Вазоифи мутақобили ҳамсарон(қисмати чаҳорум)

153

Иффату покдоманӣ

«Иффат» ба маънои хештандорӣ аз муҳаррамот, дурӣ аз корҳои зишт ва ҳолате аст ки аз ғалабаи шаҳват ҷилавгирӣ мекунад.[1] Манзури мо аз иффат дар инҷо худдорӣ аз анҷоми хостаҳои ғайри оқилона, нодуруст ва номашруи ҷинсӣ аст. Эмом Алӣ(а) мефармояд:

«Иффат, пойдорӣ дар баробари шаҳват аст»[2]

Аҳаммияти иффат

Иффат яке аз арзишҳои волои маънавӣ аст ва дар ривоёти исломӣ нисбат ба ҳифзи иффат бисёр суфориш шуда ва аз он ба унвони яке аз беҳтарин ибодатҳо ёд шуда аст. Ҳазрати Алӣ(а) фармуд:

«Бар ту бод ба покдоманӣ ки бартарин вежагии ахлоқии инсонҳои шариф аст.»[3]

Эмом Боқир(а) низ мефармояд:

«Ҳеч ибодате дар пешгоҳи Худованд батар аз покии шикам ва иффат дар умури ҷинсӣ нест.»[4]

Талош дар роҳи ҳифзи покдоманӣ, ҷиҳоде пайгир бо нафси аммора аст ва инсонро дар радифи муҷоҳидони шаҳид дар роҳи Худо ва фариштагони илоҳӣ қарор медиҳад. Эмом Алӣ(а) дар ин бора мефармояд:

«Подоши муҷоҳиди шаҳид дар роҳи худо аз касе ки қудрат [бар ҳарому гуноҳ] дорад, вале иффат меварзад, бештар нест. Наздик аст ки инсони покдоман, фариштае аз фариштагони[илоҳӣ] бошад.[5]

Авомили ҳифзи иффат

Баъзе аз авомили муассир дар ҳифзи покдоманӣ иборатанд аз:

  • Эмон

Эмон аз ҷумла авомили боздорандаи инсон аз вуруд ба муҳаррамоти илоҳӣ аст ва ӯро дар ҳифзи иффат ёрӣ мекунад. Муъминон дар Қуръони Карим ва ривоёти исломӣ ба бархурдорӣ аз сифати покдоманӣ сутуда шудаанд.

Қуръони Карим мефармояд:

«Муъминон растагор шуданд… ва онҳо ки домони худро (аз олуда шудан ба бе иффатӣ) ҳифз мекунанд».[6]

Эмом Алӣ(а) низ мефармояд:

«Муъмин, покдоман, қаноатпеша, поксиришт ва хештандор аст.»[7]

  • Ғайрат

Ғайрат ва ҷавонмардӣ низ дар покдомании инсон нақши муассире дорад ва боис мешавад инсон ҳаргиз тан ба беиффатӣ надиҳад. Ғайрат робитаи мустақиме бо покдоманӣ дорад; инсон ба ҳамон миқдор ки аз сифати ғайрат ва ҷавонмардӣ баҳраманд аст, дар ҳифзи покдомании худ мекушад. Амири муъминон(а) фармуд:

«Арзиши мард ба андозаи ҳиммати ӯ… ва покдоманиаш ба андозаи ғайрати ӯст.»[8]

Афроди ғайратманд ҳаргиз ба корҳои номашруи ҷинсӣ тан намедиҳанд ва арзиши худро бо ҳавасрониҳои зудгузар зоеъ намекунанд. Эмом Алӣ(а) дар сухани дигар мефармояд:

«[Инсони] ғайратманд ҳаргиз зино намекунад».[9]

  • Таъмини ниёзҳои ҷинсӣ

Касе ки дар муҳити хона ва аз тариқи машруъ, ниёзҳои ҷинсии худро таъмин мекунад, заминаи бисёр камтаре барои олудагӣ ба беиффатӣ дорад. Аз ин ру, ҳар кас барои ҳифзи покдомании худ ва ҳамсараш бояд дар ҳадди лозим, ниёзҳои ҷисмии худ ва ҳамсарашро таъмин кунад, то дар лағзишгоҳҳои ҷинсӣ налағзад ва аз олудагӣ ва фасод эмин гадад.

  • Оростагии ҳамсар

Оростагии зоҳир, назофат ва истиъмоли буи хуш низ нақши муҳимме дар ҳифзи покдомании ҳамсар дорад. Ҳар кас бар асоси фитрати хеш аз оростагӣ ва зебоӣ лаззат бурда ва аз зиштӣ, жулидагӣ ва муроот накардани назофат мутаннафир аст. Аз ин ру, дар аҳодиси исломӣ ба мардони мутааҳҳил суфориш шуда ки бо оростагии худ муҷиботи покдомании занони хешро фароҳам созанд. Расули Худо(с) мефармояд:

«Либосҳои худро бишуед, муҳои худро ислоҳ кунед, мисвок бизанед, ороста ва покиза бошед, зеро Бани исроил чунин накарданд ва занонашон зинокор шуданд».[10]

Эмом Ризо фамуд:

«Омадагӣ [ва оростагии мардон] бар покдомании занони онон меафзояд, гуруҳе аз занон, покдомании худро раҳо карданд, зеро шавҳаонашон худро барои ниёзҳои онҳо омода намекарданд.»[11]

Ба занон низ суфориш шуда ки худро барои ҳамсарони худ биёроянд ва онҳоро дар ҳифзи покдоманӣ ёрӣ созанд. Эмом Содиқ(а) мефармояд:

Шоиста нест ки зан худро [бидуни ороиш] муатталгузорад, гарчи дар гардани худ гарданбандебиовезад. Вашоистаи ӯ нес тки дастаташробидунихизоббигузорад, агарчибокамеҳанобошад. Ҳарчанд он зансолхурдабошад.

