Омилҳои муҳимми рушди ахлоқии кӯдак ва навҷавон

80

Омилҳои муҳимми рушди ахлоқии кӯдак ва навҷавон

Яке аз дағдағаҳои бисёр муҳимми волидайн, рушди ахлоқии кӯдакон ва навҷавонон аст. дар ин навишор ба авомили муассир дар ин масъала ишора мешавад.

Авомили муассир дар рушди ахлоқии кӯдак ва навҷавон

Муҳимтарин авомили муассир дар таҳаввулоти ахлоқиро, ки метавон аз Қуръон истифода намуд, ба гунае бар рушди ахлоқи фарзандон низ таъсир дошта бошад ва дар китобҳои ахлоқӣ низ ба таври муфассал пардохта шуда, шаҳри зер аст:

1 – Варосат, ё ба ирс бурдани сифоти ахлоқӣ

Варосатро метавон чунин таъриф кард:

Интиқоли табиии баъзе аз сифот ва хусусиёти зистӣ, баданӣ, зеҳнӣ ё ақлӣ ва ахлоқиро аз волидайн ва аҷдод ба фарзандонро варосат мегӯянд.

Аз дидгоҳи ислом, фазоил ва разоили ахлоқии падарону модарон дар фарзандон осори қобили мулоҳизае мегузорад ва фарзандон вориси он сифоти писандида ё нописанд хоҳанд буд.

Дар Қуръон бар омили варосат дар тарбияти инсон ишора шудааст:

1 – Сураи Нуҳ, ояти 26-28: “Нӯҳ гуфт: Эй Парвардигори ман, бар рӯи замин ҳеч як аз кофиронро магузор, ки агар бигзорияшон, бандагонатро гумроҳ мекунанд ва ҷуз фарзандони фоҷир ва кофир наоваранд”.

Ин сухан ишора ба ин ҳақиқат дорад, ки тарбияти хонаводагӣ ва омили варосат метавонад дар ахлоқ ва ақидаи одамӣ муассир бошад. Ба ин баён, ки ақоиди куффор ба фарзандонашон мунтақил мешавад ва онон сифоти нописанди падарони худро ба ирс мебаранд.

2 – Сураи Оли Имрон, ояти 37: “Худованд Марямро ба тарзи некӯе пазируфт ва ба тарзи шоистае, ниҳоли вуҷуди ӯро парваронд ва парвариш дод ва сарпарастии ӯро ба Закариё супурд”.

Ташбеҳи вуҷуди инсони пок ба ниҳоли барӯманд, ишора ба ин ҳақиқат аст, ки ҳамон тавре ки барои бархурдорӣ аз як бутаи гули зебо ё як дарахти пурсамар бояд нахуст аз базрҳои ислоҳшуда истифода кард ва сипас васоили парвариши он гиёҳро аз ҳар назар фароҳам сохт ва боғбон низ бояд ба таври мураттаб дар тарбияти он бикӯшад, инсонҳо низ чунинанд, ҳам омили варосат дар руҳу ҷони онҳо муассир аст ва ҳам тарбияти хонаводагӣ.

Идома дорад…

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.