳми зиндагии фардӣ ва иҷтимоӣ намеафзояд, магар касе, ки ҳалли ин масъаларо ёд мегирад, ҳалли масъала дар зиндагиро ҳам биёмӯзад. Аммо ин як воқеият аст, ки афроди таҳсилкарда, бештар аҳли мутолиа ва тафаккур ҳастанд. Аммо як қонуни куллӣ нест.

Аз диплом нагирфтаҳо то мутахассисон

Вақте мегӯем ду нафар аз назари таҳсилӣ ҳамшаън нестанд яъне соҳа ва соли таҳсилии онҳо хеле мутафовит аст вагарна писар 5 сол курсро хат карда дорад ва ҷазби бозори кор шудааст, аммо ҳамсараш баъд аз хатми 5 сол, барои идомаи таҳсил омода мешавад. Ба назар намерасад, ки ин ду дучори мушкил шаванд, аммо вақте чанд бахши таҳсилӣ байнашон тафовут бошад масалан яке диплом ҳам надошта бошад ва дигарашон коршиноси аршад бошад, бо мушкилоте рӯ ба рӯ мешаванд:

  • Нафаҳмидани ҳарфи якдигар
  • Мутафовит будани салиқаҳо ва алоқамандиҳо, дӯстон, аҳдоф ва лаззатҳо
  • Аз байн рафтани эътимод ба нафси ҳамсаре, ки мадраки поинтар дорад ва норизоятии дарунӣ
  • Ҳарфу ҳадиси дигарон
  • Баҳонагирии ҳар кадом аз ҳамсарон ба далели нороҳатӣ аз ин ихтилофи сатҳ
You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.