  • Ҳаё

Омили дигаре ки дар ҳифзи покдомании инсон муассир аст, сифати шарму ҳаёст. Инсон ба ҳамон мизон ки аз ин сифати писандида баҳраманд аст, аз корҳои зишту номашруъ дурӣ мекунад. Дар ин замина ба чанд ҳадис аз ҳазрати Алӣ(а) таваҷҷуҳ кунед:

«Покдомании ҳар кас ба андозаи ҳаёи ӯст»[12]

«Ҳаё аз анҷоми кори зишт ҷилавгирӣ мекунад»[13]

«Ҳаё решаи ҷавонмардӣ ва меваи он покдоманӣ аст»[14]

Осори покдоманӣ

Покдоманӣ гузашта аз осори матлуби маънавӣ ва ахлоқӣ барои инсо, натоиҷи гаронбаҳое дар таъмини саодати хонаводагӣ дорад. Дар инҷо ба се асари арзанда ишора мекунем.

  • Масунияти ҳамсар аз нопокон

Зану шавҳар беш аз ҳар каси дигар, аз ахлоқи яикдигар таъсир мепазиранд. Ахлоқи зишту зебои онҳо бо гузашти замон дар ҳамдигар асар мегузорад. Аз ин ру, шахси фосид ва ҳарза бо корҳои номашруъ ва олудагӣ ба беиффатӣ, ҳамсарашро ба фасод суқ медиҳад, вале инсони покдоман бо ҳифзи худ аз гуноҳон ва корҳои номашруи ҷинсӣ, заминаи масунияти ҳамсари худро дар баробари нопокон фароҳам мекунад. Эмоми Содиқ(а) мефармояд:

Аз занони мардум чашм бипушед, то ҳамсаронатон покдоман бимонанд.[15]

  • Таҳким ва пайванди хонаводагӣ

Камтарин интизори инсон аз ҳамсари худ ин аст ки посдори иффати худ бошад, гули васвасаҳои нафсониро нахурад ва бо бебанду борӣ дар умури ҷинсӣ, пояҳои маҳками хонаводаро мутазалзил накунад. Малакаи иффат ҷилави рушди тамоюлоти номашруи ҷинсиро мегирад ва инсонро аз афсоргусехтагӣ ва бебанду борӣ масун медорад. Шахси покдоман ба ҳамсари худ қонеъ буда ва аз ҳавасрониҳои беҳуда мепарҳезад, вале касе ки ба ончи дорад қаноат намекунад ва дар умури шаҳвонӣ ҳарис аст, аз ин неъмати илоҳӣ баҳраманд нест. Ҳазрати Алӣ(а) мефармояд:

«Ба зинати покдоманӣ ороста нест касе ки ончиро намеёбад, бихоҳад.»[16]

  • Ҷалби иътимоди ҳамсар

Покдомании инсон муҷиб мешавад ки ҳамсараш нисбат ба покӣ ва саломати ахлоқии ӯ итминон ёбад ва бо дили хуш ва хотири осуда ба анҷоми вазоифи хонаводагии хеш бипардозад; зеро ӯ медонад ки покдомании ҳамсараш ҳамвора ӯро аз олудагӣ ба корҳои паст имен мекунад; чунонки эмом Алӣ(а) мефармояд:

«Покдоманӣ, инсонро ҳифз карда ва аз пастиҳо муназзаҳ месозад.»[17]

[1] . Маҷмаул баҳрайн, ҷ.5, вожаи иффат; муфрадоти Қуръон, Роғиби исфаҳонӣ, моддаи «иффат».

[2]. Шарҳи Ғурарул ҳикам, ҷ2, саҳ.82.

[3] . ҳамон, ҷ4, саҳ.293.

[4] . Усули кофӣ, ҷ2, саҳ.80.

[5] . Наҳҷулбалоға, ҳикмати 466, саҳ.1303.

[6] . сураи Муъминун, ояти 1 ва 5.

[7]. Шарҳи Ғурарул ҳикам, ҷ.2, саҳ.35.

[8] . Баҳорул анвор, ҷ.70, саҳ.4.

[9]. Шарҳи Ғурарул ҳикам, ҷ6, саҳ.54.

[10] . Наҳҷулфасоҳа, саҳ.72.

[11] . Васоил, ҷ.14, саҳ.183.

[12] . Шарҳи Ғурарул ҳикам, ҷ2, саҳ.418.

[13] . Ҳамон, ҷ1, саҳ.365.

[14]. ҳамон, ҷ.2, саҳ.218.

[15] . Баҳоруланвор, ҷ.71, саҳ.270.

[16] . Шарҳи Ғурарулҳикам, ҷ5, саҳ.98.

[17] . Шарҳи Ғурарулҳикам, ҷ5, саҳ.106.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.