Фалсафаи рӯза ва осори он дар Қуръон

97

Рӯза мадрасаи омӯзиши пайкор аст. Дарсҳои фишурда барои омӯхтан ва амал кардан. Худованд дар Қуръони Карим мефармояд:

‏ذَلِكُمْ خَيْرٌ لَكُمْ إِنْ كُنْتُمْ تَعْلَمُونَ1

Ин ибодат ва ибодатҳои дигар чизе бар мақому ҷалоли Худо намеафзояд, балки тамоми суд ва фоидаи он насиби ибодаткунандагон мешавад.

Ман накардам халқ то суде кунам,

                                                      Балки бар бандагон ҷуде кунам.[2]

Аз  инрӯ  дар ин навиштор саъй мешавад фалсафа ва таъсири рӯза ва нақши он, дар арсаи фардӣ ва иҷтимоӣ баррасӣ шавад, то аз ин тариқ инсон  ба мақоме, ки шоистааш ҳаст бирасад.

Маънои рӯза

Рӯза ба маънои нигаҳдории аъзои бадан аз гуноҳ аст.[3] Бинобар ин бояд донист рӯза на фақат нигаҳдории худ аз  хӯрдану ошомидан ва монанди онҳост, балки нигаҳдории аъзову ҷавореҳ  аз ҳамаи бадиҳо  ва корҳои зишт ва ҳатто нигаҳдории дил аз таваҷҷӯҳи ғайри Худост[4].

Ҳазрати Алӣ(к) фармуданд: ” Чӣ бисёр рӯзадороне, ки баҳрае аз рӯзаи худ надоранд, ҷуз ташнагӣ. Ва чӣ бисёр  бапохезоне, ки баҳрае аз қиёми худ надоранд, ҷуз бедорӣ”.

Фалсафаи рӯза

Шабоҳат пайдо кардан ба олами фариштагон.

Ғарази аслии рӯза ҳамранги олами фариштагон шудан аст. Яъне худро ҳамранги фариштагон, бениёз кардан аз шаҳавот аст, ки  бо кам хӯрдан ва дердер хӯрдан ҳосил мешавад.[5]

Озодӣ

Яке аз барномаҳои озодибахши Ислом “рӯза” аст. Сирри рӯза доштан ин аст, ки бар қувваи шаҳвия лаҷом занад, то худаш ва нафсашро назорат кунад ва аз тасаллути шайтон, берун гардад.

Ҳазрати Алӣ(к) мефармояд:

6” من ترک الشهوات کان حرّا

Чӣ басо афроде, ки  доди озодихоҳӣ доранд ва дигаронро ба озодӣ мехонанд, бе онки таваҷҷӯҳ дошта бошанд  асиранд ва аз худ ихтиёр надоранд. Бисёре аз ашхос ҳуқуқи дигаронро поймол карда ва онро дастхуши хостаҳои нафсонии хеш ва иродаи худ сохта ва худро бар милал ва ҷавомеъ, фармонравои мутлақ мешуморанд, низ аз ин неъмати озодӣ маҳруманд. Чунин касоне худ ва инсонияти  хешро дар асорати ҳавои нафс андохтаанд ва натавонистаанд дар боғистони озодӣ ворид шаванд[7].

 8 وَيَضَعُ عَنْهُمْ إِصْرَهُمْ وَالْأَغْلَالَ الَّتِي كَانَتْ عَلَيْهِمْ

Таярони мурғ дидӣ ту зи пойбанди шаҳват?

                                        Бадар ой то бибинӣ таярони одамият.

Хӯру хобу хашму шаҳват, шағаб асту ҷаҳлу  зулмат,

                               Ҳайвон хабар надорад зи ҷамоли одамият.

