Чаро кӯдакон бояд дар хона кор кунанд?

113

Бисёре аз падару модар дӯст доранд бачаҳо бештар бозӣ карда ва аз даврони кӯдакӣ лаззат баранд, баъзе дигар кӯдаконро камтавон медонанд ва салоҳ медонанд, ки худашон зуд корҳоро анҷом диҳанд; Ин истидлолҳо мантиқӣ аст, аммо оё медонед анҷом додани кори хона чӣ фоидаҳое метавонад барои кӯдакон дошта бошад?

Таҳқиқоти ба як мутолиа дар донишгоҳи Ҳорворд нишон медиҳад, ки корҳои хона сабаб мешавад кӯдакон, бузургсолии шод, солим ва мустақиле дошта бошанд, аммо оё кӯдакон дар ҳар сине метавонанд дар корҳои хона мушорикат дошта бошанд?

Ба хотир дошта бошед, ки кӯдакон ҳар хела ҳастанд ва син наметавонад як чизи таъйинкунанда дар анҷом корҳои хона бошад, зеро тавони баднӣ ва завқии бачаҳо барои кӯмак дар корҳои хона бо якдигар фарқ мекунад. Бинобарин илова бар син, ҳангоми вогузор кардани корҳои хона ба кӯдак бояд ба сатҳи булуғ, тавоноии баднӣ ва алоқа ӯ низ диққат кунед.

 Чӣ коре муносиби чӣ сину соле аст?

Диққат дошта бошед корҳои хонаро мутаносиб бо син, рӯҳиёт ва алоқаҳои кӯдак ба ӯ вогузор кунед то ба хотири ҳаҷми сангини корҳо аз анҷоми масъулиятҳо шона холӣ накунад.

баъзе корҳои мутаносиб бо сину соли кӯдакон иборат аст аз:

Сину соли 2 в3 сол: Ҷамъ кардани бозичаҳо, рехтани либосҳои касиф дар сабад, рӯи ҳам чидани китобҳо

Сину соли 4 ва 5 сол: Гардгирӣ бо дастмол, кӯмак дар пухту паз, гузоштани маводи ғзои дар ҷои махсус, об додан ба гулдон

Шояд бо кӯмак гирифтан аз кӯдак, корҳоятон ҳатто ба кундӣ пеш биравад, аммо дар иваз як одати хубро дар кӯдак одат дода ва рафторҳои мусбати зиёдеро ба ӯ ёд хоҳед дод.

Суну соли 6 ва 7 сол: Мураттаб кардани либосҳо, тамиз кардани миз, ҷору кардани утоқ, паҳн кардан ва ҷамъ кардани миз ё дастархони ғизо.

Сину соли 8 ва 9 сол: Кӯмак дар ошпазӣ, шустани зарфҳо, омода кардани субҳона ба танҳои

Сину соли 10 сол ба боло: Уту кардан, духтани дугма, дуруст кардани як ваъдаи ғизои содда, тамиз кардани газ.

Диққат дошта бошед, ки инҳо корҳое аст, ки умуман кӯдакон дар ин сину сол метавонанд анҷом диҳанд, аммо ҳамон тавре, ки ишора кардем милок ва андоза сину сол нест ва падару модар бояд тавоноии ҷисмӣ барои анҷоми корҳои гуфта шударо дар кӯдакашон бинанд; Мумкин аст як кӯдаки 3 сола битавонад монанд кӯдак 5 сола дар анҷоми корҳои хона кӯмак кунад ва баръакс як кӯдаки 5 сола натавонад корҳои мутаносиб бо сину соли кӯдаки 3 соларо анҷом диҳад.

 Чаро анҷоми корҳои хона барои кӯдакон муфид аст?

Бисёре вақтҳо, падару модар салоҳ медонанд барои сарфа ҷӯӣ дар вақт ва зудттар анҷом шудани корҳо аз кӯдак кӯмак нагиранд, худашон корҳоро анҷом медиҳанд, аммо анҷом корҳои хона як фурсати арзишманд барои кӯмак ба рушд ва тарбияти кӯдакон аст, ки дар идома ба таъсироти муҳими онҳо мепардозем:

 Афзоиши бовари ба худ ва ҳисси масъулиятпазирӣ

Ихтисос додани анҷоми баъзе аз корҳо ба кӯдак ва сипосгузорӣ аз ӯ ба хотири анҷоми он кор, ҳисси масъулиятпазириро дар ӯ тақвият мекунад. Ҳамчунин, анҷоми корҳои шахсӣ мисли тартиб додани утоқ, таҳ кардан либосҳои шуста шуда ва… Боис мешавад кӯдак эҳсоси тавоноӣ карда ва дар натиҷа боварии ба нафсаш афзоиш ёбад.

 Ёдгирии тавоноиҳои асосии зиндагӣ

Пухту паз, ҷамъ кардани рехту пошҳо, ҷору кардан ва… Бахше аз тавоноиҳое аст, ки бачаҳо дар оянда ба онҳо ниёз хоҳанд дошт. Ҳамчунин аз он ҷое, ки ин тавоноиҳо дар мактабҳо ва донишгоҳҳо омӯзиш дода намешавад, ёдгирии онҳо аз ҳамон даврони кӯдакӣ аз аҳамияти болое бархурдор аст.

