Вазоифи мутақобили ҳамсарон(қисмати панҷум)

204

Дарки ҳамсар

Яке аз интизороте ки ҳар кас аз ҳамсари худ дорад, ин аст ки ӯро дарк кунад, бо вай тафоҳум дошта бошад, нисбат ба мушкилоти ӯ ҳамдилӣ ва ҳамкорӣ дошта бошад ва дар ҳалли он бикушад. Ин интизор дар зиндагии муштараки хонаводагӣ амри табиӣ аст; аммо бояд таваҷҷуҳ дошт ки ин масъала ду ҷанба  аст; яъне ҳамон тавр ки мард аз ҳамсари худ таваққуъ дорад ки уро дарк кунад, ӯ низ бояд ҳамсарашро дарк кунад. Бадин гуна дарки ҳамсар вазифае аст ки ҳар як аз зану шавҳар бояд дар тули зиндагии муштараки заношуӣ ба он таваҷҷуҳ дошта бошанд.

Нақши дарки ҳамсар дар зиндагӣ

Асоси зиндагии хонаводагӣ  ки бар ҳамдилӣ ва ҳамкории зану мард бино шуда, бидуни тафоҳум бо ҳамсар, муяссар нест.

Решаи бисёре аз ихтилофоти хонаводагӣ дар адами дарки ҳамсар нуҳуфта аст. Ҳамсароне ки бо якдигар тафоҳум надоранд; ба мушкилот ва гирифториҳои ҳамсари худ таваҷҷуҳе надоранд; дар натиҷа на танҳо барои ҳалли он намекушанд, балки бо таваққуоти нораво ва беҷои худ, мушкили тозае бар мушкилоти ҳамсар меафзоянд.

Дарки мавқеият ва мушкилоти ҳамсар муҷиб мешавад ки инсон ба некиҳои ҳамсар таваҷҷуҳи бештаре карда, қадрдони заҳамоти ӯ бошад. Бар акс, касе ки ҳамсари худро дарк намекунад, тамоми талошҳои ӯро нодида мегирад ва айбҳо ва костиҳои ҳамсар дар назараш бисёр ҷилва мекунад ва на танҳо қадрдон ва мушаввиқи ҳамсар нест, балки бо захми забонҳои худ, нишоти зиндагиро аз ӯ салб мекунад. Чунин шахсе ҳам ҳамсари хешро ноумед ва дилсард мекунад ва ҳам аъмоли худро табоҳ месозад. Имом Содиқ(а) мефармояд:

Ҳар зане ки ба шавҳараш бигуяд ҳаргиз аз ту хайре надидаам, ба ростӣ ки аъмолаш табоҳ шудааст.[1]

Авомили муассир дар дарки ҳамсар

Дарки ҳамсар ниёзманди авомили мутааддиде аст ки ба баёни ду омили он басанда мекунем.

  • Раҳо шудан аз худбинӣ

Аввалин шарти дарки ҳамсар, раҳо шудан аз хедбинӣ ва худхоҳии ҷоҳилона аст. Инсон ба таври маъмул ба иллати ҳисси худхоҳӣ ки дорад, худро аз айбҳо ва хатоҳо муназзаҳ медонад ва ҳамин сифати манфӣ, сарчашмаи бисёре аз лағзишҳои ӯ мешавад. Шахси худписанд ҳечгоҳ айбҳои худро намебинад, дар натиҷа ба фикри ислоҳи худ намеафтанд ва тирагиҳо ва зиштиҳо ба тадриҷ саросари вуҷудашро фаро мегирад. Амири муъминон Алӣ(а) фармуд:

Ҳар кас аз худ розӣ бошад, айбҳо бар ӯ чира мешавад.[2]

Шахси худписанд, ба иллати бе таваҷҷуҳӣ ба айбҳои худ, ҳамвора тақсирро ба гардании дигарон меандозад ва худро аз хатоҳо барканор медонад, ба ҳамин ҷиҳат дигарон аз ӯ норозӣ ҳастанд; ҳамон ҳазрат мефармояд:

Аз худписандӣ бипарҳез ки норозиёнат фузун хоҳанд шуд.[3]

Шахси худбин фақат ба фикри хостаҳо ва манофеи хеш аст ва ҳамсарро низ ба манзури ирзои тамоюлот ва баровардани хостаҳо ва ниёзҳои худ мехоҳад ва аз ин нукта ғафлат дорад ки ҳамсари ӯ ҳам ниёзҳо, мушкилот ва хостаҳое дорад ки бояд таъмин шавад.