Тақво

 9 یا أَيُّهَا الَّذينَ آمَنُوا کُتِبَ عَلَيْکُمُ الصِّيامُ کَما کُتِبَ عَلَي الَّذينَ مِنْ قَبْلِکُمْ لَعَلَّکُمْ تَتَّقُونَ

Дар ин оят фалсафаи ин ибодати инсонсозро дар як ҷумлаи кӯтоҳ, аммо пурмуҳтаво чунин баён мекунад: لَعَلَّکُمْ تَتَّقُونَ То шояд аҳли тақво шавед”. Тақво ҳамон ҳолати худнигаҳдорӣ аз гуноҳ аст (ва ба маънои парҳез нест, гарчи парҳез аз нописандиҳо лозимаи он аст, балки дур будан аз гуноҳ ва дар амон мондани аз он аст). Ва ин ҳолат, ҳарчи бештар тақвият шавад, нигаҳдории ӯ аз гуноҳ низ тақвият хоҳад шуд.[10] Рӯза сабаби муҳиммест, барои парвариши рӯҳи тақво дар тамоми заминаҳо, то инсонро аз олами ҳайвоният ба ҷаҳони фариштагон боло барад.[11]

Рӯза ёдоварии гуруснагӣ ва ташнагии охират

Имом Ризо(р) дар ҳикмати рӯза мефармояд: “Рӯза ба ин хотир фарз шуааст, ки то мардум ранҷи гурснагӣ ва ташнагиро бичашанд ва ба ниёзмандии худ дар охират пай бибаранд.  Рӯзадор бар асари гуруснагӣ ва ташнагие, ки ба ӯ мерасад хошеу фурӯтан, толиби ризову савоби Худо ва  собиру бурдбор шавад ва ба ин сабаб мустаҳиққи савоб гардад ва… то рӯза дар дунё пандгӯи онон бошад ва эшонро дар роҳи анҷоми таколифашон рому варзида кунад”.[12]

Ихлос

Яке дигар аз ҳикмати рӯза ихлос аст ва аз ҷумлаи ибодатҳоест, ки бо хулусу покии ният анҷом мешавад. Касе, ки нияти пок, шавқ ба итоати фармони Худо ва посух ба нидои виҷдон надошта бошад, худро аз гуноҳ боз намедорад, хештандорӣ  наменамояд ва дар хилват аз хӯрдану ошомидан парҳез нахоҳад кард. Касе, ки дар ҳузуру ғиёби мардум имсок (худнигаҳдорӣ аз хӯрдану ошомидан) дорад, дорои нияти қурбату ихлос  ва итоаташ воқеъю ҳақиқӣ аст.[13] Шояд яке аз асрори ошкор накардани рӯзахӯрӣ, ҳамин бошад, ки рӯзадор дар миёни берӯзаҳо махфӣ бимонад. Дар ҳадисе аз Фотимаи Заҳро(р) омадааст: “Худованд рӯзаро барои устувории ихлос, воҷиб фармудааст”[14].

Осори рӯза.

1 –Осори тарбиятӣ;

Рӯза ва ҳалли мушкилот: Аз онҷо ки дар масири зиндагӣ душворӣ ва мушкилот вуҷуд дорад, дастур додаанд дар сахтиҳо ва мушкилот рӯза бигиред;

[15]“واستعنوا بالصبر و الصلوه”

  “Сабр” ба ақидаи муфассирон “рӯза” мебошад. Ин рӯза чӣ нақше дорад, ки мушкилро ҳал мекунад? Агар касе барои Худо рӯза гирифт, чун корҳо ба дасти ӯст мушкилро ҳал мекунад[16]. Аз ин рӯ фармудаанд:

” يا مسّهل الامور الصعاب”

Яъне; Эй Осонкунандаи корҳои мушкил!”

Қуръон мефармояд:

“Мо корҳоро барои афроде, ки дар масири мустақиманд осон мекунем”.

