Вазоифи мутақобили ҳамсарон(қисмати севвум)

109

Рифқу мудоро

Яке дигар аз вазоифи ахлоқии ҳамсарон нисбат ба якдигар рифқу мудоро аст; бадин маъно ки дар муқобили айбҳо ва костиҳои ҳамсар ва рафтори нохушоянди ӯ бархурди тунд ва хашин надошта бошем ва бо самимият ва дустӣ бо ӯ рафтор кунем.

Табиӣ аст ки ҳар як аз зану мард дар рафтор ва гуфтору ахлоқи худ костиҳое дорад ки аз назари дигарӣ нохушоянд талақӣ мешавад. Ва аҳр кадом дар муқобили костиҳо ва номулоимоти рафторӣ ва гуфтории дигаре метавонад ду гуна мавзеъгирӣ кунад; ё рафтори номатлуби ӯро таҳаммул накарда, бо бархури тунд, хостори тағйири рафтор ва гуфтори ӯ шавад ва ба арҷоми ин кор сарсахтӣ нишон дода ва исрор варзад ва ё инки бузургворона аз рафтори нописанди ӯ чашмпушӣ карда, чунон бо вай рафтор кунад ки ӯ мутаваҷҷеҳи иштибоҳи худ шуда, аз кардааш пушаймон шавад ва рафтори ҳамсарро дустона ва самимӣ бинад. Рафтори ахир мудорои бо ҳамсар номида мешавад.

Албатта маънои мудоро бо ҳамсар ин нест ки нисбат ба айбҳо ва рафтори нописанди ӯ бе иътино бошем, балки бадин маъност ки дар мавриди ислоҳи ҳамсар мулоҳизаи зарфияти ӯро карда, беш аз тавонаш аз ӯ интизор надошта бошем ва ба таври куллӣ дар мавриди вежагиҳои номатлуби ӯ рафтори бузургворона пеша кунем.

Аҳаммияти мудоро

Мудорои бо ҳамсар аз усули муҳими зиндагии муштарак ба шумор меравад ва риоят накардани он маншаи нобасомониҳои фаровон дар зиндагии хонаводагӣ аст. Мудоро бо ҳамсар гарчи вазифаи муштараки зану мард аст, аммо риояти он аз тарафи мард бештар мавриди интизор аст, зеро мард аз тавони ҷисмӣ ва руҳии бештар ва таҳаммул ва сиаи садри афзунтаре бархурдор аст. Зарофати руҳ ва латофати табъи зан иқтизо мекунад ки шавҳараш ба хубӣ бо вай мудоро кунад ва шахсияти ӯро зери фишори руҳӣ ва озурдагиҳои равонӣ, хурд накунад.

Аз ҳуқуқи аввалияи зан ин аст, ки ҳамсараш бо ӯ муҳтарамона рафтор кунад ва рафоқат ва мудорои бо ӯро дар зиндагӣ пешаи худ созад ва ба ӯ меҳру муҳаббат варзад. Дар ин сурат, зиндагии хонаводаӣ маъно пайдо карда, сару сомон мегирад. Эмом Содиқ(а) мефармояд:

«Ҳаққи зан ин аст ки бидонӣ Худованди бузург ӯроо мояи оромиш ва унси ту қарор дода ва ин неъмате аз ҷониби Худост; пас бояд ӯро бузург дорӣ ва бо вай ба нармӣ ва мудоро рафтор кунӣ, агар чи ҳаққи ту бар ӯ воҷибтар аст, вале ҳаққи ӯ бар ту ин аст ки нисбат ба ӯ меҳрубон бошӣ.[1]

Таҳаккум ва иҷҳоф бар зан, на танҳо мояи пешрафт ва беҳбуди зиндагӣ намешавад, балки дар руҳияи ӯ ва дигар аъзои хонавода асари маъкус мегузорад. Расули Худо(с) дар охирин васияташ дар бораи риояти ҳоли занон фармуд:

«Худоро Худоро дар бораи занон (дар назар дошта бошед) ба дурустӣ ки онҳо назди шумо асиранд. Онҳоро ба аҳди илоҳӣ дар ихтиёр гирифтаед ва бо калимоти Худо ҳалолашон гардонидаед»[2]

