Вижагиҳои дӯсти хуб

Доштани дӯсти хуб дар зиндагӣ хеле аҳамият дорад метавонад боиси муваффақият ва пешрафти шумо шавад, дӯстони хуб як даста вижагӣ доранд, ки онҳоро аз дигарон мутамоиз мекунад.

96

 

Вижагиҳое, ки танҳо як дӯст хуб дорад

 Қатъан бо хондани ин матлаб ёди як нафар аз дӯстони самимиятон афтодаед. Ин дӯст қатъан бештар шабеҳ ба хоҳар ё бародари шумо аст, то дӯстатон. Қатъан эҳсос мекунед, ки бо ин фард робитаи хунӣ доред.

 Ҳоло шояд дилатон бихоҳад, ки бубинед, ки чӣ чизҳое дар эҷоди ин ҳиси дарунии шумо нақш доштааст, ба ҳамин далел дар ин бахш ба вижагиҳои як дӯсти хуб ва воқеӣ ишора мекунем.

 1. Меҳрубонӣ

 Меҳрубонӣ яке аз аслитарин авомили нишондиҳандаи дӯст хуб аст. Ҳамаи мо таҷрибаи инро доштаем, ки дар рӯзҳои сахт бо меҳрубонии фарде тавонистаем дубора сари по шавем. Меҳрубонии дӯсти хуб ба роҳатӣ тамом намешавад ва ҳамеша шуморо таҳти таъсир қарор медиҳад. Дӯсти меҳрубон аз ниёзҳои шумо огоҳӣ дорад ва моил аст, ки худаш, бартарафкунандаи онҳо бошад.

 2. Садоқат

 Як дӯсти хуб ҳеҷгоҳ чоплусии шуморо намекунад. Ӯ ба шумо иҷоза медиҳад, ки ҳақиқатро бидонед, ҳатто агар боиси нороҳатиятон шавад. Бисёре аз афрод ин дӯстҳоро намехоҳанд, аммо дӯсти воқеӣ тамоми воқеиятро ба шумо мегӯяд, зеро бо шумо содиқ аст. Ӯ дӯст надорад шуморо дар торикӣ ва ибҳом раҳо кунад ва нисбат ба шумо ҳисси масъулият ва вазифа дорад ва дилсӯзи воқеии шумо аст.

 3. Худи воқеӣ

 Дӯсти воқеӣ саъй надорад, ки худашро шабеҳ ба шумо кунад то аз ӯ хушатон биёяд. Ӯ ҳамонтавр, ки ҳаст, ба назди шумо меояд ва худи воқеияшро ба шумо нишон медиҳад. Дар ҳоле, ки мумкин аст рӯйёоҳояш бо шумо мутафовит бошад, аммо саъй надорад дар шумо ва ё худаш тағйире эҷод кунад ва ҳамонгуна, ки ҳастед, шумо ва худашро қабул дорад.

 4. Моҷароҷӯ

 Танбал будан нишонаи безавқӣ ва беалоқагӣ ва надоштани ангезаи зеҳнӣ, эҳсосӣ ва ҷисмӣ аст. Дӯсти хуб бо ҳаяҷонҳо ва тафреҳоти шумо ба ваҷд меояд ва бо шумо ҳамроҳ аст.

 Дӯст дорад, ки дар ҳар кори моҷароҷӯёнае бо шумо ҳамроҳ шавад ва дӯсти шуморо ба як дӯсти хастакунанда табдил намекунанд. Майл ва алоқаи ӯ ба таҷриба кардан зебоиҳо ва шигифтиҳои дунёи атроф ба ин маъно аст, ки ӯ як дӯсти хуб ва олӣ барои шумо аст.

 5. Лаҷбозӣ

 Қатъан дӯсти хуб пояи тамоми шайтанатҳои шумо аст. Ӯ дӯст дорад дар ҳар коре шуморо ҳамроҳӣ кунад ва ҳеҷ вақт шуморо аз тафреҳҳоятон манъ намекунад. Зеро дар канори шумо эҳсоси пурэнержӣ будан ва шодӣ дорад.