 Рӯза ва саркӯбии тамоюлоти нафсонӣ

Рӯза боис мешавад, ки одамӣ бар нафси саркаши хеш лаҷом занад ва хоҳишҳои номашрӯъ ва номаъқули нафсро таҳти назорати худ дароварад. Мо вақте ба нақши рӯза дар худсозии нафс ва осоиш дар дунё огоҳ мегардем, ки бидонем тамоми ончиро ки бар хилофи инсоният воқеъъ мешавад, ношӣ аз худхоҳиҳо ва ҳавоҳои шайтонӣ аст. Шаҳавот силоҳи шайтон аст. Ҳар куҷо пои ҷангу ҷидол аст, пои шайтон ва шаҳавот дар миён аст ва то инсон аз хоҳишҳои нафсонӣ ва шаҳавот раҳоӣ наёбад, зулму ситаму фасоду гуноҳкорӣ идома хоҳад дошт. Бинобар ин рӯза сабаби муҳиммест, ки бо истифода аз он метавон бар  хоҳишҳои нафсонӣ ғолиб омад”.[17]

Қудрати ирода

Рӯзадор ба хотири рӯза гирифтан бо маҳдудиятҳои муваққате рӯ ба рӯ мешавад, ки рӯза ба ӯ қудрати муқовимат, қуввати ирода ва тавони мубориза  бо ҳаводиси сахтро мебахшад.[18] Дар воқеъъ чун рӯзадор, муддате нафсро аз хоҳишҳои нафсонӣ боз медорад, тадриҷан ҳолати тасмим ва ирода дар вуҷуди ӯ падид омада, метавонад аз тамоми хостаҳои худ, ки барои ӯ зиёнбахш бошад, чашм бипӯшад ва ҳолати ҳайвоният аз ӯ салб шуда, кам-кам дар асари тоату ибодат аз мақоми малоика ҳам болотар равад.[19] Бинобар ин нақши рӯза ва таъсири он дар такмил ва тақвияти ирода бисёр муҳим аст; зеро рӯза тамрини хештандорӣ, тақвияти ирода ва эҷодкунандаи азми маҳкам аст.[20]

Бедорӣ; Яке аз аҳдоф ва барномаи динӣ ин аст, ки виҷдони башар ҳамеша зинда бимонад ва аз заъфу сустии он пешгирӣ шавад. Агар инсон бо ҳавои нафси худ мухолифат накунад ба тадриҷ дили ӯ торик мешавад, то ҳадде ки аз корҳои зишту нописанд ҳеҷ гуна аксуламале дар ниҳоди хеш намеёбад[21] ва мисдоқи ин оят қарор мегирад, ки мефармояд:

“Худованд бар дилҳо ва гӯшҳои онҳо мӯҳр задааст ва бар чашмҳои онҳо парда аст, (ки ҳақро намебинанд)”.

Аз осори рӯза он аст, ки аз “ман”-и дурӯғинат раҳо мешавӣ, ки ҳосили он бедорӣ ва дубора зинда шудан аст. Ҳамон гуна ки дарахтҳои бузург, то оғози баҳор, зинда мешаванд, ту бо рӯза гирифтан аз хоби зимистонаи хеш берун меоӣ. Агар то кунун, хоб дар хидмати бедорият буд, акнун бедорият ба хидмати хоб меояд[23].

 

Сабр; ҷазаъ иборат аст аз дилтанг шудан дар масоиб ва парешон шудани хотир. Ва сабаби куллии он “заъфи нафс” аст. Ва ин сифат, аз ҷумлаи муҳликоти бузург аст. Зидди сифати “ҷазаъ”, “сабр” аст ва он иборат аст аз суботи нафс ва итминони он ва парешон нагаштани он дар балоёву мусибатҳо ва муқовимат кардан дар баробари сахтиҳову мушкилот.[24] Сабр дар Қуръон яъне нерӯе, ки маро бар душман пирӯз кунад, на  қудрате, ки пирӯзии душманро бар ман таҳмил кунад. Касе, ки дар баробари  гуруснагию ташнагӣ ва иҷтиноб аз гуноҳ муқовимату пойдорӣ кунад, ин тамрину риёзат ором-ором дар ӯ ба сурати малака  ва сифати собите дар хоҳад омад, ки бадин васила гуноҳон ва масоиб дар баробари нерӯи имони ӯ, шикаст хӯрда ва аз ҳам фурӯ мепошад. 