Расули Худо(с) худ намунаи бориз ва улгуи некуи мудорои бо ҳамсар буд, он ҳазрат ба ҳамсарони худ ҳаққи изҳори назар медод ва аз хушунат ва тундӣ нисбат ба онҳо парҳез мекард. Ба ҳадде ки баъзе аз ҳамсарони эшон, дар зиндагии хонаводагӣ ба худ ҷуръати мухолифат бо он бузургворро медоданд. Рузе байни Расули Худо(с) ва яке аз ҳамсаронаш бар сари мавзуе ихтилофи назар ба вуҷуд омад; Пайғамбар(с) падари ӯро ба унвони довар байни худошон баргузид ва ба ҳамсараш фармуд: ту сухан мегуӣ ё ман бигуям? Ӯ гуфт ту бигу, аммо чизе ҷуз ҳақ магу. Пдар аз сухани духтараш чунон ошуфта шуд ки бар сурати ӯ силӣ навохт ва даҳонашро хунин кард ва гуфт: эй душмани хеш! Оё Расули Худо(с) ғайри ҳақ сухан мегуяд! Он зан аз хушунати падар ба Паёмбари Акрам(с) паноҳ бурд ва пушти сари он ҳазрат нишаст. Расули Худо(с) ба падараш фармуд: мо туро барои чунин коре даъват накардем ва ин (вокуниш)-ро аз ту нахоста будем.[3]

Як инсони вораста дар муқобили тундӣ ва ҷасорати ҳамсари хеш ва нодонии ӯ набояд ба тундӣ ва хушунат мутавассил шавад, балки бояд бо хештандорӣ ва мудоро, оромишу самимиятро дар муҳити хонавода барқарор созад.

Осори мудоро

Рифқу мудоро чи дар зиндагии иҷтимоӣ ва чи дар муҳити хонавода аз осори арзандае бархурдор аст ва дар ҷомеа, мояи пешрафт ва тараққӣ ва инсиҷоми миллат ва дар конуни хонавода муҷиби пайдойиши муҳити солим ва созанда аст. Расули Худо(с) фармуд:

«Парвардигомрам маро ба мудорои бо мардум амр карда, ҳамчунон ки ба арҷоми воҷибот фармон додааст»[4]

Нақши созандаи рифқу мудоро дар хонаводаро метавон таҳти ду унвони зер матраҳ кард:

  • Саломати хонавода

Дар зиндагии муштарак, мавориди фаровоне ёфт мешавад, ки рафтору гуфтори ҳамсар, мутобиқи майли инсон нест ва дар сурати адами мудорои бо ӯ, ҳар як аз ин маворид метавонад заминае барои бурузи хушунат ва даргирӣ миёни зану шавҳар бошад, дар ҳоле ки бо рифқу мудоро метавон бисёре аз ихтилофотро ҳар кард, оромишу самимиятро дар муҳити хона ҳоким сохт.

Амири муъминон(а) фармуд:

«Саломати зиндагӣ дар мудоро бо мардум аст».[5]

  • Самимият ва дустӣ

Асари дигари мудорои бо ҳамсар эҷоди муҳити дустона ва тафоҳумомез дар конуни хонавода аст.

Шахсияти ахлоқии инсон дар тули замони шакл мегирад, бинобар ин тағйири ахлоқи манфии ӯ низ муҳтоҷи фурсат аст ва наметавон интизор дошт ки бо як насиҳат ва мавъиза, таҳаввули амиқ дар ахлоқи ҳамсар эҷод кард. гузашта аз инки баъзе аз ҳолот ва сифоти ахлоқӣ, ба илали маврусӣ ва вежагиҳои ҷисмӣ ва руҳӣ гоҳ ғайри қобили тағйир менамояд. Бадин хотир, беҳтарин роҳ барои баҳрамандӣ аз зиндагии муштарак, мудоро кардан бо хулқу хуи нописанди ҳамсар аст. Пофишории нобаҷо барои тағйири ахлоқи ҳамсар, чи басо вазъияти руҳӣ ва ахлоқии ӯро номатлубтар гардонад. Ин нукта дар мавриди занон, бештар сидқ мекунад ва зарофати рӯҳии онон, латофати хоссеро дар бархурд бо онҳо металабад.

