Чӣ гуна ба иқтисоди хонавода кӯмак кунем?

78

Роҳкорҳои рафъи мушкилоти иқтисоди хонавода (идомаи матлаб)

Пас аз он ки дар ин мабҳас, масоили муҳимме ҳамчун барномарезӣ дар мудирияти иқтисоди хонавода, тавзеи муносиби манобеи иқтисодӣ байни афроди хонавода ва баҳси пасандозро матраҳ кардем, мерасем ба масоили ҳамкории байни аъзои хонавода дар мудирияти иқтисодӣ, нақши занон, мушовираи иқтисодӣ ва сарфаҷӯӣ ва дуруст харҷ кардани манобеи молии хонавода.

Руҳияи ҳамкорӣ байни аъзои хонавода

Дар ҳалли мушкилоти иқтисодии хонавдаҳо набояд танҳо падару модар масъул бошанд, балки бояд тамоми аъзои хонавода аз ҷумла фарзандон дар ҳалли мушкилот кӯмак намоянд. Тақвияти саломати иқтисоди хонавода дар гарави таомули муносиб байни аъзои хонавода ва ҳамчунин авлавиятбандии ниёзҳои иқтисодӣ аст.

Занон ва мудирияти иқтисоди хонавода

Занон нақши вижае дар мудирият ва барномарезӣ ва мудирияти иқтисоди хонавода доранд. Дар қадим занон дар барномарезии иқтисодии хонаводаҳо ва улгуҳои масрафӣ ва қаноатпешагӣ нақши пурранге ифо меккарданд. Аммо имрӯза масраф василае барои худнамоӣ кардан шудааст, ки бо он афрод шахсияти худро ба дигарон нишон медиҳанд, аммо дар қадим масраф сирфан як рафтори иқтисодӣ буд, ки афроди пурдаромад ба иллати беҳтар будани вазъияти молӣ аз колоҳои бештаре ҳам истифода мекарданд.

Зан дар хонавода ба унвони модар, нақши асосӣ дар ислоҳи улгуи масрафии хонавода дорад. Агар дар хонаводае модар натавонад масраф ва истифода аз колоҳои масрафӣ мудирият кунад, иқтисоди хонавода дучори мушкил мешавад. Дар ҷомеаи имрӯза зан нақши асосӣ дар гароиш доштан ё гароиш надоштани афроди хонавода ба масрафгароӣ дорад, аммо дар қадим нақши занон дар қаноат бисёр чашмгир буд.

Мушовираи иқтисодӣ

Бархе аз хонаводаҳо худашон ба танҳоӣ наметавонанд аз паси ҳалли мушкилоти иқтисодӣ бароянд ва дар мудирияти иқтисодӣ тавоноии лозимро надоранд. Ин даста аз хонаводаҳо метавонанд дар ҳалли мушкилоташон аз дӯстон ва ошноён, ақвом, аъзои хонавода, ҳамкорон ва ғайра роҳнамоӣ гиранд.

Дар ҳадди даромадатон харҷ кунед

Бархе аз афрод бо даромади поин ба хотири ин ки як мавқеияти козиби иҷтимоӣ эҷод намоянд, қарзҳои ғайризарурӣ мегиранд ва зери бори қарзҳои калон мераванд то битавонанд дар манотиқи болонишини шаҳр сукунат кунанд, хонаҳои чандошёни бисозанд ва ё мошинҳои гаронқимат савор мешаванд. Ин афрод дар муқобил наметавонанд ниёзҳои заруриашон, монанди хӯрду хӯроки муносиб, омӯзиш, тафреҳ, сайру саёҳат ва ғайраро дошта бошанд.

Бинобар ин бояд дар ҳадди даромадамон харҷ кунем, яъне хона, мошин ва сатҳи зингдагиамон муносиб бо даромадамон бошад ва танҳо як сеюм аз даромадамонро ба иҷораи хона (агар қудрати хариди хонавро надорем ва иҷорашин ҳастем) ихтисос диҳем ва ҳудуди як даҳӯми онро сарфи хароҷоти мошин ва бензин кунем ва бақияи даромади худро сарфи махориҷи рӯзона созем.

Идома дорад…

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.