Таърихчаи рӯза

147

Рӯза дар адён ва умматҳои пешин низ буда ва дорои таърихи кӯҳан мебошад.

Мисриҳои қадим барои парастиши бути худ ба номи Лойсис ва юнониҳо ба унвони ибодати бути кишоварзӣ ба номи Зеймиз рӯза мегирифтанд. Мардуми  Руминия ба гирифтани рӯза шӯҳрат доштаанд ва ба унвони парастиши бути Лезиш, ки ҳамон ситораи Муштарӣ аст, иқдом ба ин амали муқаддас менамуданд. Ҳиндиҳо  барои  ба даст овардани хушнудии Худоё,ни худ рӯза мегирифтанд. Соибиҳо 30 рӯз рӯзаро ба эҳтироми кураи Моҳ бар худ воҷиб медонанд.

Рӯҳониёни бараҳмоӣ низ дар аввали баҳору тирамоҳ ва дар аввал ва чаҳоруми ҳар моҳи қамарӣ ва ҳангоми гирифтани офтоб рӯза мегиранд.

Аз Таврот ва Инҷил фаҳмида мешавад, ки рӯза дар миёни яҳуд ва насрониҳо будааст ва ақвому милали дигар ҳангоми рӯ ба рӯ шудан бо ғаму андӯҳ рӯза мегирифтанд.

Ҳамчунин аз Таврот бармеояд, ки Мусо(а) чиҳил рӯз рӯза доштааст ва яҳуд ҳангоми тавба ва талаби хушнудии Худованд рӯза мегирифтанд. Бинобар гуфтаи Инҷил ҳазрати Исо(а) чиҳил рӯз рӯза гирифтааст «Он гоҳ Исо аз қути рӯҳ ба биёбон бурда шуд, то Иблис ӯро имтиҳон кунад, пас чиҳил шабонарӯз рӯза дошта ва оқибат гурусна гардид».[1]

Ва низ аз Инҷили Луқо ба даст меояд, ки ҳавориёни ҳазрати Исо(а) низ рӯза мегирифтанд.[2]

Густов Лебон вазири собиқи фарҳанги Фаронса дар китоби «Таърихи тамаддуни Ислом ва араб»  дар боби Суннатҳои араб, мегӯяд: Дар миёни арабҳои пеш аз Ислом суннати рӯзадорӣ ба чашм мехӯрад ва ёдовар мешавад, ки рӯзаи насрониҳо чиҳил рӯз ва рӯзаи мусулмонон сӣ рӯз аст, вале ин бисёр сахт аст, аммо мусулмонон дилбастагии бештар нисбат ба рӯза доранд.[3]

Бинобар ин, агар Қуръон мефармояд:

“Ҳамон гуна ки бар пешиниён навишта шуд”, шавоҳиди таърихии фаровоне дорад, ки дар китобҳои адёни дигар, ҳатто баъд аз таҳриф, ба чашм мехӯрад.

Дар  Қуръони Карим сухан аз вуҷуби рӯза дар таърихи гузашта ба миён омадааст, чун ҷанбаи равоншинохтӣ дорад, ки агар кори сахт ва душвор барои ҳамагон муқарар гардад, машаққати он барои афрод аз ҷиҳати равонӣ душвор нахоҳад буд. Муфассири маъруф  Ҷаноби Фахри Розӣ менависад: Чун рӯза як ибодати тоқатфарсо аст, умумӣ будани он барои ҳамагон, сабаби тақвияти тавон ва пойдорӣ аст.

 4و الشیئ الشاق اذا عم سهل تحمله

Маънои савм (рӯза)

Савм (рӯза) дар луғат ба маънои имсок ва худдорӣ аз ҳар чиз аст ва дар истилоҳи фиқҳ иборат аст аз имсок ва худдорӣ аз ончи ки рӯзаро фосид мекунад, аз азони субҳ то азони мағриб, ба қасди анҷом додани фармони Худованд ва чун рӯза гуруснагӣ ва ташнагӣ дар пай дорад, аз ҳикмат ва ҳусни бисёре бархӯрдор аст.

Дар ҳадиси қудсӣ омадааст, ки:

«الصوم لی و أنا أجزئ به»

Рӯза аз они ман аст ва ман подошдиҳанда барои он ҳастам.[5]

Дар оёти Қуръон низ омадааст, ки:

Яъне рӯзаро то аввали шаб ба поён бирасонед.[6]

Албатта ба «сукут» низ савм мегӯянд. Ҳазрати Марям ба фарзанди худ ишора кард ва гуфт: Ту бар покдомании ман гувоҳи бидеҳ! Ҳазрати Исо(а),ки навзод буд ва наметавонист сухан бигӯяд, ба амри Худованд ба забон омад ва аз покдомании модараш хабар дод. Вақте ки ба ҳазрати Марям гуфтанд: Чаро худат сухан намегӯӣ ва аз бачаат ёрӣ металабӣ? ӯ посух дод:

Яъне ман назр кардаам, ки рӯзадор бошам ва бо ҳеҷ кас суҳбат накунам.[7]

[1] -Инҷили Мато, боби 4, рақами 201.

[2] -Қомуси Китоби Муқаддас, саҳ.428.

[3] -Густов Лебон, Тамаддуни Ислом ва араб, Суннатҳои араб, саҳ.654.

[4] -Фахри Розӣ,Тафсири Кабир, ҷ.5, саҳ.75.

[5] -Меҳмонии Худо, Сайид Абулқосими Ҳусейнӣ, саҳ.13.

[6] -Сураи Бақара, ояти/187.

[7] -Сураи Марям, ояти/26.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.