 Ин дӯстони хуб боиси лабханд ва шодӣ дар шумо мешаванд ва дӯст доранд, ки дар каноратон шодии худро чанд баробар кунанд. Бинобарин вақте ба шумо мерасанд, шайтанат мешаванд. Дар канори як дӯсти хуб ҳаргиз ба ҷиддӣ будани дунёи атрофатон фикр намекунед.

 6. Муроқиб

 Дӯстони хуб касоне ҳастанд, ки монанди як модар ва ё як хоҳар ва бардори бузургтар муроқиби шумо мебошанд. Рӯи саломати ҷисмӣ ва отифии шумо ҳассос ҳастанд ва ҳаргиз аз канори шумо бетафовут убур намекунанд. Онҳо иҷоза намедиҳанд, ки дигарон бо рафторашон ба шумо осеб ворид кунанд, зеро ҳамеша муроқибат аз шуморо ҷузъи вазифаи худ медонанд.

 7. Қобили эътимод

 Қатъан то ба ҳол бароятон пеш омадааст, ки шахсеро бубинед, ки дар ҳамон замони аввал ба ӯ эътимод кунед ва надонед, ки иллаташ чист, аммо баъд аз он мебинед, ки иштибоҳ кардаед, аммо масъалаи дӯсти хуб каме мутафовит аст.

 Дӯстони хуб бо рафторҳо ва амалашон эътимоди шуморо ҷалб мекунанд ва эътимодсозӣ дар тӯли замон ба даст меояд, на як шаба. Шумо ба дӯсти хуб ба унвони як инсони хуб нигоҳ мекунед ва ба ӯ беш аз ҳаркаси дигаре эътимод доред.

 8. Парвариш додан

 Дӯсти хуб метавонад монанди як модар шуморо тарбият кунад ва парвариш диҳад. Ӯ ба мизони ғизо хӯрдани шумо, варзиш кардани шумо, хобидани шумо ва рафторҳоятон таваҷҷуҳ мекунад. Ӯ дӯст надорад, ки шумо бо рафторҳои ғалат ба худатон осеб бизанед. Дӯстони хуб ҳам дӯсти хуб, ошиқ, хонавода, пизишк барои шумо ҳастанд ва дар канори онҳо эҳсоси иззати нафси болое доред.

 9. Шунавандаи хуб

 Меҳрубонӣ ва дилсӯзӣ метавонад дар канори якдигар ба як шунавандаи хуб будан табдил шавад. Дӯсти хуб ҳангоми дарди дил кардани шумо комилан сокит ва ҳушёр аст. Дӯсти хуб шунавандаи хубе барои умедҳо, орзуҳо, тарсҳо, рӯйоҳо , афкори аҳмақона ва пуч ва ё сахтиҳои зиндагии шумост.

 10. Ёрирасон

 Дӯсти хуби паштвонаи шумост. Агар хаста бошед, ба шумо кумак мекунад ва корҳоятонро то ҷое, ки дар тавонаш аст, анҷом медиҳад. Агар дар мавриди аъзои хонавода ба кумак ниёз дошта бошед, ҳаргиз дареғ намекунад. Ӯ тамоми талошашро мекунад то осебе ба шумо нарасад ва битавонад дар сареътарин замони мумкин мушкили шуморо ҳал кунад.

 11. Басират

 Дӯстони хуб қабл аз инки чизеро ба забон биоваранд, мефаҳманд. Онҳо ниёзҳои шуморо беҳтар аз худатон мешиносанд. Онҳо медонанд, ки чӣ чизе шуморо шод ва чӣ чизе сабаби нороҳатиятон мешавад.

 Онҳо дар беҳбуди рӯҳияи шумо бузургтарин нақшро ифо мекунанд, зеро ба тамоми вижагиҳои шахсиятии шумо огоҳӣ ва басират доранд.

