Роҳкорҳои касби оромиш дар шароити равонии номуносиб (1)

Афрод ҳар рӯз дар зиндагии рӯзмрраи худ, бо фаъолиятҳои изтиробзо ва чолишбарангези мутааддиде мувоҷеҳ мешаванд, ки дар бисёре аз маворид ҳифзи оромиш, амри тақрибан ғайримумкин ба назар мерасад, соатҳои тӯлонии корӣ, қарорҳои мулоқот, пайравӣ аз дастурот ва вазоиф, муроқибат аз хонавода ва тасмимгириҳои дуруст сабаби ворид омадани фишор ва аз даст додани худконтролӣ мегардад, аз ин рӯ, ёдгирии наҳваи ҳифзи оромиш ва таодули дарунӣ аз аҳамияти болое бархурдор мебошад, дар идома бархе аз одатҳо ва стратегияҳои коромад барои ҳифзи оромиш дар мавқеиятҳои ихтиробзо, ироа шудаанд.

90

Чигуна дар шароити сахт оромиши худро ҳифз кунем?

  1. Нафаси амиқ бикашед

Ҳангоме, ки дар мавқеияти изтиробзо қарор гирифтаед, панҷ нафаси амиқ бикашед, ҳабси нафас ё тангии нафс дар мавқеиятҳои изтиробзо, амри оддӣ ва маъмул мебошад, дар чунин мавқеиятҳое ҳамонанди бод кардани бодкунак, бояд аз нафасҳои амиқ аз ноҳияи шикам ё дёгаром, истифода гардад, ҳангоми боздами ин нафаси амиқ чунин тасаввур намоед, ки изтироб ба самти берун аз бадани шумо ҳидоят мешавад.

  1. Бадани худро шул кунед

Қисматҳои аз бадан монанди фак, шонаҳо ё азулот ва ғайраро, ки дар мавқеиятҳои изтиробзо, дучори кашидагӣ мешаванд, шиносоӣ намоед, ба манзури ҳифзи оромиши бадан, бахшҳои дучори гирифтагишударо ба оромӣ масаж диҳед, илова бар ин, ин масаж гурӯҳҳои азулонии аслиро вориди чархаи дастёбӣ ба оромиши куллии бадан, мекунад.

  1. Мавқеияти изтиробзоро беш аз ҳадд мавриди таҷзия ва таҳлил қарор надиҳед

Ҳангоми ибрози нигарониҳои беҷо дар мавриди масоили мухталиф, ин амр ба суръат сабаби эҷоди изтироб мегардад, дар мавриди масоиле, ки хориҷ аз контроли шумо мебошанд, дучори изтироби беш аз ҳад нашавед, дар сурате, ки шурӯъ ба таҷзия ва таҳлили беш аз ҳадди мавқеият намудед, пиёдаравии кӯтоҳ намуда, ба мусиқӣ гӯш дода ва ё матлаби мутафовит барои дурӣ аз ин масъалаи изтиробзо, мутолиа намоед, беҳтар аст ба масоили хушоянд барои худ, тамаркуз намоед.

  1. Ҳамаи масоилро шахсӣ напиндоред

Масоил ҳамвора марбут ба шахси шумо намебошанд, агар фарде аз суханони густохона барои сӯҳбат ва ҳамла ба шумо истифода менамояд, кофӣ аст ба худатон ёдоварӣ намоед, ки ин амр марбут ба шумо намебошад, метавонад ба далели аз даст додани оромиш, доштани рӯзи бад, адами ризоят аз шуғли худ ё ҳатто асабонӣ будан ба далелҳои шахсӣ бошад, агар худро ба ҷои фард қарор диҳед, ба ҷои нишон додани аксуламал, саъй мекунед то худатонро ором намоед.

  1. Маконҳои оромишбахшро таҷассум кунед

Чунин тасаввур намоед, ки дар маҳалли амн ва оромишбахш ҳамчун соҳил ё табиат ҳастед, фардеро, ки сабаби ҳисси оромиш шуда ё дар гузашта аз вақтгузаронӣ бо вай лаззат мебурдед, дар канори худ тасаввур кунед.

