Авомили саодати хонавода(қисмати дуввум)

116

Гузашту бахшиш

Гузашту иғмози ҳар як аз зану шавҳар аз лағзишҳо ва корҳои нописанди дигаре дар муҳити хонавода аз аҳаммияити фаровоне бархурдор аст ва бе таваҷҷуҳ ба он, ҷавви самимият ва осоиши ҳоким бар хонаводаро ба муҳити изтироб, бадбинӣ, асабоният ва айбҷуӣ мустамири ҳар як аз аъзо нисбат ба якдигар табдил хоҳад кард.

Беҳтарин роҳи ба даст овардани оромиш ва саломати равон ва раҳоӣ аз изтироб ва нороҳатӣ ва дурӣ аз бабинӣ ва бе иътимодӣ, гузашт аз бадиҳо зулмҳо ва иштибоҳоти ҳамсар аст. Худованди Таоло касонеро ки аз лағзишҳои дигарон мегузаранд бо таъбири «Муҳсинин» сутуда ва дар васфи онҳо мефармояд:

 “Онон хашми худро фуру мехуранд ва аз хатои мардум дар мегузаранд. Худо некукоронро дуст дорад”.[1]

Расули Худо(с) аз ин сифати писандида ба унвони беҳтарин ахлоқи дунё ва охират ёд карда, мефармояд:

“Мехоҳед шуморо ба беҳтарин ахлоқи дунё ва охират хабар диҳам? Он ахлоқ ин аст: аз касе ки ба ту ситам карда, даргузарӣ, бо хешованде ки аз ту бурида, пайванд барқарор кунӣ, ба касе ки нисбат ба ту бадӣ карда, некӣ кунӣ ва ба касе ки туро маҳрум карда, бахшиш кунӣ.”[2]

Амири муъминон ҳазрати Алӣ(к) мефармояд:

“Афв тоҷи макраматҳо(и ахлоқӣ) аст”.[3]

Касе ки дар муҳити хона аз хуи некуӣ гузашт баҳрае надорад ва бо вуқуи кучактарин хато ва лағзише аз тарафи ҳамсар, дар садади интиқом бар меояд, хушбахтии худро табоҳ карда ва зиндагиашро тира ва тор месозад. Имом Алӣ(а) мефармояд:

“Каме афву гузашт, зишттарин айбҳо ва шитоб дар интиқом, аз бузургтарин гуноҳон аст.”[4]

Ҳамон ҳазрат аз касоне ки дар зиндагӣ гузашт надоранд, ба унвони бадтарин мардум ёд карда, мефармояд:

Бадтарин мардум касе аст ки аз лағзиши дигарон намегузарад ва айбҳои ононро намепушонад.

Осори гузашт

Афву гузашт дар муҳити хонавода осори арзандае дорад ки бархе аз онҳо иборатанд аз:

1- Эҷоди оромиши руҳӣ

Зиндагӣ тавъам бо гузашт ва иғмоз, мояи эҷоди оромиш ва осоиши руҳии зану шавҳар ва аҳли хона аст. Касе ки дар зиндагӣ гузашт надорад, ҳамвора мунтазири фурсате аст то интиқом гирад, аз ин ру, пайваста дағдағаи руҳии ӯ дар интиқомгирӣ аз дигарон, оромиши руҳиро аз ӯ салб мекунад, вале касе, ки аз руҳияи афву гузашт бархурдор аст, аз ин дағдағаи руҳӣ имен аст ва бидуни ҳеч нигаронӣ ва кинае нисбат ба ҳамсари хеш бо оромиши хотир дар канораш зиндагӣ мекунад ва аз баҳонаҷуиҳои беҳуда ва зиёнбор дурӣ меҷуяд.

2- зудудани кина

Иштибоҳот ва лағзишҳое ки гоҳе дар муҳити хонавода аз ноҳияи зан ё шавҳар сурат мегирад, мояи эҷоди кудурат ва тирагии равобити онҳо мешавад. Чунончи ин тирагӣ бо афву гузашт ҷуброн нашавад, заминаи эҷоди ихтилофот ва даргириҳои хонаводагӣ ва фурупошии конуни гарми хонавода мегардад, вале бо гузашту иғмози зану шавҳар нисбат ба якдигар кинаҳо зудуда шуда, тирагиҳо аз байн меравад ва дар натиҷа хонавода аз хатари чунин афати бузурге масун мемонад. Расули Худо(с) мефармоянд:

“Нисбат ба якдигар гузашт кунед, то кинаҳоятон бартараф шавад.”[5]

3-  Фузунии иззат

Касоне, ки аз рафтори ҳамсари хеш хурда мегиранд, на танҳо ба ислоҳи рафтори ӯ муваффақ намешаванд, балки имкон дорад муҷиби лаҷбозӣ ва вокуниши манфии ӯ шванд, дар ҳоле, ки бо гузашту чашмпушӣ аз хато, дар назари ӯ азизу муҳтарам ҷилва карда, аз нуфузи каломи бештае бархурдор хоҳад шуд ва бо фузунии иззати ӯ пайванди хонаводагӣ таҳким меёбад. Расули Худо(с) мефармоянд:

“Аз онҳо ба тарзи шоистае сарфи назар кун (ва онҳоро бар нодониҳояшон маломат нанамо)!”[6]

“Гузашти зебо ин аст ки касеро ба хотири гуноҳаш муҷозот накунӣ”.[7]

Имом Ризо(а) низ дар ин бора фармуд:

“[Гузашти зебо] бахшиши бидуни сарзаниш аст”.[8]