 Тақвият тавоноиҳои ҳаракатӣ

Вақте кӯдак машғули об додан ба гулдон ё ҷамъ кардани васоилаш мешавад, маҷбӯр аст ба самти замин хам шавад ва ё дасти кӯдак дар ҳини ҷору кардан, зарф шустан ва таҳ кардани либосҳо ҳаракат мекунад ва ин корҳо боиси тақвияти азулот по, камар ва дасти ӯ шуда ва тавонои ҳифзи таодулашро бештар мекунад.

 Эҳсоси муҳим будан ва бартариҷӯӣ

Кӯдак бо анҷоми корҳои содда эҳсос мекунад бахши муҳимме аз оила буда ва шумо ба кӯмаки ӯ эҳтиёҷ доред, бинобарин ӯ дар оянда майли бештаре ба мушорикат дар корҳо хоҳад дошт.

 Назм ва покизагӣ дар бузургсолӣ

Кӯдаконе, ки дар сину соли кӯдакӣ ёд гирифтаанд чизҳои атрофашонро мураттаб нигоҳ доранд, дар бузургсолӣ афроди қонунманд, назмпазир ва муваффақ хоҳанд шуд.

 Худкифоӣ ва ба фикри худ будан

Вогузор кардан баъзе аз корҳои хона ба кӯдак боис мешавад, ки фарзандатон ёд бигирад, ки чигуна худкафо бошад ва дар шароити хос ба шумо мутакӣ набуда ва ба қавле битавонад рӯи пои худаш биистад.

 Муваффақият дар бузургсолӣ

Таҳқиқот нишон медиҳад афроде, ки дар даврони кӯдакӣ дар анҷоми корҳои хона мушорикат мекунанд, бузургсолоне мешаванд, ки дар гурӯҳи мушорикатӣ ба хубӣ кор мекунанд. Дар воқеъ анҷоми кори хона, поя ва асос барои эҷоди нигариши “Ман метавонам” -ро эҷод мекунад ва ин масъала дар муваффақият ва рафту омади фардии кӯдак дар бузургсолӣ таъсиргузор аст.

Чанд нуктаи муҳим

– Диққат кунед ба ҳеҷ унвон кӯдаконро маҷбӯр ба анҷом коре накунед, балки бо ташвиқ, ангеза ва ҳаяҷон анҷом корҳои хонаро дар ӯ эҷод намоед.

– Ҳамзамон чанд корро ба кӯдак вогузор накунед, зеро ин кор боиси сардаргумӣ ва беалоқагии кӯдак дар анҷоми корҳо мешавад.

– Дақиқ барои кӯдак тавзеҳ диҳед, ки чӣ коре анҷом диҳад. Дарки ҷумлаи утоқтро тамиз кун барои кӯдак сахт аст; Бинобарин бояд дақиқан тавзеҳ диҳед, ки бозичаҳоятро ҷамъ кун ва шояд лозим бошад дар анҷоми ин кор ба ӯ кӯмак кунед.

– Аз кори кӯдак эрод нагиред ва барои суръат додан ба корҳо ба ӯ эстирес ворид накунед. Интизор надошта бошед, ки ӯ монанди бузургсолон кори хонаро шуста ва руфта ба шумо вогузор кунад. Шояд бо кӯмак гирифтан аз кӯдак, корҳоятон ҳатто ба оҳистагӣ пеш биравад, аммо дар иваз як одати хубро дар кӯдак эҷод мекунед ва рафторҳои мусбати зиёдеро ба ӯ ёд хоҳед дод.

– Дар ҳини анҷоми корҳо шодобӣ ва шоди дошта бошед масалан ҳангоми ошпазӣ, бо кӯдак мусобиқа бигузоред ё замони об додан ба гулдон, каме об бозӣ кунед.

– Аз кӯдак ба хотири кӯмак дар корҳои хона қадрдонӣ карда ва ба ӯ бигӯед, ки бо кӯмаки ӯ корҳои шумо сабук мешавад ва метавонед ба корҳои дигаратон бирасед; Ин масъала боис мешавад то кӯдак бо диққат ва завқи бештаре дар корҳои хона ба шумо кӯмак кунад.

– Ҷудо кардани ҷинсиятӣ қоил нишавед; Нагӯед писар, ки дар корҳои хона кӯмак намекунад! иттифоқан як чизҳое аз корҳои хона мисли ошпазиро ба фарзанди писаратон вогузор кунед, зеро ин кор боис мешавад то писарон аз масъулиятҳои хонадорӣ огоҳ шуда ва дар оянда кори хонаро вазифаи зан надонанд ва беъзе аз корҳои берун мисл шустани мошин ва харид(бо ҳузури худатон)-ро бар ӯҳдаи духтар бигузоред то дар оянда истиқлол пайдо карда ва такия ба касе накунад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.