  1. Аз биниши дарунии худ истифода кунед

Бидуни таваҷҷуҳ ба вазъияти мавҷуд, аз биниши дарунии худ баҳра гирифта ва ба эҳсосоти худ имон дошта бошед, истифода аз ғаризаҳо дар тасмимгириҳои дуруст, кумаки шоёне ба шумо менамоянд, чунин тасмимҳое сабаби беҳбуди кайфияти зиндагӣ ва эҷоди муҳити оромтар мешавад.

  1. Ба нидои дарунии худ, гӯш фаро диҳед

Пайравӣ аз нидои дарунии худ ба шумо дар ёфтани роҳи дуруст, кумаки қобили таваҷҷуҳе мекунад ва ба ин тартиб, зиндагии ҳамоҳангтар бо усули ахлоқӣ ва арзишҳои худ хоҳед дошт, илова бар ин, гӯш додан ба нидои дарунӣ сабаби беҳбуди оромиши зеҳнӣ мешавад.

  1. Афкори худро дар дафтаре ёддошт кунед

Ёддошт кардани афкори худ ба рӯи коғаз яке аз беҳтарин равишҳои муқобила бо изтироб ва дастёбӣ ба оромиш мебошад, навиштан дар холӣ намудани зеҳн аз афкори парешонкунада ва касби оромиш нақши қобили таваҷҷуҳе дошта ва дар шиносоии нигарониҳо ва чолишҳои зиндагӣ низ аҳамият дорад.

  1. Раволҳои рӯзмарра барои зиндагии худ танзим кунед

Танзими раволҳои рӯзмарра дар зиндагӣ, изтироби ношӣ аз тасмимгириро аз байн бурда ва сабаби коҳиши ҳаргуна энержии пуртаниш дар зиндагии фард мегардад, ҳангоми танзими раволҳои рӯзмарра дар зиндагӣ, зеҳни худро аз тафаккурот холӣ намуда ва ба ин тартиб бештар ба умури дигар меандешед.

  1. Барои барномарезии рӯзи худ, 15 дақиқа зудтар аз хоб бедор шавед

Барномарезии рӯз таъсири қобили таваҷҷуҳе бар тасҳили зиндагии фардӣ дорад, 10  то 15 дақиқа зудтар аз замони маъмули худ, аз хоб бедор шавед, сипас дар мавриди наҳваи сарфи замони худ дар тӯли рӯз, барномарезӣ намоед. Пешниҳод мекунем, феҳристе таҳия намуда ва ҳар як аз маворидро пас аз итмоми анҷоми онҳо, дар феҳристи худ хат бизанед, ин масъала сабаби эҷоди ҳисси такомул ва ҳифзи оромиш дар мавқеиятҳои изтиробзо мегардад.

  1. Феҳристе аз корҳое, ки бояд анҷом диҳед, таҳия намоед

Таҳияи феҳристе аз корҳое, ки бояд анҷом бишаванд, дар авлавиятбандии корҳои рӯзмарра, нақши қобили таваҷҷуҳе ба ӯҳда дорад, дар тӯли рӯз, париш аз коре ба кор дигар, бидуни тамаркуз ба дигаре, амри маъмул ва осон мебошад, ин амр сабаби эҷоди изтироби изофӣ ва дилҳура дар зеҳн мегардад, истифода аз феҳристи корҳое, ки бояд анҷом бигиранд, сабаби коҳиши изтироб ва ҳифзи оромиши зеҳн мешавад.

  1. Феҳристи корҳоеро, ки бояд анҷом диҳед, коҳиш диҳед

Феҳристи бесару таҳ аз корҳое, ки бояд дар тӯли рӯз анҷом бигиранд, сабаби афзоиши изтироб мегардад, феҳристи корҳоеро, ки бояд анҷом диҳед коҳиш диҳед, беҳтар аст то анҷом бархе аз корҳоро ба ҳафтаҳои оянда, ба таъхир биандозед, ин масъала ба тамаркузи бештар ба корҳо кумак карда ва ба ин тартиб, муҳимтарин корҳоеро, ки дар феҳристи худ қарор додаед ба беҳтарин наҳв, анҷом хоҳед дод.

