Роҳкорҳои афзоиши ҳуши кӯдакон

Мағзи инсон қабли таваллуд то 4 солагӣ ба сурати инфиҷорӣ рушд мекунад. Дар ҳақиқат, мағзи кӯдакон қабл аз рафтан ба маҳди кӯдак 90 дарсади фароянди рушдашро тай мекунад. Ин давра аз рушди мағз, як фурсати идеалро барои ёдгирӣ фароҳам мекунад.

235

Ҳуш як фароянди пӯё аст ва мағзи кӯдакони ботаҷриба рушд мекунад; Корҳое, ки волидайн ба таври табиӣ анҷом медиҳанд аз ҷумла иртиботи чашмӣ, сӯҳбат кардан, посухгӯӣ ба ниёзҳои кӯдак ва… аввалин таҷрибаи ёдгирии асосӣ барои кӯдакон аст. Равобити наздик ва муҳаббат барои рушди фикрии фарзанди шумо муҳим аст ва кӯдаконе, ки эҳсоси амният мекунанд, муштоқи иктишофҳо ҳастанд, аммо ин маворид танҳо ҷавобгӯи рушди табиии ҳофизаи кӯдакон аст ва барои афзоиши ҳуши кӯдакон роҳҳои асосии дигаре вуҷуд дорад:

  1. Ёдгирии як сози мусиқӣ

Аз назари илмӣ собит шудааст, ки ёдгирӣ ва навохтани сози мусиқӣ ҳуши кӯдакро ба таври мустақим боло мебарад, зеро мусиқӣ се бахши муҳим аз вуҷуди кӯдак яъне ақл, эҳсос ва ҷисмро ба такопӯ меандозад. Маҳорати мусиқӣ ниёз ба тамрин ва истимрор дорад, пас вақте кӯдак ба ёдгирии як абзори мусиқӣ мепардозад даргири чолише мешавад, ки мудом дар зиндагӣ идома хоҳад дошт. Мусиқӣ қудрати ҳалли масъалаи кӯдаконро боло мебарад, чароки ӯ дар байни навохтан ва ёдгирии мусиқӣ қувваи тафаккури худро ба кор меандозад.

  1. Ширкат дар дарсҳои варзишӣ

Фаъолияти баданӣ, рушди мағз ва амалкарди шинохтии кӯдакро тақвият мекунад. Дар воқеъ ҳаргуна фаъолияти баданӣ, тарашшӯҳи андурфин дар мағзро афзоиш дода ва андурфинҳо боиси тақвияти амалкард ва хуруҷии мағз мешаванд.

  1. Анҷоми бозиҳои фикрӣ

Бозӣ кори кӯдак аст. Кӯдакон бо бозӣ, маҳоратҳои иҷтимоӣ – шинохтӣ ва ковиш дар дунёи худро ёд мегиранд. Дар бозӣ, кӯдакон аз ҷиҳати ҷисмӣ, каломӣ ё зеҳнӣ бо муҳити худ ва дигар афрод ошно мешаванд.

Бозӣ ва асбоббозиҳое вуҷуд доранд, ки боиси тақвияти ҳуши кӯдакон мешаванд, ба чанд намуна аз онҳо ишора мекунем:

-Муаммоҳо ва бозиҳои фикрӣ қудрати ёдгирии кӯдаконро боло мебарад. Муҳаққиқон иддао мекунанд, ки блоксозӣ, маҳоратҳои маконӣ, риёзӣ ва ҳалли масъаларо беҳбуд мебахшад, чароки дар ин бози кӯдакон мудом дар ҳоли фикр кардан ва тасмимгирӣ барои чиниши блокҳо ҳастанд.

– Бозии ҷанго натанҳо барои кӯдакон, балки барои бузургсолон ҳам саргармкунанда ва муфид аст. Ин бозӣ, ки бо 54 блоки чӯбӣ анҷом мешавад, ба тамрини баданӣ ва таваҷҷуҳи болое ниёз дорад ва ба ҳамин манзур амалкарди мағзи кӯдаконро беҳбуд мебахшад.

– Агарчи ифрот дар бозиҳои роёнаӣ метавонанд таъсироти мухаррибе бар рӯи мағз бигузорад, аммо истифодаи контролшуда аз ин бозиҳо метавонад боиси тақвияти мағзи кӯдакон шавад. Дар бозиҳои ёронаӣ ҳамоҳангии аъзои бадани кӯдак монанди чашм ва даст афзоиш пайдо мекунад ва кӯдак беҳтар метавонад ҳаракотро контрол кунад. Ҳамчунин бозиҳои компютерӣ ба кӯдакон кумак мекунад то қудрати истидлол ва ҳалли масъалаҳояшон афзоиш ёбад.

– Бозиҳои риёзӣ аз ҷумла бозиҳои тақвияткунандаи мағз ҳастанд. Мисол: ман 20 обинабот аз фурӯшгоҳ харидам ва 3 адад аз онҳоро хӯрдам. Чанд обинабот мондааст? Беҳтар аст аз фарзандатон бихоҳед, ки аз назари рушди зеҳнӣ аз ангуштони дасти худ истифода накунад.

  1. Танаффуси амиқ аз роҳи бинӣ

Муҳаққиқон донишгоҳи Норс Вестерн мегӯянд танаффуси амиқ аз роҳи бинӣ мағзро тақвият мекунад. Бинобарин ҳар рӯз субҳи зуд ё қабл аз рафтан ба хоб 10-15 дақиқа, ин корро бо кӯдакатон тамрин кунед ва шоҳиди тафовути амалкарди зеҳнии кӯдаки худ бошед.

  1. Ба чолиш кашидани зеҳн

Ҳофизаи фарзандатонро ба чолиш бикашед. Масалан пас аз хондани китоб, аз кӯдакатон бихоҳед, ки достонро ба забони худаш бозгӯ кунад ё бо истифода аз ҳалқаҳои мева ё муҳраҳои рангӣ, улгуҳое эҷод кунед, сипас онҳоро ба ҳам беризед ва бубинед, ки оё кӯдакатон метавонад онҳоро аз нав бисозад. Ин фаъолиятҳо боиси қавитар шудани ҳофизаи каломӣ ва биноии фарзанди шумо мешаванд.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.