Бинобар ин барои парҳез аз ҳаргуна таъсири манфӣ дар ахлоқу шахсияти ҳамсар, бояд бо кордонӣ ва зарофат, ба беҳтар кардани рафтору ахлоқи ӯ пардохт, ба гунае ки ба шикастани руҳия ва шахсияти ӯ мунҷар нашавад; Паёмбари Исом(с) мефармояд:

«Масали зан монанди устухони каҷ аст. Агар онро ба ҳоли худ бигузорӣ аз он баҳраманд хоҳӣ шуд ва агар бихоҳӣ росташ кунӣ, онро хоҳӣ шикаст»[6]

Ҳифзи ҳурмат

Аз дигар вазоифи ахлоқӣ ки риояти он дарҳамаи мавориди зиндаӣ ба хусус дар зиндагии муштарак лозим аст, ҳифзи ҳурмати хеш аст..

Манзур аз ҳифзи ҳурмат, парҳез кардан аз рафтору гуфторе аст ки муҷиби фурурехтани шахсияти инсон дар муҳити хонавода мешавад ва аз арзишу эътибори ӯ назди афроди хонавода мекоҳад. Гарчи дигарон вазифа доранд ҳурмати инсони муъминро ҳифз кунанд, аммо дар марҳилаи аввал худи ӯ бояд ҳурмати хешро нигаҳ дорад ва дар ҳифзи он бикушад. Муъмин ба ҳеч баҳонае набояд ҳайсияти худро дар хонавода ва ҷомеа хадшадор кунад. Эмомми Содиқ(а) мефармояд:

«Ба дурусти ки Худованд тамоми умур муъминро ба худаш вогузорида, вале ба ӯ иҷоза надодааст ки худро залил созад; оё шунидаи ки Худованд мефамояд: «иззат аз они Худо ва расулу муъминон аст»[7] пас муъмин азиз аст ва залил нест»[8]

Ба таври маъмул, афрод дар муҳити иҷтимоъ, мутаваҷҷеҳи ин мавзуъ буда ва дар ҳадди имкон ҳурмат ва иззати хешро ҳифз мекунанд, аммо дар муҳитҳои дустона ва хонавода ба иллати унс ягонагии бештар, заминаи зиёде барои поймол шудани он пайдо мешавад ва дар натиҷа ҳурмати зану шавҳар назди якдигар хадшадор шуда, аз ин тариқ, саломати зиндагии хонаводагӣ ба хатар меафтад.

Аҳаммияти ҳифзи ҳурмат

Ҳифзи ҳурмат ва посдории ҳар як аз зану шавҳар аз ҳарими шахсияти худ дар муҳити хонавода аз аҳаммият ва зарурати хосе бархурдор аст, лекин ин посдорӣ дар мавриди шавҳар аз зарурати бештаре бархурдор аст, зеро ӯ сарпарасти хонавода аст ва лозимаи сарпарастӣ ва идораи манзил, ҳурмат доштан назди ҳамсар ва фарзандон аст. Марде ки назди аъзои хонаводааш аз эҳтироми лозин бархурдор набошад, дар анҷоми вазоифи сарпарастии хонавода оҷиз хоҳад монд ва тавоноии идораи хонаводаро аз даст хоҳад дод, барои инки лозимаи сарпарастӣ, итоат ва пазириши афроди хонавода аст ва ин масъала, ҳангоме ҷомаи амал мепушад ки афроди хонавода аз самими дил ба сарпараси хонавода иҳтиром бигузоранд.

Ҷиҳати дигаре ки лузуми ҳифзи ҳурмати хешро дар хонавода равшан месозад, осори тарбиятии он руи фарзандон аст. Кудак беш аз ҳар чиз, аз рафтори падару модар улгу мегирад ва агар бинад онон дар хонавода аз ҳурмате бархурдор нестанд, осори тахрибии шадиде бар шахсияти ӯ хоҳад гузошт ва бе шахсият ва фурумоя бор хоҳад омад.

Муҷиботи ҳифзи ҳурмати хеш

Авомили бисёре дар ҳифзи ҳурмати инсон муассир аст. Баъзе аз ин авомил ба шароит ва мавқеиятҳои мухталифе ки дар он қарор дорад, марбут мешавад ва бархе дигар, ба рафторҳои инсон бастагӣ дорад ки метавонад муҷиби ҳифз ё ҳатки ҳурмати ӯ гардад.

