Далели дурӯғгӯӣ дар зиндагии муштарак

Дар зиндагии муштарак мумкин аст ду тараф бино бар далелҳои мухталиф аз якдигар, мавзӯеро пинҳон кунанд ё дурӯғ бигӯянд, ки ин дурӯғ шояд боиси сардӣ ва аз байн рафтани равобит мешавад.

111

Равоншинос ва мушовири хонавода, дар бораи дурӯғгӯии ҳамсарон ба якдигар дар зиндагии муштарак гуфт: “шояд барои ҳар инсоне аввалин таҷрибаи дурӯғ гуфтан ба давраҳои кӯдакии ӯ бозгардад ва ҳангоме, ки дурӯғ гуфтан дар хонавода пазируфта шавад ё ҳатто омӯзиш дода шавад, фард бо худ фикр мекунад, ки дурӯғ хеле ҳам бад нест ва ҳатто метавонад роҳи наҷоти ӯ бошад, аммо бо гузашти замон дурӯғгӯӣ ба вижагиҳои рафтории фард изофа мешавад.”

Заъф дар маҳоратҳои иртиботӣ

Вай баён кард: “яке аз далоили дурӯғгӯӣ дар зиндагии муштарак заъф дар маҳоратҳои иртиботӣ аст. Дар воқеъ замоне, ки ҳамсарон натавонанд бо якдигар иртиботи дурусти каломӣ ва ғайри каломӣ барқарор кунанд ва эҳсосоташонро ба дурустӣ баён кунанд, ҳамин боис мешавад, ки хостаҳояшонро пушти дурӯғҳояшон махфӣ кунанд.”

Мавонеи гуфтани ҳақиқат

Ин мушовир бо ишора ба ин, ки заъф дар барқарории иртибот боиси дурӯғгӯӣ мешавад, идома дод: “ҳангоме, ки фард эътимод ба нафси пойин ва хударзишмандии заифе дошта бошад ё вақте ба тарафи муқобили худ эътимод надошта бошад ва тарси аз даст доданашро дошта бошад, монеи гуфтан ҳақиқат мешавад.

Ҳамчунин авомили муҳитӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ аз дигар далоили дурӯғгӯии шарики зиндагӣ аст ва ин дурӯғгӯӣ бо гузашти замон мумкин аст сабаби сард шудани равобит шавад, пас беҳтар аст ҳарчи сареътар ба думболи ҳал кардани он бошед.”

Аҳамият доштани эътимод дар зиндагии муштарак

Вай бо ишора ба роҳҳои бархурд бо ҳамсари дурӯғгӯ гуфт: “эътимод муҳимтарин асл дар зиндагии муштарак аст, бинобарин ҳамсарон бояд эътимоди якдигарро ҷалб кунанд; ҳамчунин ҳангоме, ки мефаҳмед ҳамсаратон дурӯғ гуфта аст бо тундӣ ва асабоният бо ӯ бархурд накунед, балки беҳтар аст бо оромиш бо ӯ бархурд кунед.”

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.