Бинобарин, худбинӣ монеи асосии дарки ҳамсар аст ва то ин монеи бузург аз байн наравад, инсон қодир ба тафоҳум бо ҳамсари хеш нахоҳад буд. Пас зарурӣ аст ки инсон худро ба ҷои ҳамсар қарор диҳад то биёбад ки ҳамсараш аз назари руҳӣ ва ахлоқӣ ва мушкилоти фардӣ ва хонаводагӣ ва иҷтимоӣ дар чи вазъияте қарор дорад. Бадин гуна, заминаи дарки ҳамсар фароҳам мешавад.

  • Шинохти руҳиёт ва мушкилоти ҳамсар

Лозимаи ошноӣ бо руҳиёти дигарон ин аст ки инсон ба хубӣ аз ҳолоти руҳии худ, огоҳӣ дошта бошад то битавонад дарки саҳеҳ аз руҳиёти дигарон пайдо кунад. Касе ки шинохти дурусте аз худ надошта бошад, аз шинохти дигарон низ оҷиз хоҳад буд. Амири муъминон(а) мефармояд:

«Он кас ки худро намешиносад, чигуна дигариро бишиносад?»[4]

Ҳамчунин фармуд:

«Касе ки худро нашиносад, нисбат ба дигарӣ ҷоҳилтар аст»[5]

Гузашта аз муштаракоти руҳии афрод ки такиягоҳе барои шинохти онҳо аст, ҳар кас дорои руҳиёт ва ахлоқи хоссе аст ки бо шинохти он, метавон тасвири дақиқтаре аз шахсияти ӯ тарсим кард; аз ин ру, шинохти руҳиёти ҳамсар, роҳгушои дарки ӯст.

Марҳилаи дигар, шинохти мушкилот ва гирифториҳои ҳамсар аст. Ҳар инсоне дар зиндагӣ даргири мушкилоти мутааддиде аст ки фишорҳои руҳӣ бар ӯ ворид мекунад ва дарки ӯ бидуни шинохти онҳо, муяссар нест. Ҳар кадом аз зану мард барои худ мушкилоте дорад ки дигари бояд онро дарк кунад. Зан бояд бидонад ки ҳамсараш барои таъмини махориҷи зиндагӣ бо сахтиҳо ва гирифториҳои фаровоне рубару аст ва мумкин аст баъзе мавоқеъ ба иллати фишори зиёди зиндагӣ, кантроли рафтори худро аз даст дода, бо ӯ бадахлоқӣ кунад; мард низ бояд мушкилоти занро дар идораи умури дохилии манзил дар назар бигирад ва заҳамоту кушишҳои ӯро кучак нашуморад, чаро ки анҷоми вазоифи хона, гарчи ба назар ссода меояд, аммо муҳтоҷи ҳавсалаи фаровон, кушиши бисёр ва талоши пайгир аст ва чи басо аз тавони маъмулии мард хориҷ бошад. Таваҷҷуҳи ҷиддӣ ва дилсузона ба мушкилоти ҳамсар, муҷиби ҳамдилӣ ва тафоҳуми бештар ва дарки беҳтари якдигар хоҳад шуд.

Фавоиди дарки ҳамсар

Тафоҳум бо ҳамсар дар эҷоди саодати хонаводагӣ ва аз байн бурдани решаи ихтилофот ва нобасомониҳои зиндагӣ, нақши асосӣ дорад. Се асари арзандаи он ба қарори зер аст:

  • Кам шудани таваққуот

Аввалин асари дарки ҳамсар, воқеъбинии инсон нисбат ба уст. Инсон қабл аз дарки мушкилот ва масоили ҳамсар, чи басо интизороти ғайри воқеъбинонае аз ӯ дошта бошад ва чун интизороташ бароварда намешавад, кашмакашҳо ва ихтилофоти хонаводагӣ шуруъ мешавад, аммо бо дарки ҳамсар ва шинохти вазъият ӯ, таваққуоти инсон аз ҳамсараш бо тавони ӯ танзим мешавад ва бадин гуна муҳити хона ба дур аз ҳаргуна таваққуи беҷо ба саломат ва оромиш, музайян мешавад.

  • Ҳамкории бештар бо ҳамсар

Агар инсон ҳамсари худро дарк кунад ва мушкилоту гирифториҳои ӯро бо тамоми вуҷуд, ламс намояд ба андозаи тавони худ, дар ёрӣ расондан ба ӯ талош хоҳад кард. Ба таври мисол: агар зан, шавҳари худро дарк кунад, на танҳо саъй мекундад, дар рафъи мушкилот ба ӯ кумак намояд, балки бо тақвияти рӯҳияи ӯ ва аз байн бурдани нороҳатии ҳамсар, бузургтарин пуштибони рӯҳии ӯ хоҳад буд.

