Шояд ба корона олуда шудаед, аммо худатон намедонед!

Агар ба коронавирус олуда шуда ва аз вуҷуди он бехабар бошед, зарурӣ аст барои ҷилавгирӣ аз интиқоли он ба дигарон чанд нуктаи соддаро риоят кунед.

128

Эҳтимол дорад худатон надонед, ки ба вируси коронаи нав олуда шудаед ба ҳамин манзур риояти чанд нуктаи содда барои ҷилавгирӣ аз интиқоли он зарурӣ аст.

Бар асоси додаҳо ба таври мутавассит 5 то 14 рӯз тӯл мекашад то нишонаҳо дар фард дида шаванд. Аммо қабл аз бурузи нишонаҳо эҳтимол дорад ашхоси дигареро олуда карда бошед барои мисол дар васоили нақлиёти умумӣ ва ё дар мулоқотҳо ва маъракаҳои дӯстона.

Вируси коронаи нав аз зукоми маъмулӣ сироятёбандатар аст ва ҳар шахси олуда метавонад ноқили он бошад. Ба ҳамин далел омори мубталоён ба суръат афзоиш меёбад.

Агар зарфияти низоми дармонӣ бидуни иқдомоти пешгирона коҳиш ёбад, бемористонҳо аз бемор пур хоҳанд шуд ва кат, балони оксиген, дастгоҳҳои танаффуси сунъӣ ба андозаи кофӣ нахоҳад буд. Ҳамчунин кишварҳо бо камбуди пизишк ва ҳамшираи шафқат мувоҷеҳ хоҳанд шуд.

Бар ин асос дар хона мондан ва ниқоби тиббӣ задан шанси ибтило ба вирус ва эҳтимоли олуда кардани дигаронро коҳиш медиҳад, дар ниҳоят густариш вирус кунд мешавад ва пизишкон метавонанд беморони бештареро наҷот диҳанд.

Аммо чаро ин масъала аҳамият дорад?

Тибқи таҳқиқот 80 дарсади мубталоён ё нишонае надоранд ё нишонаҳои он хафиф аст, бинобар ин бидуни ин ки бидонанд дигаронро олуда мекунанд.

Барои афроди болои 50 сол хатари марг бар асари ибтило ба КОВИД-19 бештар аз дигар афрод аст. Аз ҷумла заминаҳои пурхатар: Бемориҳои музмини қалбӣ ва уруқӣ, норасоии риявӣ, бемории қанд ва ихтилолоти дастгоҳи эминӣ.

Тавсия шудааст агар сурфа мекунед, мушкили танаффусӣ ва ё таби болои 38 дараҷа доред, ҳатман бо пизишк тамос бигиред.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.