Нигарониҳои даврони булуғ дар навҷавон

95

“Таълиму тарбият дар давраи навҷавонӣ” – идомаи матлаб

Бо таваҷҷӯҳ ба тағйироти ҳосил аз тарашшуҳоти ҳормонҳо ва тағйири андомҳои ҷисмонӣ, навҷавонон нисбат ба он эҳсоси нигаронӣ ва изтироб хоҳанд дошт ва духтарон бештар аз писарон ҳассосият дошта ва нигаронии онон зиёдтар хоҳад буд. Муҳимтарин нигарониҳо дар давраи булуғ, аз мавориди зер иборатанд:

1 – Нигаронӣ нисбат ба вазъи ҷинсӣ

Писарон ва духтарон дар ин син нисбат ба масоили булуғ изтиробу дилвопасӣ дошта ва аз таъхир дар зоҳир шудани нишонаҳои булуғ эҳсоси худкамбинию ҳақорат хоҳад дошт ва ҳатто баъзе мавоқеъ баръакс мумкин аст ба далелҳо (-и женетикӣ, хӯрду хӯрок, вазъи ҷуғрофиёӣ ва обу ҳавоӣ, варзиш, масоили иҷтимоӣ ва ғайра) булуғ зудрас бошад, ки ин ҳам ба навбати худ, метавонад боиси нигарониҳое гардад.

2 – Нигаронӣ дар робита бо қад

Афзоиши қади духтарон аз 10,5 солагӣ шурӯъ мешавад ва дар 12 солагӣ сареътар мешавад. Дар писарон маъмулан қад байни 12 то 13 солагӣ шурӯъ ба баланд шудан карда ва баъд кунд мегардад ва дар 21 солагӣ мутафақйқиф мешавад. Афзоиш дар заминаи рушди қад, махсуқсан дар духтарони навҷавон боиси нигаронии онон мегардад ва эҳсос менамоянд, ки ҷаззобияти худро аз даст хоҳанд дод ва писарон низ нисбат ба ин масъала ҳассос буда ва шояд эҳсос намоянд, беш аз андоза қад кашидаанд.

3 – Нигаронӣ нисбат ба вазн

Вазни духтарон ба таври мутавассит аз таваллуд то ҳафтсолагӣ камтар аз писарон ва аз 10 то 15 солагӣ аз писарон вазнинтар мешаванд, вале баъдан вазни писарон бештар мешавад. Дар вазни писарон мушакҳо ва дар духтарон чарбиҳо нақш доранд.

Табиист, ки дар ҳангоми булуғ, вазн афзоиш меёбад, вале навҷавонон дар ин син, ки огоҳиҳои лозимро надошта аз афзоиши вазни худ нороҳатӣ менамоянд, махсусан ҳангоме ки навҷавон ба хотири фарбеҳ будан, мавриди тамахури атрофиён қарор гирад, ки дар инг сурат мумкин аст нороҳату афсурда шавад ва ба дунболи роҳкорҳое ҷиҳати коҳиши вазн бошад. Ин нигаронӣ агар афзоиш ёбад, чӣ басо дар паи интихоби роҳҳои номуносиб барои коҳиши вазн аз тарафи навҷавон, боиси мушкилоти ҷисмонӣ ва равонӣ гардад.

4 – Нигаронӣ дар иртибот бо одӣ будан

Дар паи тағйироти ҷисмонӣ ва равонӣ, баъзе вақтҳо, навҷавонон нисбат ба одӣ ва ғайриодӣ будани худ, эҳсоси нигаронӣ мекунанд ва доим аз дигарон суол мекунанд, ки ман чӣ гуна ҳастам ва аз ин тариқ мехоҳанд тарзи тафаккури дигарон нисбат ба худро бисанҷанд. Табиист, ки посухи атрофиён нисбат ба ин суол дар рафтор ва кирдори навҷавон асаргузор хоҳад буд.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.