Марде хидмати Пайғамбар(с)  омад ва арз кард: Ҳамсаре дорам ки ҳар гоҳ вориди хона мешавад, ба истиқболам меояд ва чун хориҷ мешавам, бадрақаам мекунад ва замоне ки маро андуҳгин мебинад, мегуяд: агар барои рузӣ ғуссае мехурӣ, бидон ки дигарӣ онро ба уҳда гирифтааст ва агар барои охират ғусса мехурӣ, Худо андуҳатро зиёд кунад. Расули Худо(с) фармуд:

«Худованд коргузороне дорад ва чунин зане аз коргузорони Худост ва нисфи аҷри шаҳидро дорад»[6]

Зане ки бо шавҳари худ тафоҳум дорад, на танҳо хидмат ба ҳамсарро бо такаллуф ва заҳмат анҷом намедиҳад, балки бо майли худ дар расидагӣ ба ҳамсар мекушад, бадин гуна ҳам дар таъмини саодати хонаводагии худ мекушад ва ҳам аз аҷри маънавӣ ва подоши ухравии он баҳраманд мешавад; Эмом Содиқ(а) фармуд:

Ҳар зане ки як бор ба шавҳараш об диҳад, аз ибодати як сол ки разаш ба руза ва шабаш ба намоз бигузарад, барояш беҳтар аст ва Худованд дар изои ҳар об додан, шаҳре дар биҳишт барояш месозад ва шаст ҷурмашро мебахшад.

Расули Худо(с) пиромуни кумаки мард ба ҳамсараш дар манзил фармуд:

«Эй Алӣ! Ҳар кас аз хидмат ба хонаводааш нанг надошта бошад, ин муҷиби бахшиши гуноҳони бузург аст ва оташи ғазаби илоҳиро хомуш мекунад»[7]

Ва низ фармуд:

«Ба хонаводааш хидмат намекунад, магар сиддиқ ё шаҳид ё марде ки Худованд хайри дунё ва охирати ӯро бихоҳад».[8]

  • Ҳамдилӣ ва ҳамоҳангӣ дар зиндагӣ

Асари дигари дарки ҳамсар, эҷоди ҳамдилӣ ва ҳамоҳангӣ дар зиндагии муштарак аст; ҳамсароне ки бо якдигар тафоҳум намекунанд, ҳар кадом бе таваҷҷуҳ ба мушкилот, масоили ва алоқаҳои ҳамсар, ва бидуни ҳамоҳангӣ ва ҳамдилӣ бо ӯ, зиндагии худро танзим мекунанд ва ин амр муҷиби бурузи порае аз ихтилофот дар зиндагӣ мешавад, дар ҳоле ки бо дарки шароит ва мавқеияти ҳамсар ва низ шинохти руҳиёти ӯ, метавон ба ҳамдилӣ ва ҳамоҳангии бештаре даст ёфт. Чунин ҳамсароне дар зиндагӣ пуштибони якдигар ва дар мушкилот ғамхори ҳамдигаранд.

Рӯзе Расули Худо(с) ба хонаи ҳазрати Алӣ(а) ворид шуд. Ӯ ва Фотима(а)-ро дид ки бо кумаки якдигар бо осёби дастӣ ғалла орд мекунанд. Пайғамбар(с) фармуд: кадом як хастатаред? Алӣ(а) арз кард: Фотима(а) хастатар аст. Пайғамбар(с) ба Фотима(а) фармуд: духтарам бархез, ӯ бархост ва Пайғамбар(с) ба ҷои ӯ нишаст ва ба Алӣ(а) дар орд кардани ғалла кумак кард.[9]

Таҳаммули ҳамсар

Аз дигар вазоифи ахлоқии ҳамсарон, таҳаммули якдигар ва сабр дар муқобили озорҳо ва рафтор ва гуфтори нописанди якдигар аст. Албатта ҳар инсоне бояд саъй кунад ки рафтору ахлоқи номатлуби ҳамсарашро ислоҳ кунад, аммо наметавон тамоми ахлоқи ӯро тағйир дод ва мумкин аст баъзе аз ҳолоти ҳамсар, мояи нороҳатӣ ва озори инсон бошад, дар ин маворид чорае ҷуз таҳаммули рафтори номатлуби ҳамсар нест, зеро ин, беҳтарин роҳ барои пешгирӣ аз ошуфтагии зиндагии муштарак аст.