Авомили пайдоиши гузашт

Ҳар сифате ки дар инсон вуҷуд дорад, нишонгари авомиле аст, ки дар рушду тасбити он сифат таъсир доштаанд. Пайдоиши руҳияи гузашт ва бахшиши ҳамсар низ, маълули авомиле аст, ки ба теъдоде аз онҳо ишора мекунем:

  • Ёдоварии осори гузашт

Муҳимтарин омиле, ки дар пайдоиши руҳияи гузашт дар муҳити хонавада муассир аст, таваҷҷуҳ ба таъсири гузашт дар саодати зиндагии хонаводагӣ мебошад. Ёдоварии ин, ки адами гузашт аз ҳамсар, ҷуз ба тира шудани равобити солими хонаваодагӣ ва нохушоянд будани он ва ташдидии даргириҳои хонавдогӣ намеанҷомад, таъсири бисёре дар пайдоиши руҳияи гузашт дар инсон дорад.

Бояд ҳамвора ба ёд дошт, касе ки нисбат ба ҳамсари худ гузашт надорад ва ҳамвора дар садади исботи нодуруст ҷилва додани рафтори ӯ ва барҳақ шумурдани рафтори хеш аст, ҷуз ба мавзеъгирии хасмонаи ҳамсари хеш кумак намекунад, зеро дар ин сурат, ӯ дар садади дифоъ аз худ баромада ва барои ҳифзи шахсияти худ дар баробари дигарӣ ба тавҷиҳи рафтори хеш пардохта ва як даргирии мустами ва фазянда дар зиндагии онҳо ба вуҷуд меояд ва дар натиҷа, ҳеч як аз ба ислоҳи рафтори нодурусти ҳамсари хеш муваффақ нахоҳад шуд, дар ҳоле, ки бо гузашд ва иғмоз нисбат ба бадиҳои ҳамсар, метавонад бо мулоимат ӯро мутаваҷҷеҳи иштибоҳоти худ кунад ва ӯро дар ислоҳи рафтори худ ёрӣ диҳад.

2- Ёдоварии айбҳои худ

Ёдоварии айбҳои худ, таъсири басазое дар гузашти аз хатоҳои ҳамсар дорад. Ҳар як за зану шавҳар ҳамон гуна, ки дорои айбҳое ҳастанд, хубиҳое низ доранд ва табиӣ аст, ки ҳар як аз ҳамсари худ интизор дошта бошад, ки аз бадиҳои ӯ гузашт карда ва бадиҳоро дар муқоиса бо хубиҳо дар назар бигирад. Чунин интизоре дар ҳар ду тараф вуҷуд дорад ва дар мавриди зан низ бояд риоят шавад. касе, ки ба иштибоҳоти худ таваҷҷуҳ надорад ва дар муҳити хонавода, танҳо ба айбҳои ҳамсар мепардозад, бо бе инсофии тамом, ноҳамвориҳои зиндагии хонаводагиро малули рафтори нодурусти ҳамар мепиндорад ва бадин гуна бо таваҷҷуҳ ифротӣ ба хатоҳои ҳамсар, ба ҷои ислоҳи ӯ ба тиратар шудани авзоъ кумак мекунад.

Бинобарин, лозим аст мо ба айбҳои худ низ таваҷҷуҳ кунем. Зеро чи басо рафторҳои нодурусти ҳамсар аз рафтори ғалати мо ношӣ шуда бошад. Бо таваҷҷуҳ ба ин нукта ва инки инсон орӣ аз иштибоҳ нест, метавонем сифати писандидаи гузаштаро дастуруламали зиндагии хеш қарор диҳем.

3- Бузургвории ахлоқӣ

Гузашт яке аз сифоти волои инсонӣ аст, ки арзиши ахлоқии фаровоне дорад. Афроде дар зиндагӣ аз худ гузашт нишон медиҳанд, ки дорои сифоти олии ахлоқӣ бошанд. Инон на танҳо аз бадиҳои ҳамсари худ гузашт мекунанд, балки дар муқобили бадии ӯ хубӣ мекунанд. Эмом Содиқ(а) фармуд:

“Се чиз аз бузургвориҳои дунё ва охират аст: аз касе, ки ба ту зулм карда, дар гузарӣ ва бо касе, ки аз тш бурида, бипайвандӣ ва нисбат ба касе, ки бо ту оҷҳилона рафтор карда, хештандорӣ кунӣ”.[9]

Вуҷуди сифоти неки ахлоқӣ дар инсон муҷиб мешавад, ки ӯ аз иштибоҳот ва бадиҳои дигарон, ба вежа ҳамсару аъзои хонаводаи худ, чашмпушӣ кунад ва ҳамвора нисбат ба онон гузашт дошта бошад. Бар акс, афроди паст, ки аз вежагиҳои ахлоқӣ бебаҳра ҳастан, бо кучактарин баҳоне ба ҳайсияти дигарон тохта ва каматари гузаште аз худ нишон намедиҳанд.

[1] . Сураи Оли Имрон, ояти 134

[2] . Баҳоруланвор, ҷ69, саҳ397.

[3] . Шарҳи Ғурарул ҳикам ва дурарул килами Омадӣ, ҷ1, саҳ 140.

[4] . шарҳи Ғурарулҳикам, ҷ4, саҳ.505.

[5] . Канзул уммол, ҷ3, саҳ.373.

[6] . Сураи Ҳиҷр, ояти. 85

[7] . Биҳоруланвор, ҷ.71, саҳ.421.

[8] . ҳамон, ҷ.71, саҳ.421

[9] . Баҳоруланвор, ҷ.71, саҳ.400.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.