Зиндагии шод

134

Бахши дуввум

Чӣ гуна зиндагии шод дошта бошем?

Одатҳои баде, ки шодиро аз мо мегирад

***

Мунтазири оянда будан

Яке аз содатарин равишҳое, ки шодмониро аз шумо мегирад, гуфтани ин ҷумла аст, ки: “Ман шод хоҳам буд, агар…” Муҳим нест, ки мо ин ҷумларо чӣ тавр комил мекунем. Масалан, агар даромади бештаре дошта бошам, агар робитаи ҷадиде дошта бошам ва ғайра…

Муҳим ин аст, ки таъкид дошан бар рӯи шароити зиндагӣ ва беҳбуди вазъияти иқтисодӣ ва моддӣ сабаби шодмонии шумо нахоҳад шуд. Замони худро сарфи интизор кашидани чизҳое накунед, ки ҳеч таъсире бар ҳоли руҳии шумо надорад. Дар иваз, таваҷҷӯҳи худро бар шод будан дар замони ҳол бибаред, ҳеч замонате барои фаро расидани оянда нест.

***

Мубориза бо тағир

Тағир бахши ногузири зиндагист, аммо онҳое, ки бо он мубориза мекунанд, дар ҳақиқат мехоҳанд, ҳама чизро таҳти назорати худ нигаҳ доранд. Мушкил онҷост, ки ҷангшидан бо тағир дар ҳақиқат контроли шуморо бар шароит маҳдуд мекунад, зеро байни шумо ва фаъолиятҳое, ки барои беҳбуди шароитатон ниёз доред, монеъ эҷод мекунад.

Беҳтараст худро омодаи тағир кунед. Ин лузуман ба он меъно нест, ки монанди бозӣ, ҳаракати баъдиро пешбинӣ кунед, балки ба вҷоқиби тағир биангдешед то ҳангоми рӯбарӯӣ бо он мавзеъгирӣ накунед.

Марҳалаи аввали пазириш ин нукта аст, ки ҳатто мавқеиятҳои собити зиндагӣ низ комилан таҳти контроли шумо нестанд. Одамҳо тағир мекунанд, касбу корҳо поину боло дорад ва ҳама чиз барои ҳамеш яксону собит нест. агар тағиротро пешбинӣ кунед ва бидонед, чӣ тағироте метавонад барои шумо рух диҳад, дигар бо эҳсосоте чун шок шудан, шигифтзада шудан, тарсу ноумедӣ дар замони вуқӯи тағирот рӯбарӯ нахоҳед шуд. Гарчӣ мумкин аст, бо ин гуна эҳсосот низ даргир шавед, аммо қабул кардани ин ки тағирот бахши иҷтинобнопазир ва бахши ногузири зиндагии шумост, шуморо қодир месозад то оқилона ва мантиқӣ фикр кунед, дар натиҷа гирифтори шароити нохоста, ғайри қобили пешбинӣ ва номатлуб намешавед.

Идома дорад…

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.