Роҳкорҳои рафъи мушкилоти иқтисоди хонавода

62

Барои ҳалли мушкилоти иқтисодии хонавода, чӣ корҳоеро бояд анҷом диҳем?

Мушкилоти иқтисодӣ ва таносуб надоштани дахлу харҷ, аз роиҷтарин баҳсҳои зану шавҳарон дар хонаводаҳост, ки метавонад бунёди хонаводаро суст кунад, аммо роҳкорҳое вуҷуд дорад, ки шумо метавонед бо онҳо ба ҷанги мушкилоти иқтисодӣ биравед ва пирӯз шавед.

Барои ҳалли мушкилоти иқтисодии хонавода, чӣ корҳоеро бояд анҷом диҳем?

Иқтисоди хонавода масъалае нест, ки фақат марбут ба хонаводаҳои пурдаромад бошад балки барои қишрҳои камдаромад низ корбурд дорад. Афзоиши даромади боло, мӯҷиби боло рафтани ҳазинаҳо низ мешавад ва мудирияти ҳазинаҳо метавонад ҳунари гардонандагони иқтисоди хонаводаро намоён созад. Шеваи мудирияти иқтисодии хоавндаҳо, имрӯза бахши муҳимме аз ҳувияти ононро ташкил медиҳад ва равнақу шукуфоии иқтисодӣ, рушду тараққии хонаводаро дар пай хоҳад дошт.

Барномарезӣ кунед

Барномарезии иқтисодии хонавода дар шукуфоии он нақши асосӣ дорад. Хонавода бидуни барнома мисли созмонест, ки ба ҳоли худ раҳо шудааст, чаро ки барномарезии иқтисодии хонавода, аҳдофи кӯтоҳмуддат, миёнмуддат ва дарозмуддати иқтисоди хонаводаҳоро мушаххас мекунад.

Аҳдофи ташкилдиҳандагони хонавода муҳаққа намешавад, магар он ки мудири хонавода барои расидан ба аҳдофи мавриди назарашон бо шинохти кофӣ аз имконот ва манобеи дар ихтиёр, барномарезӣ дошта бошанд. Нахуст бояд чорчӯби аҳдофи куллии хонавода таъин шавад, он гоҳ кулли барнома бо барномаҳо ва ҳадафҳои кучактар барои расидан ба ҳадафи аслӣ тақсим шавад. Дар ин масир, аҳдоф бояд қобилияти таҳаққуқ дошта бошанд ва аз хаёлпардозӣ дар таъини онҳо дурӣ шавад.

Интихоби тавзеи муносиб

Ҳамаи аъзои хонавода мехоҳанд беҳтаринҳоро дар интихоби маҳалли зиндагӣ, хӯрду хӯрок, пӯшок ва ғайра дошта бошанд, аммо дарсади каме аз хонаводаҳое ҳастанд, ки метавонанд ин ниёзҳоро бартараф созанд ва агар даромади хонаводаҳо маҳдуд бошад. Танҳо метавонад бахше аз ин ниёзҳоро бартараф созад.

Хонавода бояд феҳрасте аз хостаҳои худро таҳия кунанд ва даромади хонаводаро бо ин ниёзҳо татбиқ диҳанд ва интихобҳоро тавре баррасӣ кунанд, ки ба беҳтарин интихоб даст ёбад. Ҳамчунин мудири хонавода бояд ба чигунагии тавзеи манобеъ байни аъзои худ диққат кунад, зеро агар ин тавзеъ ноодилона бошад ва яке аз аъзои хонавода қисмати бештаре аз даромади хонаводаро ба худ ихтисос диҳад, саҳми камтаре барои дигарӣ мемонад.

Пасандоз кунед

Яке аз роҳкорҳое, ки метавонад мушкилоти иқтисодии хонаводаро ҳал намояд, доштани пасандоз аст. Бидуни пасандоз, ҳеч хонаводае нахоҳад тавонист ба комёбӣ бирасад. Пасандоз масъалаи мушорикатӣ аст ва танҳо бофаъолияти сарпарасти хонавода ҳолсил намешавад, балки ҳамаи аъзои хонавода дар он саҳиманд. Пасандоз кардан мӯҷиби таъдили ҳазинаҳо, тазмини оянда мешавад ва такягоҳи хонавода аст.

Идома дорад…

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.