Вазоифи ҳаштгонаи зану шавҳар – II

80

Бахши дуввум

Ахлоқ

Масъулиятпазирӣ

Рафоқат ва миёнаравӣ

Хушгумонӣ

Дарки ҳамдигар

***

Ахлоқ

Ахлоқ яке аз барҷастатарин хислатҳои шинохти одамӣ ба шумор меравад.

Ахлоқи некӯ миёни зану шавҳар таъсири амиқе бар шахсияти онҳо мегузорад ва боиси сафову самимият ва зудуани тирагӣ аз зиндагии онҳо мешавад.

Дар муқобил, тундхӯӣ мӯҷиби гирифтагии чеҳра, беҳавсалагӣ ва баҳонагирии зану шавҳар мешавад. Хушзабонӣ ва ахлоқи шоистаи зану ҳамсарон сабаби дилҷӯӣ, фурӯтанӣ ва меҳрубонӣ мешавад.

Масъулиятпазирӣ

Яке дигар аз хислатҳои муҳим миёни ҳамсарон ҳисси масъулиятпазирии дутарафа аст. Ҳар зану марде дар ҷараёни зиндагии муштарак ва ҳатто даврони номзадӣ бояд битавонанд аз ӯҳдаи масъулиятҳо, ихтиёрот, тавоноиҳо ва шароити хосси худашон бароянд то ба ин тариқ, битавонанд боиси оромишу осоиши руҳии якдигар шаванд.

Рафоқату миёнаравӣ

Яке дигар аз вазоифи дутарафаи зану шавҳар эҷоди ҳисси рафоқат ва эътидол дар зиндагии муштарак аст. ин вазифа ба маънои адами тамаркуз ба айбҳо ва костиҳои ҳамсар ва аз байн бурдани рафторҳои нохушоянд монанди рафторҳои тунду хушунатомез аст. ҳар зану марде агар битавонанд бо самимияту дӯстӣ бо якдигаррафтор кунанд, метавонанд беҳтарин эътидоли ахлоқиро дар айни худэҷод кунанд.

Хушгумонӣ

Аз ҷумлаи авомили ахлоқӣ ва нохушоянде, ки сабаби тафриқа миёни зану шавҳар мешавад, бадгумонӣ ба якдигар аст.

Замоне ки зану шавҳар эътимод ва боварии худро бар асари бадбинӣ нисбат ба ҳамсари худ аз даст медиҳанд, оромишу сафои зиндагӣ ба мурур нобуд хоҳад шуд.

Дарки ҳамдигар

Решаи бисёре аз ихтилофоти хонаводагӣ ба адами дарки дутарафаи ҳамсараон аз якдигар бармегардад. Иттилооти гирдоварӣ шуда аз мутолиоти гуногун нишон медиҳад, ки дарки мавқеият ва мушкилоти ҳамсар мӯҷиб мешавад, зану шавҳар бештар ба хубиҳои якдигар таваҷҷӯҳ кунанд ва қадрдони заҳматҳои ҳам бошанд. Аммо касе, ки ҳамсари худро дарк намекунад ва тамоми талошҳои ӯро нодида мегирад ва ҳатто ба суроғи кашфи айбҳо ва костиҳои рафторӣ ва ахлоқии ӯ меравад, на танҳо бо захми забонҳои худ боиси аз байн рафтани нишот дар зиндагӣ мешавад, балки сабаби дилсард шудани ҳамсари худ аз зиндагии муштарак хоҳад шуд. Раҳо шудан аз худхоҳӣ ва шинохти руҳиёт ва мушкилоти якдигар ва ташвиқи тавоноиҳои ҳамсар, аввалин роҳи дарки дутарафаи байни ҳамсарон аст.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.