Оромиш

“Худованд роҳатии шуморо мехоҳад ва заҳмати шуморо намехоҳад”.

Ин оят ишора ба ин нукта дорад, ки рӯза гирифтан гарчи дар зоҳир як навъ сахтгирӣ ва маҳдудият аст, аммо саранҷомаш роҳатӣ ва осоиши инсон аст. Ҳам аз назари маънавӣ ва ҳам аз назари модӣ…”[26]

“Рӯза гирифтан барои шумо беҳтар аст, агар бидонед”.

Дар ҳадисе Имом Боқир(р) мефармояд: “Рӯза ва ҳаҷ оромишбахши дилҳост”.[28]

Ҳикмат ва маърифат

Дар ҳадиси Меъроҷ омадааст, Пайғамбар(с) ба Худо арз кард: Парвардигоро! Мероси рӯза чист? Худованд фармуд: Рӯза ҳикмат ба ирс мениҳад, ҳикмат маърифат ва маърифат яқинро ба ирс мегузорад ва банда вақте ки ба яқин  расад, дигар барояш аҳамият надорад, ки чӣ гуна шабу рӯзи худро бигузаронад; ба сахтӣ ё ба осонӣ.[29]

Ва дар ҳадиси қудсие Худованди Мутаол ба Довуд(а) ин гуна ваҳй фиристод: “Эй Довуд! … Ман донишро дар гуруснагӣ ва ранҷу талош ниҳодаам, аммо онон(бандагон) онро дар серӣ ва осоиш меҷӯянд, дар натиҷа онро намеёбанд”.[30]

Покии фикр ва қалб

Дар ҳадисе  Имом Алӣ(к) мефармояд: “Ҳар касе хӯрокаш кам бошад, андешааш сафо меёбад”. Дар ҳадиси дигаре низ  Паёмбари Акрам(с) фармудааст: “Агар касе хӯроки худро кам кунад, дарунаш аз нур саршор мегардад”.[31]

Рӯза роҳе барои ғалаба бар душмани берунӣ

Хоҳишҳои нафсонӣ, душмани дарунии инсон маҳсуб мегардад ва ғалаба бар ин душмани саркаш, мушкилтар аз душмани берунӣ мебошад ва асосан инсон, то бар душмани дарунии худ ғолиб наояд, ҳаргиз қодир ба пирӯзӣ бар душманони берунӣ нахоҳад буд. Аз ин рӯ рӯза роҳе барои ғалаба бар душмани дарунӣ (ҳавои нафс) ва душмани берунӣ (шайтон) хоҳад буд”[32].

Ҳифзи имон (иффат ва покдоманӣ)

Дар ҳадисе Пайғамбари Акрам(с) мефармояд: “Рӯза ба манзалаи сипарест дар баробари ҳадафҳои шайтон…”   Дар ҳадиси дигаре мефармояд: “Эй гурӯҳи ҷавонон! Агар мехоҳед аз шарри шайтон дар амон башед, издивоҷ кунед ва ҳамсари шоиста интихоб кунед, то ба зино ва гуноҳони дигаре, дучор нашавед ва агар василаи издивоҷ барои шумо фароҳам нест рӯза бигиред, ки рӯза шаҳватро суст мекунад”.[33]

  1. Асари иҷтимоӣ

Ҳамдардӣ бо бенавоён

Рӯза як дарси мусовот ва баробарӣ дар миёни афроди иҷтимоъ аст. Бо анҷоми ин дастури мазҳабӣ инсонҳои сарватманд, гуруснагон ва маҳрумони иҷтимоъро ба таври маҳсус дармеёбанд ва бо сарфаҷӯӣ дар ғизои шабонарӯзии худ метавонанд ба кумаки онон бишитобанд[34].

