Нукоти муҳимми ҳамсардорӣ дар аҳодиси набавӣ

153

 Паёмбари Акрам(с) фармуданд:

“Ҳарчӣ имони банда зиёд шавад, муҳаббати вай ба занон (ҳамсараш) бештар мешавад”.

“Беҳтарин мардони уммати ман касоне ҳастанд, ки нисбат ба хонаводаи худ хашину мутакаббир набошанд ва бар онон тараҳҳум ва навозиш кунанд ва ба онон озор нарасонанд”.

“Ин гуфтаи мард ба ҳамсараш, ки бигӯяд: “ман туро дӯст медорам”, ҳаргиз аз қалби зан берун намеравад”.

“Ҳаққи зан бар шавҳар ин аст, ки ӯро сер кунад, либос бипӯшонад, намозу рӯза ва закотро (агар дар моли зан ҳаққе аз закот аст) ба ӯ ёд диҳад ва зан низ дар ин корҳо бо ӯ мухолифат наварзад”.

“Ҳар кас ба бозор равад ва ҳадяе барои хонаводааш бихарад ва бибарад, бояд пеш аз писарон, ба духтаронаш бидиҳад, зеро касе, ки духтарашро шодмон кунад, монанди касест, ки як банда аз фарзандони Исмоилро озод кардааст. Ва ҳар кас бо додани ҳадяе чашми писареро рӯшан кунад, гӯё аз тарси Худо гиристааст ва ҳар кас аз тарси Худо бигиряд, Худованд ӯро дохили неъматҳои биҳишт кунад”.

“Нишастани мард дар канори хонаводааш, назди Худои бузург, дӯстдоштанитар аз эътикоф дар масҷиди ман аст”.

“Мард дар баробари луқмае, ки дар даҳони занаш мегузорад, подош мебарад”.

“Мард ҳаққе бар ҳамсараш дорад ва он ҳақ ин аст, ки чунончӣ ӯро садо занад, посух бидиҳад ва ҳангоме ки ӯро дастуре диҳад, сарпечӣ накунад ва посухи мухолиф надиҳад ва бо ӯ мухолифат наварзад”.

Паёмбари Акрам(с) ба яке аз занон дар бораи ҳаққи зан бар шавҳар мефармоянд: “Ҳаққи ту бар шавҳарат ин аст, ки аз ончӣ мехӯрад, ба ту бидиҳад ва аз ончӣ мепӯшад, туро низ бипӯшонад ва ба рӯи ту силӣ назанад ва фарёд накашад”.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.