Ҳадду марзи садоқат бо ҳамсар

81

Садоқат дар зиндагии муштарак – идомаи матлаб

Садоқати холисона бо ҳамсар бисёр арзишманд аст, аммо вақте ҷанбаи ифрот ва садоқати маҳз ба худ мегирад, кам-кам шабеҳи як содалавҳии пурдарди сар мешавад, ки мумкин аст мушкилоти зиёде бароятон ба вуҷуд оварад. Беҳтар аст, бархе ҳақиқатҳоро барои худатон нигаҳ доред.

1 – Агар касе дар мавриди мавзӯоти ҷузъӣ, монанди чеҳрааш ё шакли зоҳирии хонааш аз шумо назар хост, лозим нест, агар мутобиқи салиқаи шумо набуд, ҳатман содиқ бошед, мумкин аст, ин садоқати шумо боиси ранҷиши он шахс бишавад. Албатта дар ин гуна маворид, дурӯғ ҳам наметавонед, бигӯед, фақат ҳамаи ҳамаи ҳақиқатро бар забон ҷорӣ насозед, кофист.

2 – Садоқат дар мавриди нороҳатиҳои шумо аз хонаводаи ҳамсар, ки бидуни мулоҳиза бо ҳамсаратон дар миён мегузоред, аслан лузуме надорад.

3 – Агар касе пушти сари ҳамсари шумо бадгӯӣ кард, дуруст нест дақиқан ҳамон ҳарфҳоро барои ҳамсаратон бозгӯ кунед. Балки агар мавзӯъ хеле боаҳамият буд ва масъалаи иштибоҳоти ҳамсаратон дар миён буд, саъй кунед, ки ба нармтарин ҳолати мумкин, тавре ки ҳамсаратон заррае мутаваҷҷеҳи бадгӯии дигарӣ аз худаш нашавад, моҷроро бо ӯ дар миён гузоред.

4 – Ин ки чӣ теъдоди зиёде хостгор доштаед, мавзӯе нест, ки бихоҳед бо номзадатон дар миён гузоред ва садоқати комил дошта бошед. Ин кор боиси беэътимодӣ, сархурдагӣ, таҳқир ва эҳсоси ноамнӣ мешавад. Гуфтани ҳар музоҳимате ва пешниҳоде танҳо як шак ва бадгумонии ҳамсаратонро бештар мекунад. Танҳо дар мавқее, ки мавзӯ ҷиддӣ буд, бояд ба ҳамсаратон иттилоъ диҳед.

Идома дорад…

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.