3- Асари беҳдоштӣ ва дармонии рӯза: Табибони бузурги мусулмон ва ҳатто табибони ғайри мусулмон ҳам  дар бораи фавоиди  тиббии рӯза китобҳо навиштаанд ва эътирофҳо кардаанд. Гуфтаанд ҳеҷ доруе барои беҳбуди мизоҷ беҳтар аз рӯза гирифтан нест; зеро чунон ки Расули Худо(с)  фармуданд: ” المعدة بيت کلّ داء” Меъда хонаи ҳар дарде аст. Бисёре аз бемориҳо ношӣ аз пурхӯрӣ аст ва кам хӯрдан саромади ҳар доруе хоҳад буд.[35] Зеро омили бисёре аз бемориҳо зиёдаравӣ дар хӯрдани ғизоҳои мухталиф аст, чун маводи изофӣ ҷазб нашуда ва ба сурати чарбӣ ва қанди изофӣ дар хун боқӣ мемонад ва дар лобалои азулоти бадан, лаҷанзорҳои бадбӯе барои парвариши анвои микробҳои уфунӣ ба вуҷуд меоваранд. Дар ин ҳол, беҳтарин роҳ барои мубориза бо ин бемориҳо  ва лаҷанзорҳо рӯза аст.[36] Расули Худо(с)фармуданд:«صوموا تصحّوا»  Рӯза бигиред, то солим шавед.[37]

[1]– Сураи Ҷумъа, ояти 9.

[2]  Маснавии маънавӣ, дафтари 2, байти 256.

[3] – Тафсири Намуна, ҷ. 24, саҳ. 279.

[4]-Анворул малакут, саҳ.44.

[5] – Барои тамоми хонаводаҳо, Носиринажод, ҷ.2, саҳ.112.

[6]– Биҳорул анвор, ҷ.74,саҳ.239.

[7] -Моҳи мубораки рамазон, Лутфуллоҳи Софии Гулпойгонӣ, саҳ.177.

[8] – Сураи Аъроф, ояти 157.

[9]-Сураи Бақара, ояти 183.

[10]– Рӯза, зиёфати нур, саҳ.51.

[11]– Тафсири Намуна, ҷ.1, саҳ. 703.

[12] – Мизонул ҳикма, ҷ.7, саҳ.3209.

[13] -Моҳи мубораки Рамазон, саҳ.153.

[14] – Мизонул ҳикма, ҷ.7, саҳ. 3209.

[15] -Сураи Бақара, ояти 45.

[16] -Ҳикмат дар ибодат, Ҷаводии Омулӣ, саҳ.138.

[17] -Рӯза, зиёфати нур, саҳ.49.

[18] -Тафсири Намуна, ҷ.1, саҳ.703.

[19]– Фалсафаи  аҳкоми рӯза, саҳ.63.

[20] -Моҳи мубораки Рамазон, саҳ.205.

[21]– Ҳамон, саҳ.150.

[22]– Cураи Бақара, ояти 7.

[23]– Рамазон, Рӯҳонӣ, саҳ.9.

[24]– Меъроҷ-ус-саодат, саҳ.693 ва 694.

[25] -Сураи Бақара, ояти 185.

[26] – Тафсири Намуна, ҷ.1, саҳ.707.

[27] -Сураи Бақара, ояти 183.

[28] -Мизонул ҳикма, ҷ.1, саҳ. 3209.

[29] – Ҳамон, саҳ.3219.

[30] -Донишномаи аҳодиси тиббӣ, саҳ.37.

[31] -Ҳамон, саҳ.17.

[32] -Рӯза зиёфати нур, саҳ.50.

[33] -Намоз фалсафа ва аҳкоми рӯза, саҳ.65.

[34] -Тафсири Намуна, ҷ.7, саҳ.710.

[35]–  Фалсафа ва аҳкоми рӯза, саҳ.61.

[36] -Тафсири Намуна, ҷ.1, саҳ.711.

[37] -Намоз ва рӯза роҳе ба сӯи маъбуд, саҳ.36.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.