Чаро занон дар баробари корона муқовимтаранд?

Донишмандони амрикоӣ бо мутолиоте, ба далелҳои камтар будани шиддати корона дар занон нисбат ба мардон пай бурданд.

94

Муҳаққиқони амрикоӣ дарёфтанд ҳормуни ҷинсии занон ( астроген) мумкин аст шиддати ибтило ба КОВИД-19 дар занонро коҳиш диҳад ва ин яке аз далелҳои чароии дар хатар будани бештари мардон нисбат ба занон аст.

Ҳормуни астроген яке аз муҳимтарин ҳормунҳои ҷинсии занон аст ва дар тавлиди мисл ва рушд нақши асосӣ дорад.

Лия Грубон аз маркази саломати Амрико гуфт: Мо медонем, ки вируси корона бар қалб ва амалкарди он асар мегузорад ва ҳамчунин астроген ҳормуне аст, ки аз қалб ва бемории қалбӣ дар занон ҳифозат мекунад ва ин мавзӯъ метавонад фарзияе барои коҳиши шиддати корона дар занон бошад.

ACE-II, ки ба таври табиӣ дар ҳуҷайраҳои қалб, шарёнҳо, куллияҳо ва рӯдаҳо вуҷуд дорад, ҳамон омили нуфузи вируси корона ба бадан аст ва вирус метавонад аз ин тариқ, боиси уфунати бадан шавад.

Дар баррасии донишмандони амрикоӣ мушаххас шуд, ки ҳормуни астроген мизони анзими ACE-II дар қалбро коҳиш медиҳад.

Аз дигар далелҳои маргу мири бештари мардон ба далели корона метавонад тафовутҳои сабки зиндагии онон бо занон ва эминии зотии онҳо бошад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.