  1. Феҳристе аз корҳоеро, ки набояд анҷом диҳед ҳам омода кунед

Гоҳе вақтҳо шиносоии корҳои изофа, ки ҷузви масъулиятҳои аслии шумо намебошанд ва ҳамчунин мавориде ки дигар афрод ба ҷои шумо қодир ба анҷом онҳо мебошанд, аз аҳамияти болое бархурдор ҳастанд, дар бисёре аз маворид, афрод барои кумак ба мо дар анҷоми корҳои рӯзмарраи худ, мунтазири ироаи чунин тақозое мебошанд.

  1. Умури худро созмондеҳӣ намуда ва ошуфтагиҳоро бартараф кунед

Дарҳам рехтагӣ дар манзил ё муҳити корӣ сабаби эҷоди изтироб мешавад, мураттаб кардани фазое, ки дар он қарор гирифтаед, нақши қобили таваҷҷуҳе дар оромиши зеҳн ва дурӣ аз изтироб ба ӯҳда дорад.

  1. Мавориди ғайризаруриро аз зиндагии худ ҳазф кунед

Мавориди ғайризарурӣ, хоҳ ашёъ, хоҳ афродро аз зиндагии худ хориҷ намоед, маворидеро, ки дар зиндагии шумо аҳамият доранд аз зиндагиятон ҳазф намоед, ин масъала сабаби ҳазфи ҳаргуна тааҳҳуди ғайризарурӣ ва коҳиши изтироб мешавад.

  1. Аҳдофи худро ба чандин ҳадафи кӯчак тафкик кунед

Дар сурате, ки ҳадафи таъйиншуда, ниёзманди замон ва сабри қобили таваҷҷуҳе мебошад, беҳтар аст то ин ҳадафро ба чандин ҳадафи кӯчактар тақсимбандӣ намоед, дастёбӣ ба чандин ҳадаф сабаби афзоиши ҳисси дастёбӣ ба муваффақият, эҷоди ангеза ва сабри кофӣ барои таҳаққуқи тамомии аҳдоф мешавад.

  1. Аз анҷоми чанд вазифа ба таври ҳамзамон иҷтиноб намоед

Вазифаеро ба ӯҳда гирифта ва пеш аз итмоми он, вазифаи дигарро ба суръат ба ӯҳда нагиред, истироҳат байни вазоиф, зарурӣ мебошад, ба ин тартиб, дар муҳити танишзо ба ифои вазиқа напардохта ва ба роҳатӣ оромиши худро дар тамомии шароит ҳифз кунед.

  1. Дидгоҳи худро мавриди таҷзия ва таҳлил қарор диҳед

Агар чизе сабаби эҷоди изтироб дар шумо мешавад, нафаси амиқ кашида ва дар мавриди инки ин амр арзиши изтироб дорад ё не, бо худ тафаккур намоед, оё ин вазъият, чанд соат, чанд рӯз, чанд ҳафта, чанд моҳ ё ҳатто чанд соли дигар, низ аҳамият дорад?

Ин гуна ба зудӣ мутаваҷҷеҳ хоҳед шуд ин вазъият, ки ҳамакнун сабаби эҷоди изтироб шудааст, дар рӯзҳои оянда, арзише нахоҳад дошт, пас иҷоза надиҳед то умуре, ки хориҷ аз контроли шумо мебошанд, сабаби эҷоди изтироб шаванд.

  1. Агар фарди дигар дар мавқеияти шумо қарор дошт, чӣ мекард

Гоҳе вақтҳо тағйири дидгоҳи хеш, таъсири қобили таваҷҷуҳе дар коҳиши изтироб дорад ва фардеро, ки эҳтироми қобил таваҷҷуҳе дар зиндагӣ барои вай қоил мебошед дар назар гирифта ва таҷассум намоед, ки агар ин фард ба ҷои шумо дар ин мавқеияти изтиробзо қарор мегирифт, чӣ коре анҷом медод.

Ин кор сабаби дастёбӣ ба дидгоҳи ҷадид дар мавриди мавқеияти изтиробзо мегардад.

  1. Мушкилотеро, ки сабаби эҷоди нигарони мешаванд, билофосила ҳал намоед

Агар аз масоиле, ки сабаби эҷоди нигаронӣ ва изтироб мешаванд, огоҳии кофӣ доред, муқобила ва ҳалли ин масоил барои ҷилавгирӣ аз изтироб ва фишори изофа бар зиндагии рӯзмарраи худ, илзомӣ буда ва аз аҳамияти болое низ бархурдор мебошад.

 

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.