 12. Хушбин, аммо на фақат дар калом

 Замоне, ки нороҳат ҳастед ва аз рӯи ғаму ғусса ҳатто гиря мекунед, дӯсти хуб ба доди шумо мерасад. Ӯ дар ин лаҳзаҳои сахт ба ҷанбаи мусбат моҷаро нигоҳ мекунад ва шуморо ба чизҳои хубе, ки доред , огоҳ месозад. Албатта ин хушбинии беш аз ҳад ва ғайритабиӣ нест. Балки комилан воқеъбинона мебошад.

 13. Мӯҳтарам

Ин дӯстон ниҳояти эҳтиромро барои шумо ва хонаводаатон қоил ҳастанд. Онҳо дар ҳеҷ шароите аз шумо бадгӯӣ намекунанд. Ҳатто дар замонҳое, ки бо ӯ баҳс мекунед, ҳеҷ гоҳ эҳтиром ба шуморо хадшадор намекунад ва аз дигарон низ мехоҳад, ки ба шумо эҳтиром бигузоранд.

 14. Дар оғӯш кашидан

 Ӯ дар тамоми сахтиҳои зиндагӣ шуморо ба оғӯши гарми худ даъват мекунад. Чӣ рӯҳӣ ва чӣ ҷисмӣ муҳаббати худро ба шумо нишон медиҳад. Ҳеҷ қонунеро барои пас задани шумо надорад ва ҳамеша оғӯшаш ба рӯи шумо боз аст.

 15. Пазиранда

 Ӯ қалби худашро ба сӯи шумо боз мекунад, бидуни ин, ки таваққӯи ҷуброн аз самти шумо дошта бошад. Ӯ то ҷое, ки метавонад фосила байни худаш ва шуморо кам мекунад ва ҳамеша амниятро дар робита боло мебарад.

 Ҳамчунин дар канори шумо сафари тӯлонии зиндагиро тай мекунад.

 16. Тавоноии худи воқеӣ будан

 Агар дар дӯстӣ ҳастед, ки дар он метавонед худи воқеиятонро нишон диҳед, яъне як дӯсти воқеӣ доред. Дӯсти воқеӣ шуморо зишт ё зебо, хушахлоқ ё бадахлоқ бо ҳар навъ фарҳангӣ мепазирад ва ҳаргиз тавре бо шумо рафтор намекунад, ки ҳисси таҳқир шудан аз худи воқеиятон ба шумо даст бидиҳад.

 17. Тавонои сукут кардан бидуни сарзаниш ва фишор аз самти ӯ

 Дӯсти хуб беҳтар аз ҳаркаси дигаре шуморо дарк мекунад ва дар натиҷа замонҳое, ки дӯст доред танҳо бошед, шуморо дарк мекунад ва хилвати шуморо ба ҳам намезанад. Ӯ қасд надорад, ки ба хилвати шумо ворид шавад ва онро ба ҳам бизанад, зеро хоҳони оромиш воқеии шумо аст. Баъд аз дурӣ кардани шумо ва беҳбудӣ низ бо рӯи боз пазирои шумо мебошад.

 18. Хушҳолӣ баъд аз рӯйдоди иттифоқоти хуб

 Дӯсти хуб бо хушҳолии шумо хушҳол аст ва бо нороҳатии шумо нороҳат ва дар натиҷа замоне, ки ба муваффақияте даст пайдо мекунед, ӯ низ ба андозаи шумо ва хонаводаатон хушҳол аст ва дӯст дорад, ки дар ин шодӣ саҳим бошад. Фарқе надорад, ки ин шодӣ марбут ба пайдо кардани шуғли муносиб, баранда шудан дар як мусобиқа, хариди як васила ё ҳар мавриди дигаре бошад.

