Дурӣ ҷустан аз ҳасад ва бадхоҳӣ

65

Расули Акрам(с) фармудаанд: “Аз ҳасад дурӣ кунед, зеро ин ки ин сифат, некиҳо ва ҳасаноти шуморо нобуд месозад, монанди оташ, ки ҳезумро хокистар мекунад”.

Дар Муснади Аҳмад ибни Ҳанбал, аз Анас(р) чунин нақл шудааст, ки мегӯяд: Бо Паёмбари Худо(с) нишаста будем, ки фармуд: Инак марде аз аҳли биҳишт бар шумо намоён мешавад.

Пас, марде аз ансор намоён шуд, дар ҳоле ки оби вузӯъ аз ришаш мечакид ва кафшҳояш дар дасти чапаш овезон буд.

Фардои он рӯз низ Паёмбар (с) ҳаминро фармуд ва дубора ҳамон мард бо ҳамон вазъ ворид шуд. Рӯзи севвум боз Паёмбар (с) ҳаминро фармуд ва бори дигар ҳамон мард бо ҳамон ҳолат ворид шуд.

Вақте Паёмбар (с) бархост, Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ос ба дунболи он мард рафту гуфт: Ман бо падарам даъво кардааму савганд хӯрдаам, ки се рӯз назди ӯ наравам. Агар мумкин аст маро назди худ паноҳ деҳ, то ин се рӯз бигузарад.

Мард гуфт: Бошад…

Абдуллоҳ мегуфт, ки он се шабро назди он мард ба сар бурдааст, аммо надидааст, ки дар ин муддат шабе барои ибодат бархезад, балки танҳо коре, ки аз ӯ дидааст ин будааст, ки вақте бедор мешуду дар бистараш меғалтид, Худои азза ва ҷалларо ёд мекарду такбир мегуфт, то он ки барои намози субҳ бармехост. Абдуллоҳ гуфт: Албатта аз забони ӯ ҷуз сухани хайр нашунидам.

Абдуллоҳ гуфт: Вақте се шаб гузашту тақрибан амали дархӯри таваҷҷӯҳе аз ӯ надидам, гуфтам: Эй бандаи Худо! Миёни ману падарам на ҳеҷ гуна даъвою нороҳатие буду на қаҳре вуҷуд дошт, балки аз Паёмбари Худо (с) шунидам, ки се бор дар бораи ту фармуд: «Инак, марди биҳиштие бар шумо намоён мешавад» ва ҳар се бор ту пайдо шудӣ, хостам назди ту бошам, то бибинам, ки чӣ амале анҷом медиҳӣ, то дар он ба ту иқтидо кунам, вале надидам амали ибодии зиёде анҷом диҳӣ. Ба ман бигӯ, ки чӣ чизе туро ба мақоме расондааст, ки Паёмбари Худо (с) фармуд?

Мард гуфт: Чизе нест, ҷуз ҳамон ки дидӣ.

Абдуллоҳ гуфт: Вақте аз назди ӯ рафтам, маро садо заду гуфт: Чизе набуд, ҷуз ҳамон чӣ дидӣ, вале ман дар дилам ҳеҷ гуна бадхоҳӣ нисбат ба ҳеҷ мусулмоне нест ва низ ба ҳеҷ кас дар бораи неъмате, ки Худованд ба ӯ додааст, ҳасодат намеварзам.

Абдуллоҳ гуфт: Ҳамин, туро ба он мартаба расондааст! Ин чизест, ки мо аз ӯҳдааш барнамеоем.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.