Барои масун мондан аз даргириҳои мустамири хонаводагӣ, бояд шахсияти ҳамсарро он гуна ки ҳаст, пазируфт ва бо сабурӣ ба зиндагӣ бо ӯ идома дод, чаро ки бисёре аз нороҳатиҳо ва номулойимоти зиндагӣ ки дар назари инсон нописанд аст, ба маслиҳати инсон буда, муҷиботи саодат ва тараққии ӯро фароҳам месозад. Дар зиндагии хонаводагӣ низ мумкин аст баъзе аз хусусиёти ҳамсар номатлуб бошад, аммо дар ниҳоят ба хайру салоҳи инсон бошад. Қуръони Карим мефармояд:

«Бо занон ба шоистагӣ рафтор кунед, ва агар аз онҳо, (ба ҷиҳате) кароҳат доштед, (зуд тасмим ба ҷудоӣ нагиред) чи басо чизе хушоянди шумо набошад, ва Худованд хайри фаровоне дар он қарор диҳад»[10]

Таъсири эмон дар таҳаммули ҳамсар

Муҳимтарин омиле ки муҷиби тақвияти сабру таҳаммули инсон дар қиболи рафторҳои озордиҳандаи ҳамсар мешавад, эмон аст. Сабру эмон аз ҳам ҷудо нестанд; инсони муъмин бидуни доштани сабр, наметавонад эмони худро ҳифз кунад. Эмоми Содиқ(а) сабрро маншаи эмон дониста, фармуд:

«Сабр сари эмон аст»[11]

Инсони муъмин дар муҳити хонавода ҳамвора ин нуктаро дар назар дорад ва бо таҳаммули азияти ҳамсар ва рафтори ношоисти ӯ, дар садади эҷоди муҳити солим аст ва сабри зебо ва бидуни шиква аз ҳамсар, ба зиндагии хонаводагӣ идома медиҳад. Эмоми Содиқ(а) дар ҷавоби касе ки аз «сабри ҷамил» савол кард, фармуд:

«Сабри зебо сабре аст, ки дар он изҳори нороҳатӣ ба мардум набошад»[12]

Натоиҷи таҳаммули ҳамсар

Таҳаммули рафтори ношоисти ҳамсар, натоиҷи ахлоқӣ ва иҷтимоии фаровоне дорад ки баъзе аз онҳо ба шарҳи зер аст:

  • Ҷилавгирӣ аз фурупошии хонавода

Ҳифзи конуни хонавода аз хатари фурупошӣ яке аз вазоифи хатири ҳамсарон аст ва тамоми тамҳидоти ахлоқии хонавода ба манзури саодати зиндагии муштарак ва дар ниҳоят, ҷилавгирӣ аз ҷудоии зан ва шавҳар дар назар гирифта шудааст. Талоқу ҷудоӣ, маншаи офоти фаровон дар зиндагии фардӣ ва иҷтимоии афрод ва муҷиби зоеъ шудани табияти кудакон ва пайдоиши нобасомониҳои бисёр аст ва иҷрои он аз назари Ислом ба унвони охирин роҳи ҳал аст, яъне фақат баъд аз ноумед шудан аз ислоҳи зиндагии муштарак ва поёнд додан ба даргириҳо ва ихтилофоти мудовим, метавон онро тарҳ кард ва то замоне ки умеди ислоҳ ва имкони таҳаммули ҳаст, бояд аз он парҳез шавад.

Андешаи ҷудоӣ маъмулан ба далели ихтилофоти фаровон ва ба умеди издивоҷи муваффақи дигаре пайдо мешавад, аммо бояд донист ки ин васвасае беш нест. Касе ки натавонад бо ҳамсари худ бисозад, дар издивоҷи ҷадид низ ҳамин гирифториро хоҳад дошт.

  • Қурби илоҳӣ

Асари дигари таҳаммули озору бадахлоқиҳои ҳамсар, такомули руҳӣ ва маънавии инсон аст. Сабр дар муқобили азияти ҳамсар, муҷиби тақвияти сифоти олии ахлоқии чун сабру хештандорӣ ва низ муҷиби подоши ухравӣ ва қурби илоҳӣ мешавад. Пайғамбар(с) фармуд:

«Ҳар кас бар бадахлоқии занаш сабр кунад, Худованд аҷру сабри Аюбро ба ӯ ато мекунад ва ҳар кас бар бадахлоқии шавҳараш сабр кунад, Худованд подоши Осия ҳамсари фиръавнро ба ӯ медиҳад»[13]

[1] . Васоил, ҷ.14, саҳ.115.

[2] . Шарҳи Ғурарул ҳикам, ҷ.5, 374.

[3]. Шарҳи Ғурарул ҳикам, ҷ.2, саҳ.290.

[4] . Шарҳи Ғурарул ҳикам, ҷ2, саҳ.565.

[5]. ҳамон, ҷ.5, саҳ.334.

[6]. Васоил, ҷ.14, саҳ.17.

[7] . Баҳоруланвор, ҷ.104, саҳ.132.

[8] . ҳамон.

[9] . ҳамон, ҷ.43, саҳ.50.

[10].Сураи Нисо, ояти19.

[11]. Кофӣ, ҷ2, саҳ.71.

[12] . Баҳоруланвор, ҷ.71, саҳ.83.

[13] . Маҳаҷҷатул байзо, ҷ3, саҳ.97.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.