Ҳадиси ахлоқ

115

1 – Паёмбари Акрам(с) фармуданд: “Маҳбубтарини шумо дар назди Худованд, хушахлоқтарини шумост”.

2 – Аз Имом Содиқ(р) нақл шудааст, ки фармуд: “Хушахлоқӣ дар байни мардум, зинати ислом аст”.

3 – Имом Алӣ(р) фармуданд: “Гӯши худро ба шунидани хубиҳо одат бидеҳ ва он чӣ ки ба салоҳу дурустии ту намеафзояд, гӯш масупор, зеро ин кор, дилҳоро зангор мезанад ва боиси сарзаниш мешавад”.

4 – Имом Содиқ(р): “Оё ба шумо бигӯям, макорими ахлоқ чист? Гузашт кардан аз мардум, кӯмаки молӣ ба бародарони динии худ ва бисёр ба ёди Худо будан”.

5 – Имом Алӣ(р): “Худатро ба корҳои зебо одат бидеҳ, ки агар ба онҳо одат кунӣ, бароят лаззатбахш мешаванд”.

6 – Имом Алӣ(р): “Фазоили ахлоқӣ ва сифоти писандида чӣ ба сахтӣ ба даст меоянд ва чӣ осон аз даст мераванд”.

7 – Паёмбари Акрам(с) фармуданд: “Хушахлоқтарини шумо, касест, ки нармхӯву беозоранд, бо дигарон унс мегиранд ва аз дигарон унсу улфат мепазиранд”.

8 – Паёмбари Акрам(с) фармуданд: “Се чиз аст, ки ҳар кас надошта бошад, на аз ман аст ва на аз Худованд. Саҳобагон пурсиданд: Эй Русули Худо(с), онҳо кадоманд? Фармуданд: Ҳилму бурдборӣ, ки ба василаи он ҷаҳолати нодонро дафъ кунад, ахлоқи хуш, ки бо он дар миёни мардум зиндагӣ кунад ва порсоӣ, ки ӯро аз нофармонии Худо боздорад”.

9 – Аз Абуабдулло Имоми Ҳасани Аскарӣ(р) нақл шудааст: “Барои адаби ту ҳамин бас, ки ончиро аз дигарон намеписандӣ, аз он дурӣ кунӣ”.

10 – Имом Алӣ(р): “Биҳиштиҳо чаҳор нишона доранд: рӯи кушода, забони нарм, дили меҳрубон ва дасти диҳанда (бахшанда)”.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.