 19. Муколимаҳои кӯтоҳ, аммо лаззатбахш

 Муколимаи шумо бо як дӯсти воқеӣ маъмулан кӯтоҳ, аммо муфид аст. Ин дӯст саъй надорад, ки дар мавориди мухталиф бо шумо баҳс кунад, зеро хоҳони нигаҳ доштани робита, он ҳам бо кайфияти боло аст ва аз сӯи дигар замоне, ки бо ӯ ҳастед, метавонед дар мавриди ҳарчи, ки дӯст доред, бо ӯ сӯҳбат кунед, бидуни инки тарс аз қазоват дошта бошед.

 20. Мувоҷеҳ кардани шумо бо харобкориҳоятон

 Дӯсти хуб метавонад иштибоҳоти шуморо ба хубӣ ба шумо ёдоварӣ кунад то ҷилави иштибоҳоти баъдиро бигирад. Ӯ беҳтар аз ҳаркасе ба харобкориҳо ва нақсҳои рафтории шумо огоҳ аст ва дар натиҷа барои ҳалли мушкил, беҳтарин касе аст, ки метавонед ба ӯ такя кунед.

 21. Ташвеқ кардан

 Дӯсти хуб шуморо ба самти чизҳои хуб ва арзишманд дар зиндагӣ мекашонад. Ӯ шуморо ташвеқ ба таҷрибаи чизҳои ҷадид дар зиндагӣ мекунад ва дӯст дорад, ки шуморо дар ин роҳ рушд диҳад. Ӯ бузургтарин мушаввиқи шумо дар зиндагӣ аст. Ташвеқҳое, ки роҳ ба ҷои ғалат намебаранд ва дар зиндагии шумо таъсир муфид доранд.

 22. Бахшанда

 Мутмаин бошед, ки дӯсти хуб метавонад ба андозаи як хоҳари хунӣ бахшанда бошад. Ӯ шуморо ба хотири хатоҳоятон дарк мекунад зеро беш аз худаш ба манофеи шумо фикр мекунад. Ӯ саъй мекунад, ки баъд аз узрхоҳӣ бо гӯши шунаво ба далелҳои иштибоҳатон гӯш кунад ва баъд тавоноӣ ва қудрати башхиши худро ба шумо нишон диҳад.

 23. Иштиёқ барои дидани ӯ

 Дӯсти воқеӣ метавонад ончунон дар дили шумо ҷо боз кунад, ки барои диднаша дилтанг шавед. ӯ метавонад бо нишон додани худаш ба шумо боиси эҷоди шодии воқеӣ дар шумо шавад. Энержии мусбат ва меҳрубониҳои ӯ ҳамеша шуморо ба ваҷд меоварад ва боис мешавад, ки дилатон бихоҳад, замони бештареро дар канори ӯ сипарӣ кунед.

 24. Эҳсоси гуноҳ накардан дар канори ӯ

 Ин мафҳумро бо як мисол барои шумо тавзеҳ медиҳем. Фикр кунед, ки аз тарафи ӯ ба як меҳмонӣ даъват шудаед аммо натавонистаед по ба он меҳмонӣ бигузоред. Як дӯсти хуб дар чунин шароите шуморо дарк мекунад ва рафторҳои мисли қаҳр карданро аз худ нишон намедиҳад. Дар воқеъ ӯ тавре рафтор намекунад, ки аз тард шудан аз самти ӯ нигаронӣ дошта бошед ва шуморо низ маҷбур ба анҷом ҳеҷ коре бар хилофи майл ва ё шароитатон намекунад.

 25. Роҳат будани тақозо аз ӯ

 Дӯсти хуб бо шумо тавре рафтор мекунад, ки замоне, ки аз ӯ кумаке мехоҳед ё дархосте доред, битавонед онро бо ӯ дар миён бигузоред. Ӯ ҳеҷгуна тундмизоҷӣ ва ҳассосияти беҷоро аз худ нишон намедиҳад ва дар натиҷа шумо хаёлатон роҳат аст, ки ҳар дархостеро бо ӯ матраҳ кунед ва мутмаин ҳастед, ки агар битавонад барои шумо коре анҷом медиҳад ва баҳонаҷӯӣ намекунад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.