Аз онҷо ки рафтори инсон аз сифоти ахлоқии ӯ реша мегирад, метавон авомили аслии ҳифзи ҳурмати инсонро дар сифоти руҳӣ ва ахлоқии ӯ ҷустуҷу кард. Сифоти писандидае чун иззати нафс, саховат, маноати табъ, инсоф, гузашт, шуҷоат, қаноат ва матонат муҷиби ҳифзи ҳурмат ва иззати инсон ва сифоте чун бухл, тундхуӣ, ноҷавонмардӣ, шухиҳои ракик ва риоят накардани одоби исломӣ ва дигар сифоти нописанд муҷиби ҳатки ҳурмати инсон дар муҳити хонавода мешавад. Инак ба се омили ҳифзи ҳурмат мепардозем:

  • Парҳез аз даргириҳои беҳуда

Дар зиндагии хонаводагӣ, мавориде пеш меояд ки заминасози мушоҷира ва даргириҳои лафзӣ аст ва дар ин маворид агар инсон ҷилови забони худро нагирад ва барои исботи иштибоҳи ҳамсар ё тавҷиҳи хатои хеш бо ӯ ба муҷодила ва бигу магу бипардозад, ба тадриҷ ҳурмати хешро хатшадор месозад. Дар мавоқее ки инсон медонад сухан гуфтан ба мушоҷараи лафзӣ меанҷомад ва ба ҷои асари нек, аворизи манфӣ дар пай дорад, бояд аз он парҳез кунад ва дар фурсатҳои муносиб ба гуфтугу бипардозад. Амири муъминон(а) мефармояд:

«Хушахлоқии муъмин аз тавозуъ аст ва иззаташ дар тарки бигу магу аст»[9]

  • Хештандорӣ

Чи басо дар суханон ва рафтори ҳамсар, мавориде мушоҳида шавад ки мавриди писанди инсон набошад; дар ин маворид агар инсон ба суръат вокуниши тунд ва хашмолуде нишон диҳад ва ҳамвора ин шеваро такрор кунад, дар дарозмуддат бозтоби манфии чунин рафторе муҷиби ҳатки ҳурмати ӯ хоҳад шуд, аммо агар хештандорӣ кунад ва бо бузургворӣ ва таӯофул аз мавориди ноҳамвор даргузарад, муҷиби афзоиши иззта ва ҳифзи ҳурмати ӯ шуда, ба тадриҷ рафтори нописанди ҳамсари хешро низ ислоҳ хоҳад кард. Амири муъминон(а) фармуд:

«Ҳеч иззате баландтар аз хештандорӣ нест».[10]

  • Қатъи вобастагӣ

Вобастагӣ ба ҳамсар дар баровардани эҳтиёҷоти маъмулӣ, ва таваққуи хидмати бисёр аз ӯ ба тадриҷ мунҷар ба изҳори нороҳатии ӯ ва хатшадор шудани иззат ва ҳурмати инасон хоҳад шуд, вале бо қатъи ин вобастагӣ ва анҷоми корҳои шахсӣ ба дасти худ ва ҳамчунин бо кам крдани интизорот аз ҳамсар, ҳам метавон муҳаббат ва хидмати ӯро беҳтар эҳсос кард ва ҳам аз офати шикаста шудани ҳурмати хеш, ба ҷиҳати таваққуоти газоф, дар амон монд. Амири муъминон(а) мефармояд:

«Иззта ҳамроҳи ноумедӣ (аз дигарон) аст»[11]

[1] . Баҳоруланвор, ҷ.71, саҳ.5.

[2]. Маҳаҷҷатул байзо, ҷ3, саҳ.97.

[3] . Маҳаҷҷатул байзо, ҷ3, саҳ. 97.

[4]. Васоил, ҷ8, саҳ.540.

[5]. Шарҳи Ғурарул ҳикам, ҷ.4, саҳ.139.

[6]. Васоил, ҷ.14, саҳ.123.

[7]. Сураи Мунофиқин,ояти 8.

[8] . Биҳоруланвон, ҷ.97, саҳ.93.

[9]. Биҳорул анвор, ҷ74, саҳ.267.

[10]. Шарҳи Ғурарул ҳикам, ҷ6, саҳ.380.

[11]. ҳамон, ҷ.1, саҳ.120.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.