Реҳлати Уммулмӯъминин Хадиҷаи Кубро(р)

188

10-уми моҳи мубораки Рамазон: Реҳлати Уммулмӯъминин Хадиҷаи Кубро(р)

 Ҳазрати Хадичаи Кубро аввалин ҳамсари Расули Худо(с) ва аз бонувони бузурги олам аст. Падараш Хувайлид ибни Асад ва модараш Фотима бинти Зоида буд. Шуғли ин бонуи солиҳа пеш аз издивоҷ бо Расули Аъзам(с) тиҷорат буда аст. Ин бону назди тоҷирони он замон ба унвони тоҷири амину солим шинохта шуда буд. Абутолиб амуи гиромии Расули Худо(с), ки сарпарастии он ҳазратро бар ӯҳда дошт ба Эшон пешниҳод кард бо сармояи Хадича тиҷорат кунад ва он ҳазрат пазируфт. Ҳазрати Хадича(р) овоза ва шӯҳрату амонатдорӣ ва ростгӯӣ ва макорими ахлоқи ҳазрати Муҳаммад(с)-ро шунида буд, лизо аз ин пешниҳод бо хушнудӣ истиқбол кард. Майсара Ғуломи ҳазрати Хадича(р) баъд аз чанд сафари тиҷорӣ шигифтиҳои ахлоқӣ ва амонатдорӣ ва баракати Расули Худо(с)-ро, ки дар ин сафарҳо дида буд ба Хадича бозгӯ кард ва сабаби алоқаманд шудани ҳазрати Хадича барои издивоҷ бо он ҳазрат шуд. Хутбаи никоҳи онҳоро дар ҳоле, амуи Паёмбар(с) Абутолиб хонд, ки ҳазрати Муҳаммад биступанҷсол ва ҳазрати Хадича чиҳилсол доштанд. Ин бонуи хирадманд баъд аз издивоҷ тамоми сарвати худро дар ихтиёри Ҳазрати Муҳаммад(с) гузошт ва ба унвони ёри мушфиқ ва ҳамдами муносиб ва ёвари Ӯ дар амалӣ намудани барномаҳояш ба эшон кӯмак мекард.

Ҳангоме, ки Паёмбари Аъзам(с) дар ғори Ҳаро машғул ба ибодат ва эътикоф буд ҳазрати Хадича ӯро ташвиқ ва ҳимояти маънавӣ мекард. Ҳангоме ки ба он ҳазрат ба паёмбарӣ мабъус шуд ҳазрати Хадича ба унвони аввалин зан ба он ҳазрат имон овард ва ӯро тасдиқ кард ва дар канори ӯ ҳамаи сахтиҳоро ҳамчун ёвари он ҳазрат таҳаммул намуд ва бартарафкунандаи ғаму андуҳи Расули Худо шуд. Он ҳазрат ҳамроҳи Паёмбари Аъзам(с) ва ҳазрати Алӣ(к) ба аввалин намози ҷамоатро дар канори хонаи Худо иқома намуданд.

Ин пайванди муборак бисту чаҳор сол идома ёфт ва ҳосили он ду писар ба номҳои Қосим ва Абдуллоҳ ва чаҳор духтар ба номҳои Зайнаб, Уммигулсум, Руқая ва Фотима буд. То замоне, ки ҳазрати Хадича дар сини 65 солагӣ аз дунё рафт ҳазрати Муҳаммад(с) ҳеҷ ҳамсари дигаре интихоб накард. Расули Худо(с) ӯро дар Ҷуҳун яке аз манотиқи шаҳри Макка дар қабристони Абутолиб дар канори қабрҳои Абдуманоф, Абдулмуталиб ва Абутолиб дафн кард. Реҳлати Хадича ёвару муниси Расули Худо он қадар бар эшон сангин омад, ки он солро соли андуҳ номиданд.

Ҷойгоҳи волои Уммулмуъминин Хадича(р) назди Расули Худо(с). Расули Худо(с) фармуданд: Аз  занони дунё Марям духтари Имрон, Хадича духтари Хувайлид, Фотима духтари Муҳаммад(с) ва Осия духтари Музоҳимҳамсари Фиръавн барои шумо кофӣ аст.[1] Аз расули Худо(с) хитоб ба занонаш нақл шудааст, ки ҳазрат фармуданд: Ба Худо қасам Хадича ба ман ҳангоме имон овард, ки дигарон манро кофир медонистанд ва замоне ки дигарон маро тарк карда буданд, паноҳам дод ва молашро ба ман бахшид ва ман онро дар роҳи Худо сарф кардам ва Худованд аз тариқи ӯ ба ман фарзанд дод, дар ҳоле ки аз ҳеҷ кадоми шумо соҳиби фарзанд нашудам.[2]

[1] . Сунани Тирмизӣ, 5/367.

[2] . Мунтахаби Канзул уммол, 5\116, ва Ал-Исоба зайли Хадича.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.