Ҳадафҳои издивоҷ аз нигоҳи Ислом

139

Вуҷуди тамоюлоти нафсонӣ ва ғаризаҳои ҷинсӣ  дар инсон бар асоси масолеҳе аст ва чунон чи ин тамоюлот ба шакли саҳеҳ ва машруъ таъмин шавад, ҳаёти башар тазмин мешавад.

Пайванди заношуӣ аз назари ислом танҳо роҳи ирзои табиъӣ, фитрӣ ва машруъи ғаризаҳои ҷинсӣ аст; бар хилофи тасаввуроти баъзе аз афроди кутаҳ назар, ки пайванди заношуиро танҳо дар чорчуби ирзои хоҳишҳои нафсонӣ матраҳ мекунанд. Ислом аз ин суннати бузурги илоҳӣ ва иҷтимоӣ, гузашта аз таъмини саҳеҳи ин хостаҳо, ҳадафҳои муҳим ва арзишмандеро мадди назар дорад. Маҳдуд кардани ҳадафҳои издивоҷ ба ашбоъи ғаризаҳои ҷинсӣ -дар воқеъ- бе таваҷҷуҳи ба ҷанбаҳои маънавӣ, рӯҳӣ ва иҷтимоии ин суннати илоҳӣ ва фитрӣ аст.

Дар инҷо ба баёни баъзе аз ҳадафҳои издивоҷ мепардозем.

  1. Таксиру афзоиши насл

Таксири насли башар ва бақои он аз тариқи пайванди заношуӣ ҳосил мешавад. Расули худо (с) дар ин замина мефармояд:

“Издивоҷ кунед, то насли шумо зиёд гардад”.[1]

  1. Оромиши рӯҳӣ

Издивоҷ  ба далели эҷоди муҳаббат, тафоҳум ва ҳамдардӣ, бисёре аз ниёзҳои рӯҳии инсонро таъмин мекунад. Инсон дар сояи таъмини ин ниёзҳо -ки ниёзҳои аслии ӯст- ба оромиши рӯҳи даст меёбад. Қуръони карим дастёбӣ ба чунин оромишеро яке аз самараҳои издивоҷ дониста мефармояд:

“Аз нишонаҳои Ӯ ин аст, ки ҳамсарони аз ҷинси худатон барои шумо офарид, то дар канори онҳо оромиш ёбед ва дар миёнатон маваддату раҳмат қарор дод; дар ин нишонаҳое аст барои гуруҳе, ки тафаккур мекунанд”![2]

  1. Ҳифзи дин

Манзур аз таъсири издивоҷ дар ҳифзи дин ин аст, ки инсон бар асари издивоҷ ва ашбоъи тамоюлоти ҷинсии худ аз роҳи саҳеҳ, заминаи ҳидояти худро бештар фароҳам мекунад ва дар фарозу нашеби зиндагӣ ва дар бархурд бо саҳнаҳои инҳироф, беҳтар метавонад ғаризаҳои ҷинсии худро кантролу идора кунад, бар хилофи афроди муҷаррад ки заминаи инҳироф ва ба хатар афтодани дин ва имонашон даргир  ва дори инҳирофҳои ҷинсӣ бештар аст; бо ин ҳол афроди муҷарад ва мутааҳил -ҳар ду – дар ҳангоми таҳоҷуми хоҳишҳои ҷинсӣ бояд дар ҳифзи дину имони худ бикӯшанд. Паёмбари акрам (с) мефармояд:

“ Ҳаргоҳ банда издивоҷ кунад, ниме аз дини худро такмил кардааст ва дар бораи ниме дигар бояд тақвои илоҳӣ пеша кунад”.[3]

Шояд зарурати издивоҷ дар синни ҷавонӣ аз ин ҷиҳат бошад, ки насли ҷавон ба василаи издивоҷ ва бархурдории шоиста, худро аз ҳар гуна инҳироф ва олудагӣ ба гуноҳ ҳифз кунанд ва аз ин тариқ ба ҳифзи дин даст ёбанд ва дар натиҷа бо интихоби ин роҳи саҳеҳ ва машруъ, пуружаи шаётин ва мустакбиронро, ки омили ишоъаи фарҳанги фасоду бе бандубори ҳастанд, ба хок бимоланд; чунон ки Паёмбари акрам(с)  мефармояд:

“Ҳар ҷавоне, ки дар оғози ҷавониаш издивоҷ кунад, шайтони ӯ фарёд мекашад: во вайло! Ин ҷавон динашро аз ман ҳифз кард”.[4]

Вақте ҷавонони ҷомеа дар синҳои муносиб издивоҷ кунанд ва дини худро аз дастбурди душманон ва афсоргусехтагиҳои онон ҳифз кунанд, бо оромиши хотири бештар ва таҳорати шоистатар роҳи наздик ба худоро тай мекунанд. Ҳамоно ҳазрат мефармуд:

“Ҳар кас дӯст дорад, Худоро бо таҳорату покизагӣ мулоқот кунад, бо [издивоҷ ва] доштани ҳамсари [шоиста] ӯро мулоқот кунад”.

[1]. Саҳифатуд Биҳор, Шайх Аббоси Қумӣ, ҷ 3, саҳ 509

[2]. Сураи Рум, ояти 21

[3]. Биҳор, ҷ 103, саҳ 220

[4]. Канзул Аммол, ҷ 16, саҳ 276

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.